БА «ҶУМҲУРИЯТ» ЭҲТИРОМ ҚОИЛАМ Ё АНҶОМИ БАҲСИ 19-СОЛАИ СУДӢ БО ПИРӮЗИИ АДОЛАТ
Соли 2002, вақте падарам Музаффар Наврӯзов аз олам даргузашт, манзили истиқоматиамон ба модарам Фирӯза Иброҳимова ба мерос монд, вале соли 2007 хоҳари ӯгайи падарам Ойқиз Юсупова ғайриқонунӣ ба ин манзил даъвои соҳибмулкӣ карда, бародарону хоҳаронаш ман, модар ва хоҳарамро ба хонаи падариам роҳ надоданд. Соли 2007 модарам ба суди ноҳияи Рӯдакӣ барои аз хонаи мо баровардани О. Юсупова бо ариза муроҷиат кард. Ойқиз адвокат гирифт, ки айни ҳол барои қаллобиҳояш дар зиндон аст ва ному насабаш ҳам барои аксар ошност: Бузургмеҳр Ёров! Ӯ ба модарам таҳдид карда гуфтааст: «Аз хона даст каш, вагарна ҳолат бад мешавад». Суд ҳалли даъвои моро кашол медод ва оқибат модарам дар соли 2019 аз дунё чашм пӯшид.
Соли 2021 ҳудуди Чимтеппа ба ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамроҳ шуд. Соли 2024 ман ба суд барои аз хонаи падариам баровардани О. Юсупова муроҷиат кардам. Ӯ низ зидди ман ариза дод.
Баҳси судӣ то моҳи апрели соли 2026 идома кард. Судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ Гулрухсор Нуриддин ва ёрдамчии калони прокурори ноҳия Зафар Забирзода қазияро дақиқу мӯшикофона баррасӣ карданд. Онҳо ба деҳае, ки хонаи падариам воқеъ буд, омада ҳамаи ҳолатҳоро санҷиданд ва бо гузашти 19 сол аз ин баҳс, адолатро барқарор карданд.
Ман ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» эҳтиром қоилам, зеро ба қазияи мо таваҷҷуҳ зоҳир сохт, дастгирии маънавӣ кард. Аҳли қалами нашрия мегуфтанд, ки ҳақ бошед, ҳатман ба мақсад мерасед, зеро дар кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон адолат ҳамеша ғалаба мекунад.
Ҳоло аз ин минбари баланд ба судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ Гулрухсор Нуриддин ва ёрдамчии калони прокурор Зафар Забирзода арзи сипос мекунам, ки қазияи 19-соларо дар сатҳи касбӣ ва бо риояи принсипи адолат ҳал карданд.
Суҳроб НАВРӮЗОВ, сокини шаҳри Душанбе
