ПАЁМ. БАРНОМАИ АМАЛ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

08 июн 2026, Душанбе
3


Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат ба масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ омили асосии пешрафти Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир мебошад.
Ин Паём ҳамчун санади муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро барои солҳои минбаъда муайян намуда, роҳнамо ва дастури амал барои тамоми сохторҳои давлатӣ ва қишрҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Аз самтҳои калидии Паём рушди иқтисоди миллӣ ба шумор мерафт. Пешвои миллат зарурати суръат бахшидан ба саноатикунонии кишвар, дастгирии соҳибкории ватанӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табииро таъкид намуданд. Ҳамзамон, рушди соҳаи энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, омили муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисод арзёбӣ гардид.
Дар Паём ба соҳаи иҷтимоӣ низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Пешвои миллат афзоиши маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманд ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа муайян карданд.
Масъалаи маориф ва илм низ дар Паём мавқеи хос дошт. Таъкид шуд, ки рушди маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Баланд бардоштани сифати таълим, дастгирии омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва тарбияи насли соҳибмаърифат аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими давлат ба шумор меравад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишора намуда, таъкид карданд, ки кишвари мо минбаъд низ сиёсати «дарҳои кушода»-ро идома дода, ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ густариш медиҳад.
Хуллас, Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати сарнавиштсоз буда, барои таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Амалӣ намудани ҳадафҳои дар Паём гузошташуда масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар буда, бо заҳмати якҷоя мо метавонем Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафтатар созем.


Балаҷон ИДРИСЗОДА, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 08.06.2026 №: 110