Ӯ ТАБИАТАН ЗАБОНШИНОС БУД

09 июн 2026, Сешанбе
6


Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз лутфи табъ,
Олиме гӯё шавад ё фозиле соҳибсухан.
Саноии Ғазнавӣ

Забони модарии мо – тоҷикӣ аз қадимтарину тавонотарин ва пурғановаттарин эътироф гардида, дар замони Сомониёни бузург ба меъёр даромаду ба тахти давлат нишаст, ки минбаъд назирашро ҳеҷ як аз забонҳои дигари дунё надидааст. Ин забон бо мурури вақт зина ба зина боло рафт ва на танҳо дар Машриқзамин, балки дар Қафқозу атрофу акнофи он ҷойгоҳи шоиста пайдо карда, ҳатто муддати мадиде чун забони байналмилалӣ эътироф шуда буд. Бо ин забон хеле зиёд осори бадеиву илмие зеби авроқ гардидаанд, ки теъдодашон ҳангуфт аст. Осори Одамушшуаро Рӯдакӣ ва ҳамасронаш, “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва пайравонаш, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, осори Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, мероси гаронмояи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, андешаҳои халқпарваронаи Сайидои Насафию Аҳмади Дониш ва садҳои дигарро то ба имрӯз халқияту миллатҳои гуногун бо ҳавас аз ин чашмаи мусаффо нӯши ҷон мекунанду ташнагӣ мешикананд. Ҳаким Низомӣ дар Ганҷаи Озарбойҷон “Хамса”-ро эҷод карду дар Ҳиндустон бо қудрату тавоноии Амир Хусрав ба ӯ ҳамсадо гардид. Масофаи роҳро бинед ва бо забони ноби тоҷикии форсӣ сухан гуфтанро, ки барои форситаборон Эзиди якто чи қудрате ато кардааст!
Давлати Сомониён бо сабабҳои гуногун ва воқеаҳои нобасомони рӯзгори гузарон суқут кард, вале нақши густурдаи ин давлати тоҷикон он қадар қавӣ буд, ки бо ташаккулу таҳаввули забони давлатӣ ва ба меъёр даровардани он дар умури давлатӣ, то ба ҳол касе онро сутурда натавонист ва аз ин пас ҳам сутурда нахоҳад шуд.
Минбаъд, сулолаҳои омадаи Ғазнавиён, Қарахониён, Чингизиён, Темуриён, Манғитиён ва дигар ғосибони ин марзу бум дар сарзамини паҳнои тоҷикнишин ба ҳокимият расида бошанд ҳам, забони муқтадиру ҳукмрони давлатӣ дар ҳамаи давру замонҳои минбаъда забони тоҷикии форсӣ буд.
Баробари ба меъёр даромадани забони тоҷикии форсӣ донишмандони соҳа ба омӯзиши сарфу наҳви он даст задаанд, ки яке аз чунин забоншиносони муваффақ номзади илмҳои филология, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Субҳон Атобуллоев мебошад. Ӯ 10-уми июни соли 1936 дар деҳаи Шашкати шаҳри Панҷакент, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1957 ба факултаи таъриху адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Тарас Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, соли 1962 онро бо баҳои аъло хатм намуд. Дар Донишкада аз устодони баландмартабаи суханшиносӣ Абдулғанӣ Эшонҷонов, М. Ф. Исматуллоев, узви вобастаи АМИТ Носирҷон Маъсумӣ, академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, докторҳои илм Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода ва дигарон фаровон баҳраҳои судманд мебардошту ба дониши худ дониш зам менамуд.
Субҳон Атобуллоев баъди хатми Донишкада ба аспирантура дохил гардида, соли 1970 дар шаҳри Боку (Озарбойҷон) дар мавзуи “Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва пайрави мубтадо ва хабар дар забони адабии тоҷикӣ” рисолаи илмии худро дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмӣ мегардад. Вай солҳои 1965-1977 (то охири умр) дар шуъбаи шевашиносӣ ва таърихи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон фаъолият карда, тайи ин муддат зиёда аз 50 мақолаи илмию асарҳои пажӯҳишӣ навиштааст. Дар байни ин заҳматҳои илмӣ, мақола ва китобҳои Субҳон Атобуллоев “Баъзе мулоҳизаҳо оид ба ҷумлаҳои бешахс дар забони адабии ҳозираи тоҷик”, “Қайдҳо роҷеъ ба нахустин грамматикаи забони тоҷикӣ”, “Ҷумлаҳои пайрави мубтадо ва хабар дар забони адабии ҳозираи тоҷик” ном маводҳояш қобили зикранд, зеро ин мавзуъ то Субҳон Атобуллоев дар забони адабии тоҷик мавриди таҳқиқи муфассали илмӣ қарор нагирифта буд. Бояд гуфт, ки роҳ ва воситаҳои ташаккули ҷумлаҳои мураккаби тобеи мазкур, фарқи онҳо аз ҷумлаҳои пайрави пуркунанда, муайянкунанда ва шартӣ, тобишҳои гуногуни маъноӣ ва муродифҳои синтаксисии онҳо аз масъалаҳои асосии ин асар ба шумор рафта, хулосаҳои муаллиф бо мисолҳои зиёди манзуму мансур ҷамъбаст гардидаанд.
Ҳамчунон, дар байни корҳои анҷомдодаи ин забоншинос “Синтаксиси ҷумлаҳои мураккаб дар шеваҳои ҷанубии Тоҷикистон”, рисолаи “Саидризо Ализода” ва ҳамкории муваффақона дар ҷилдҳои 4 ва 5-и асари панҷҷилдаи “Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ” дар забоншиносии тоҷик камназир дониста шудаанд.
10-уми августи соли 1997 ба сабаби беморӣ риштаи ҳаёти Субҳон Атобуллоев канда шуд, аммо офаридаҳои килки сеҳрангезаш ҳанӯз ҳам руҳи ӯро дар байни мо - баъдинагон зинда нигоҳ медоранд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и деҳаи Шашкат номи ин забоншиноси барӯманди тоҷикро ба худ гирифтааст.


Хайринисо ХОЛИҚЗОДА,
унвонҷӯйи Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Санаи нашр: 09.06.2026 №: 111-112