НУРОБОД. ШУҲРАТИ ДАРБАНДИ КУҲАН ЭҲЁ МЕШАВАД

08 июн 2026, Душанбе
4

Пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Нуробод, таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Ҳукумати мамлакат дар ин замина барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо гардондани он пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.
Фатҳудин Солеҳзода, раиси ноҳияи Нуробод, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки бо баракати соҳибистиқлолии кишвар бунёди шаҳраки Дарбанд – маркази нави Нурободи куҳан мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифта, дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар он корҳои созандагию бунёдкорӣ уфуқҳои тоза касб мекунанд.
Маркази маъмурии ноҳияи Нуробод аз Ҷамоати деҳоти Комсомолобод ба мавзеи зебову дилорои Дарбанд ҳанӯз соли 2009 кӯчонда шуда, то имрӯз бо мусоидати Ҳукумати кишвар ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат ба як шаҳраки ободу зебо ва дар ҳоли шукуфоӣ қарордошта табдил ёфтааст.
– Дар доираи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи шоистаи ин Ҷашни бузурги миллӣ бунёд ва азнавсозии 257 иншоот ба нақша гирифта шудааст, – гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки аз ин шумора то имрӯз 206 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 301 ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд ва дар 47 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022, №309 вобаста ба эълон намудани Солҳои рушди саноат (2022 – 2026), дар ноҳия бунёди 10 корхонаи хурди истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди чӯб, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли хишти сабук, лӯлаҳои полиэтиленӣ, мебелбарорӣ, коркарди сангу шағал, мева (шарбатбарорӣ), маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ дар нақша буда, то кунун 8 корхона ба истифода дода шудааст...
Ёдовар мешавем, ки Нуробод таърихи басо қадима дорад. Шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон мавҷудияти онро беш аз 3000 сол медонанд, макони тиҷорату савдо, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт. Дарбанд маънои бандарро дошта, шаҳр дарвозаи байни ду водӣ – Рашт ва Дарвоз будааст. "Роҳи Абрешим" аз ин шаҳр мегузашт ва бешак, сокинонаш бо дигар минтақаҳо равобити қавии тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд.
Хушбахтона, солҳои охир дар бахши сохтмону ободонӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маорифи ноҳия дигаргуниҳои куллию пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд, ки ин ҳама ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими сулҳу субот ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Симои ноҳия, махсусан маркази он, рӯз ба рӯз зеботар мешавад. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ босуръат рушд ёфта, барои мардуми меҳнатқарини ноҳия муҳити созгори созандагию бунёдкорӣ муҳайё гардидааст.
– Бошандагони ноҳия бо сипосгузорӣ аз фазои орому осуда дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ободу зебо гардондани диёри худ дар ҷабҳаи номус ва меҳнати содиқона устуворона гом мегузоранд, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ф. Солеҳзода.


Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.06.2026 №: 110