ИДОРАҲОИ БУКМЕКЕРӢ
![]()
НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ!
Имрӯзҳо дар баробари рушди босуръати технология ва пайдо шудани имкониятҳои нав, тарзи ҳаёту саргармии ҷавонон низ тағйир ёфтааст. Насли ҷавон имрӯз бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайгирии мусобиқаҳои варзишӣ мегузаронад. Аммо дар канори ин раванд, як падидаи дигаре ба мушоҳида мерасад, ки таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст. Сухан дар бораи фаъолияти идораҳои букмекерӣ меравад, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеа табдил ёфтааст.
Ин бозиҳо, ки дар байни ҷавонон бештар бо номи «ставкагузорӣ» маъмуланд, ҳам тавассути сомонаҳои интернетӣ ва ҳам бо ташкили нуқтаҳои махсуси қабул дар кӯчаву хиёбонҳо фаъолият мекунанд. Равоншиносон вобастагии шадид ба ин бозиҳоро бо истилоҳи тиббӣ «лудомания» меноманд.
Бозӣ дар идораҳои букмекерии ширкатҳои хориҷиву дохилӣ аз қабили «1xBet», «Mostbet», «Parimatch», “Formula 55”, «Komyob», «Tennisi» ва амсоли инҳо ҳам тариқи телефон ва ҳам тавассути нуқтаҳои қабул, гӯё ба як бахши ҳаёти ҳамарӯзаи бархе ҷавонон табдил ёфтаанд. Хавфи асосӣ дар он аст, ки ин раванд аксар вақт аз чашми наздикон дур мемонад. Волидон аз ин машғулияти харобиовари фарзандон танҳо пас аз пайдо шудани қарзҳои калон бохабар мешаванд. Ҳарчанд дар кишвар барои рушди насли наврас тамоми шароитҳо муҳайёанд, саргарму вобаста шудани аксарият фардои маънавию молиявии онҳоро зери хатар мегузорад.
Барои дарки амиқи мушкилот, пеш аз ҳама, лозим аст тарзи кори ин сомонаҳоро бифаҳмем. Дар замимаҳои букмекерӣ ҷавонон маблағи худро ба натиҷаи мусобиқаҳое, ба мисли футбол, баскетбол бокс ва монанди инҳо мегузоранд. Низоми кор чунин аст, ки ширкатҳо вобаста ба имконияти ғолибияти ин ё он даста нишондоди махсус «коэффисиент» таъин мекунанд, ки он ҳисси таваккал ва ҳаяҷони пули зиёд ёфтанро боло мебарад. Аммо ҳақиқати талх ва найранги ин қимори рақамӣ дар он аст, ки ҳеҷ гуна роҳи миёна ва ё кафолат мавҷуд нест: агар даста ё варзишгари интихобкардаи бозингар ҳадди ақал як хол кам гирад ва ғолиб наояд, тамоми маблағи дар шарт гузошташуда дар як лаҳза ба боди фано рафта, комилан ба кисаи ширкати букмекерӣ меафтад. Дар канори ин, бозиҳои тезсуръати рақамии гуногун низ пешкаш мешаванд, ки натиҷаашон дар сонияҳо тавассути алгоритмҳои компютерӣ ҳал мешавад ва пул метавонад дар як лаҳза комилан барбод равад. Ин бозиҳо тавассути замимаҳои телефонӣ тарҳрезӣ шудаанд, ки истифодаашон ниҳоят осон аст. Онҳо пулро ба рақамҳои одии рӯйи экран табдил дода, ҳисси арзиши пули воқеиро дар зеҳни ҷавонон гум мекунанд. Маҳз ҳамин содагии техникӣ замина мешавад, ки занҷираи қарздоршавии ҷавонон аз нигоҳи равонӣ ниҳоят маккорона сурат гирад. Ҳама чиз аз як кунҷковӣ, таблиғоти ҷолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бурдҳои хурди аввалия оғоз меёбад, ки сомонаҳо барои ҷалби муштарии нав ба таври сода пешкаш мекунанд. Ин бурди аввал дар зеҳни ҷавони камтаҷриба ҳисси сохтаи «пули осон ёфтан»-ро бедор карда, ӯро ба бозии бештар ҳавасманд месозад ва ба гирдоби беохири бохтҳои пайи ҳам мекашад. Ҷавон ба хотири баргардондани маблағҳои бохтааш боз ҳам бештар шартбандӣ мекунад ва билохира ба гирдоби қарзу вобастагӣ ба ин бозиҳо меафтад.
Аммо қонунгузорӣ дар ин маврид чӣ муқаррар кардааст? Дар робита ба ин савол аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд, ки фаъолияти ширкатҳои букмекерии хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ тибқи қонунгузорӣ ба низом дароварда мешаванд: “Бар асоси боби 2 банди 8 “Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда” барои пешбурди фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото гирифтани иҷозатнома пешбинӣ шудааст, ки он аз ҷониби Вазорати молия дода мешавад”. Аз ин ниҳод дар посухи расмӣ ба мо гуфтанд, ки дар доираи Тартиби татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи фаъолияти букмекерӣ фаъолияти мазкур таҳти назорати доимии Маркази идоракунии пардохтҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қарор дошта, тавассути он маблағи иштирокчиёни бозиҳо ба суратҳисоби субъекти соҳибкории фаъолияти букмекерӣ гузаронда мешавад. Дар ҳамин ҳол, субъектҳои дорандаи иҷозатномаи фаъолияти букмекерӣ ҳамасола барои нигоҳ доштани амали иҷозатномаи худ ба буҷети давлатӣ 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт намуда, дар доираи низоми содакардашудаи андозбандӣ ба андозаи 5000 нишондиҳанда дар як сол андоз месупоранд. Барои сомонаи бизнеси бозӣ ва ҳармоҳа барои ҳар як нуқта, андози мазкур аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо муайян гардида, ба буҷет пардохт карда мешавад.
Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нишон медиҳад, ки ин бозиҳо дар байни ҷавонону донишҷӯён дар баъзе мавридҳо ҳолатҳои ниҳоят нигаронкунандаро ба вуҷуд овардааст. Баъзан вақт онҳо маблағи шартномаи таҳсили худро ба умеди бурдҳои хаёлӣ сарф намуда, ба бунбаст меафтанд. Ҳодисаи нохуши даст ба худкушӣ задани донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хобгоҳ, ки чанде пеш маҳз дар заминаи бохт дар шартбандии варзишӣ (букмекерӣ) сар задааст, ҳушдор барои ҷомеа аст. Ин фоҷиа танҳо як мисоли одӣ набуд, балки андуҳи он ба оилаҳои дигар низ соя меафканад. Намунаи аёни ин мусибат доғи рӯзгори яке аз наздикони инҷониб аст, ки дар пайи вобастагӣ ба ин бозиҳо ва зери бори қарзҳои гарон мондан, аз беилоҷӣ ягона роҳи халосиро дар ин амали нангину ҷонсӯз дида, ба зиндагии худ хотима бахшид. Ҳарчанд аз ин ҳодиса ду сол сипарӣ мешавад, аммо волидони ғамдидаву маъюс то ҳол зери бори гарони пардохти қарзҳои фарзанди худ қарор доранд, ки боиси нигаронист.
Руҳафзо МУРОДОВА,
“Ҷумҳурият”
