ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ЗИЁИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ЗИЁРАТИ МАҚБАРАИ ҚАҲРАМОНОН БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД
![]()
Субҳи содиқи имрӯз як гурӯҳ равшанфикрон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба зиёрати хокҷои бузургони миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба шаҳри Душанбе омаданд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раҷаб Аҳмадзода иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар сутуда, аз ҷумла гуфт: “Ба Ватан овардани мушти хок аз оромгоҳи фарзонафарзандони миллат бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ ва эҳтироми хос, дар асл, бузургдошти руҳи фидоиёни роҳи озодии Ватан, эҳтиром ба хидматҳои мондагори онҳо мебошад. Гузашта аз ин, пайкори ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат ба рағми бегонашавию гумномӣ буда, ба ҳамаи мо ёдрас мешавад, ки фарзонагони ин халқи наҷибзода ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд”.
Воқеан ҳам, посдории ҳувият, таърих ва арзишҳои дерина, ки миллати мо бар пояи онҳо шакл гирифтааст, асолати сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мост.
Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, андешаҳояшро чунин иброз намуд: “Қаҳрамонҳои миллати мо дар майдони набард, дар арсаи илму фарҳанг, дар масири сиёсат дифоъ аз марзу буми Меҳан ва аз таъриху фарҳанги миллат кардаанд, чароғи роҳи ояндагонро афрӯхтаанд. Ростӣ, ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба гиромидошти бузургони гузашта бесобиқа ва беназир медонам. Ҳоло руҳи ҷавонмаргони роҳи худсолорӣ дар фазои Ватани хеш пар-пар мезанад ва мардум, бахусус хешону меросбарони Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад низ, аз ин амали савоб басе шоданд".
Аҳмадҷон Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, баъди зиёрати хокҷои абармардони миллат дар мазори Лучоб гуфт: “Бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо пояҳои давлатдории навини тоҷикон устувор гардид, балки руҳи таърихии миллат низ аз нав бедор шуд. Номҳои фаромӯшшуда эҳё гардиданд, чеҳраҳои таърихӣ ба ҷойгоҳи шоистаи худ баргаштанд, оромгоҳҳо обод гаштанд, мероси ниёгон гиромӣ дошта шуд ва худшиносии миллӣ ба меҳвари асосии сиёсати давлат табдил ёфт. Пеши хоки бузургон сар фуруд овардани Пешвои миллат рамзи эҳтироми амиқ ва шукӯҳи сарварии ин марди хирад аст. Ҳамчун эҷодкор чунин дарёфтам, ки падаре гӯё писари дар хоку хун афтодаашро аз нав бардошт, маъвояшро дар баландиҳо ҷо дод”.
Толиб Карими Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон, низ пас аз гардиш дар майдони мазори Лучоб андешаҳояшро чунин баён намуд: “Бо як мушт хок якбора се фарзонамард зинда шуд. Бори дигар дидем, ки хокро ба баландиҳо номи баланд мебардорад, хокро барои мо азиз мегардонад. Басе шоду сипосгузорем, ки Сарвари давлат бо ин амали неку наҷиб ифтихору худшиносии моро даҳчанд афзуданд. Насли нав диду шоҳид шуд, ки ному нишони ба Ватан хидматкардагон ҳаргиз аз ёдҳо зудуда намешаванд”.
Воқеан, ҷойи таъкид аст, ки маҳз дар замони истиқлол ному нишони даҳҳо бузургони мо, ки дар роҳи худсозиву давлатдорӣ фидо шуд, гирифтори буҳтону дасисаҳо гардида буданд, аз нав зинда ва ба ҷомеаи тоҷик муаррифӣ гардиданд. Бавижа, ба Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур дар соли 2006 унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуда, аксҳои ҳардуяшон дар пули миллӣ инъикос ёфтанд. Пайкара ва нимпайкараҳояшон дар гӯшаву канори гуногуни кишвар қомат афрохта, кӯчаву хиёбонҳо номи некашонро гирифтанд.
Дар охир муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ қадами ҷиддӣ ва дурандешона буда, на танҳо дар дохил, балки хориҷ аз кишвар – дар ҷаҳони форсизабонон ҳам, истиқболи гарм ёфтааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
