САҲМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РАВАНДИ ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ ТАЪРИХӢ

09 июн 2026, Сешанбе
2


Тамаддуни ориёӣ яке аз қадимтарин ва пурғановаттарин тамаддунҳои башарӣ ба шумор меравад. Ин тамаддун дорои таърихи чандинҳазорсола буда, дар ташаккул ва рушди фарҳанг, забон, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавии халқҳои эронинажод нақши бузург гузоштааст. Маҳз ҳамин тамаддун сарчашмаи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати маънавии мардум ба ҳисоб меравад. Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд.
Бо вуҷуди арзишмандии ин мероси бузург, дар баъзе давраҳои таърихӣ омӯзиш ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ориёӣ чандон ҷиддӣ набуд. Танҳо баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ зарурати эҳёи арзишҳои миллӣ ва таърихӣ бештар эҳсос гардид. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ва назаррас мебошад. Президенти кишвар бо сиёсати хирадмандона ва дурбинона барои эҳёи тамаддуни ориёӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Иқдоми навбатие, ки Пешвои миллат дар робита ба бузургдошти фарзонафарзандони миллат карданд, беназир буд. Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат чанде пеш муште аз хоки қаҳрамонҳои Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва маорифпарвар Нисор Муҳаммад аз Москва оварда шуд. Ин иқдом дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон таъсири амиқ хоҳад гузошт. Шаҳрвандони кишвар дарк карданд, ки хизмати содиқона ба Ватану миллат ҳеҷ вақт беподош намемонад. Зимни сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон бошад, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мақбараи бунёдгузори сулолаи Сомониён шоҳ Исмоили Сомонӣ дидан карданд, ки низ ифтихорафзо буд.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, миллате, ки аз таърихи худ огоҳ нест, наметавонад роҳи рушди ояндаи худро бо итминон муайян созад. Аз ҳамин сабаб дар суханрониҳо ва осори илмии худ ба омӯзиши таърихи ориёиҳо ва нақши онҳо дар ташаккули фарҳанги тоҷикон диққати махсус медиҳанд. Чунончи, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Мо бояд аз гузаштаи пурифтихори худ огоҳ бошем ва онро ҳифз намоем». Ҳамчунин, иброз доштаанд: «Тамаддуни ориёӣ асоси таърих ва фарҳанги тоҷикон аст ва мо бояд онро омӯзем, ҳифз кунем ва ба наслҳои оянда расонем».
Ин суханон барои ҳар як шаҳрванди кишвар аҳамияти бузурги маънавӣ доранд, мардумро ба худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун ҳомӣ ва эҳёгари фарҳангу тамаддуни ориёӣ миёни тоҷикону форсизабонони ҷаҳон эътироф гардидаанд. Ин эҳтиром далели он аст, ки сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ба таҳкими нуфузу эътибори Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намудааст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Пешвои миллат эҳёи ҷашну суннатҳои миллӣ мебошад. Хусусан, таваҷҷуҳи махсус ба Ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ориёӣ аҳамияти калон дорад. Наврӯз рамзи эҳё, тозагӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди инсон бо табиат мебошад. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу манзалати хосса таҷлил мегардад.
Ин иқдомҳо имкон доданд, ки ҷаҳониён бо фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон бештар ошно шаванд. Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтани Маркази байналмилалии Наврӯз ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши тамаддуни ориёӣ далели равшани эҳёи арзишҳои таърихии миллат мебошанд. Чунин иқдомҳо на танҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, балки барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон мусоидат мекунанд.
Самти дигари муҳими сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ мебошад. Забон ҳамчун пояи асосии тамаддун ва ҳастии миллат нақши калидӣ дорад. Маҳз тавассути забон таърих, фарҳанг, анъана ва арзишҳои маънавии миллат аз насл ба насл интиқол меёбад. Бо дастгирии давлат мақоми забони тоҷикӣ боз ҳам таҳким ёфта, он ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ эътироф гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат ба кишвари орому амн табдил ёфтааст. Ҷавонон дар чунин фазои мусоид имконият доранд, ки илму дониш омӯзанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд ва дар ободиву пешрафти Ватан саҳм гузоранд. Эълон гардидани соли 2006 – Соли тамаддуни ориёӣ, таҷлили ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, инчунин таҷлили 5500-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор ва дигар санаҳои таърихӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар роҳи эҳёи фарҳангу таърихи миллӣ ба шумор мераванд.
Хулоса, метавон гуфт, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи тамаддуни ориёӣ бисёр бузург ва арзишманд аст. Маҳз бо талошҳои пайвастаи ӯ арзишҳои миллӣ дубора эҳё гардида, ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ дар зеҳни мардум тақвият ёфтааст. Вазифаи ҳар як ҷавони тоҷик он аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз намуда, барои рушду густариши он саҳми арзандаи худро гузорад.


Барноз РАҲМОНШОЕВА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 09.06.2026 №: 111-112