АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИНАИ ЭҲТИРОМ БА ГУЗАШТА ВА ИЛҲОМБАХШИ ОЯНДАИ ТИБ АСТ

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» аз 23-юми майи соли 2026 ва таъсис додани Ҷоиза ва Фонди байналмилалии Абуалӣ ибни Сино намунаи олии арҷгузорӣ ба саҳми ин фарзанди бузурги миллати тоҷик дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ин ташаббуси навбатӣ дар соҳаи тиб, ки идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ мегардад, ҳамовозии васеи шаҳрвандони кишварро ба миён овард. Инак, андешаи чанд нафарро ин ҷо пешкаши хонандагон менамоем, ки гувоҳи гуфтаҳои болоанд.
Беҳрӯз ОДИНАЕВ, муовини директор оид ба комиссияи машваратию табибии Муассисаи давлатии
«Маркази саломатии шаҳрии №2»-и шаҳри Душанбе:
– Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷиб барои рушди илми тиб, ҳавасмандгардонии олимону табибон ва муаррифии мероси гаронбаҳои Абуалӣ ибни Сино аҳамияти бузург дорад.
Абуалӣ ибни Сино ҳамчун нобиғаи ҷаҳонӣ дар таърихи илм ва тиб мақоми хосса дошта, осори илмии ӯ на танҳо барои замони худ, балки барои наслҳои минбаъда низ манбаи дониш ва таҷриба гардид. Ин фарзонафарзанди халқи тоҷик дар тули умри кӯтоҳ ва пурҳаводиси замони худ, бо вуҷуди мушкилӣ ва саргардониҳои зиёд тавонистааст ба инсоният осори гаронбаҳое ба ёдгор гузорад. Осори боқимондаи Абуалӣ ибни Сино бештар аз 250 асарро фаро мегирад. Ӯ дар осораш низоми мукаммали маърифати ҷаҳоншиносиро ба вуҷуд овард, ки моҳиятан ҷамъбасти ҳамаи соҳаҳои илми он замона – фалсафа, табииёт, риёзиёт, тиб, мантиқ ва илоҳиёт мебошад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қадамҳои қавӣ мегузорад, таваҷҷуҳ ба мероси илмии Ибни Сино ва гиромидошти номи ӯ аҳамияти махсус касб менамояд. Ҷоизаи байналмилалии ба номи ин донишманди бузург таъсисёфта метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ, дастгирии тадқиқоти нав ва рушди соҳаи тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Нигина АНВАРӢ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Бо ифтихори беандоза ва эътирофи амиқ зикр менамоям, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб як падидаи беназир ва дорои аҳамияти бузурги стратегӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мебошад. Ин иқдоми наҷиб на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон, балки як қадами устувор ва дурандешона ба сӯйи ташаккули ояндаи дурахшони илми тиб дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ин ташаббуси таърихӣ, ки дар заминаи сиёсати умумии давлат барои барқарорсозии адолати таърихӣ ва эҳёи хотираи миллӣ амалӣ мегардад, ҷавҳари хоси худро пайдо мекунад. Мавриди зикр аст, ки чанде пеш бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки рамзии қаҳрамонони Тоҷикистон аз маҳали дафни онҳо ба Ватан оварда шуд. Ин маросими бошукӯҳро, ки дар он Роҳбари давлат шахсан иштирок намуданд, як ишораи муҳим ба сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи хотираи миллӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷаста зикр намудан мумкин аст. Маҳз дар идомаи ин сиёсати хирадмандона таъсиси Ҷоизаи мазкур бори дигар исбот менамояд, ки Тоҷикистон дар самти арҷгузорӣ ба гузаштаи пуршарафи худ ва қадрдонии фарзандони бузурги он содиқ аст ва мероси онҳоро барои наслҳои оянда ҳифз мекунад. Таъсиси ин Ҷоизаи оламшумул як қадами бузурги стратегӣ ва дипломатист, ки се ҳадафи олиро ба ҳам мепайвандад:
1. Таҳкими ҳувияти миллӣ. Тоҷикистон бо ин иқдом мақоми таърихии Абуалӣ ибни Синоро ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо шукӯҳи нав баланд ва муаррифӣ мекунад.
