АЗ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН ТО УҚЁНУСҲОИ ҶАҲОН

09 июн 2026, Сешанбе
0


Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ 8-уми июн Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳоро таҷлил мекунад. Ин сана, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст, ба аҳамияти уқёнусҳо ҳамчун манбаи ҳаёт, танзимгари иқлим ва нигоҳдорандаи гуногунии биологӣ бахшида шудааст. Дар шароите, ки уқёнусҳои ҷаҳон бо таҳдидҳои афзояндаи экологӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ҷомеаи байналмилалӣ зарурати ҳифзи ин сарвати бебаҳои табиатро беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мекунад.
Уқёнусҳо беш аз 70 фоизи сатҳи Заминро фаро гирифта, дар таъмини ҳаёт нақши калидӣ доранд. Ба гуфтаи олимон, тақрибан нисфи оксигене, ки инсоният нафас мекашад, аз ҷониби организмҳои зиндаи баҳрӣ истеҳсол мешаванд. Ҳамзамон, уқёнусҳо қисми зиёди гармии атмосфера ва гази карбонро ҷаббида, ба нигоҳ доштани мувозинати иқлим мусоидат мекунанд.
Имрӯз миллионҳо нафар дар ҷаҳон рӯзгори худро аз ҳисоби захираҳои баҳрӣ таъмин менамоянд. Соҳаҳои моҳидорӣ, нақлиёти баҳрӣ, сайёҳӣ ва тиҷорати байналмилалӣ ба вазъи устувори уқёнусҳо вобастагии мустақим доранд. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо на танҳо масъалаи экологӣ, балки омили муҳими рушди иқтисодӣ низ ба ҳисоб меравад.
Бо вуҷуди ин, уқёнусҳо дар солҳои охир ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Ифлосшавӣ аз пластик, партовҳои саноатӣ, моҳидории аз ҳад зиёд ва тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои баҳрӣ зарари калон мерасонанд. Ҳар сол миллионҳо тонна партовҳои пластикӣ ба баҳру уқёнусҳо ворид шуда, ба ҳаёти моҳиён, парандагони баҳрӣ ва дигар мавҷудоти зинда таҳдид мекунанд.
Яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир гармшавии глобалӣ мебошад. Баланд шудани ҳарорати об боиси аз байн рафтани рифҳои марҷонӣ, тағйир ёфтани муҳити зисти бисёр намудҳои ҳайвонот ва коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ мегардад. Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки бе андешидани чораҳои муассир оқибатҳои ин раванд метавонанд ба амнияти озуқаворӣ ва экологӣ дар ҷаҳон таъсири манфӣ расонанд.


ТОҶИКИСТОН ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶАҲОН
Гарчанде Тоҷикистон кишвари бидуни дастрасӣ ба баҳру уқёнусҳо мебошад, масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист дар сиёсати давлатии он ҷойгоҳи махсус доранд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги оби ширин дар ҷаҳон ба шумор рафта, беш аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбанд. Дар кишвар зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки онҳо сарчашмаи асосии об барои миллионҳо нафар аҳолии минтақа мебошанд.
Бо дарназардошти аҳамияти об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба яке аз пешоҳангони пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об табдил ёфтааст. Бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид як қатор қатъномаҳои муҳими байналмилалиро қабул намудааст. Аз ҷумла, Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005 – 2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 –2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо.
Ташаббусҳои Тоҷикистон имрӯз ҳамчун саҳми назаррас дар ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва иқлим эътироф шудаанд. Ин аст, ки аз 25 то 28-уми майи соли 2026 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» гардид. Дар ҷараёни ин Конфронс намояндагони кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва муҳаққиқон масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки байни пиряхҳо, дарёҳо, баҳрҳо ва уқёнусҳо робитаи ногусастанӣ вуҷуд дорад. Обҳое, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд, тавассути шабакаҳои дарёӣ ба гардиши ҷаҳонии об пайваст мешаванд. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби ширин танҳо масъалаи миллӣ набуда, ҷузъи муҳими талошҳои байналмилалӣ барои ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад.
Дар шароити тағйирёбии иқлим Тоҷикистон, ҳамзамон, ба ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи об, рушди «иқтисоди сабз» ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ин сиёсат нишон медиҳад, ҳатто кишварҳое, ки ба баҳру уқёнусҳо роҳ надоранд, метавонанд дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ ва ҳифзи экосистемаҳои ҷаҳонӣ саҳми муассир гузоранд.
Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо бори дигар хотиррасон мекунад, ки сарнавишти инсоният бо саломатии муҳити зисти сайёра пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳифзи уқёнусҳо, баҳрҳо, пиряхҳо ва захираҳои обӣ масъулияти муштараки ҳамаи давлатҳо ва сокинони ҷаҳон мебошад. Танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат метавон ояндаи устуворро барои наслҳои имрӯз ва фардо таъмин кард.


Хуршед ТОЛИБОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.06.2026 №: 111-112