2. Дипломатияи нави илмӣ. Кишвари мо ба як маркази ҷаҳонии ҳавасмандии илм ва тандурустӣ табдил ёфта, робитаҳои олимони тоҷикро бо ҷомеаи илмии ҷаҳон ба авҷи аъло мерасонад.
3. Илҳомбахши тибби ҷаҳонӣ. Ин Ҷоизаи бонуфуз олимони сайёраро барои кашфиёти бузурги наҷотбахш ва хидмат ба башарият ба ваҷд меорад ва рақобати солимро тақвият мебахшад.
Ин иқдомҳои пайдарпайи Роҳбари давлат ҳам дар бахши барқарорсозии адолати таърихӣ нисбат ба қаҳрамонони миллат ва ҳам дар самти ҷаҳонисозии мероси илмии Ибни Сино сазовори баландтарин таҳсин ва дастгирист. Таъсиси Фонди махсуси Ҷоиза ва супоришҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи низомномаҳо гувоҳи он аст, ки ин ташаббус дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ ва молиявӣ буда, дар ояндаи наздик ба яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳои илмӣ дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт, ки бо Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб қобили муқоиса хоҳад буд.
Бахтиёр ҲОШИМЗОДА, доктори илмҳои филология, декани факултети журналистикаи ДМТ:
– Сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то имрӯз тавъам ба сулҳ, ваҳдат ва ҳамгироӣ мебошад. Маъмулан, чунин шаклу усули роҳбарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба “сиёсати нарм” (дипломатияи нарм) табдил ёфта, ҳама сарҳадҳоро убур менамояд ва чеҳраҳои шинохтаро ба оламиён мешиносонад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи онҳост.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб давоми мантиқии сиёсати байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки ҳама ташаббусҳои инсондӯстонаи Роҳбари давлати мо боис гаштаанд, ки тоҷику Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ шиносаду эътироф намояд. Таъсиси ин Ҷоиза чанд аҳамияти муҳим дорад. Дар шароити гуногунрангии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии равандҳои ҷаҳонишавӣ ин иқдом аз ҷониби Пешвои миллат хеле дурбинона аст. Ҷоизаи мазкур як омили муҳими дигар дар самти муаррифии миллати точик аст ва мантиқу мазмуни хосро дар бар мегирад. Он ҳамчун як иқдоми беназир берун аз оҳанги сиёсат аст ва ҷанбаҳои баланди гуманизмро фарогир мебошад. Бо назардошти эпидемияҳову бемориҳои зиёди сироятӣ, дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ мусоидат карда, муҷиби ихтирооту навовариҳои тоза дар соҳаи тиббу табобат мегардад.
Таъкид бояд кард, ки то ин замон низ дунё Синоро мешинохту таҳқиқ мекард, вале акнун марҳалаи наву тоза дар шинохти ин нобиғаи бузург пайдо мешавад. Ҷанбаҳои синошиносии нав рӯйи кор омада, назарияҳои зиёди тибби ниёгон амалӣ мегарданд.
Дар маҷмуъ, Ҷоизаи мазкур худшиносии миллати тоҷикро дар шаклу доираи нав вусъат мебахшад ва дар баланд гардидани эҳсоси ватандӯстӣ саҳифаҳои нави омӯзандаро мекушояд. Ҳамчунин, бо ин иқдом марҳалаи нави муаррифии мактаби илми тибби тоҷик ва саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз ёфта, он ба омили муҳими байналмилалии таҳқиқи осори тиббии Ибни Сино, табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдии тиббӣ ва таҳкими ҳамкории илмӣ табдил хоҳад ёфт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
