ГӮШТИИ СОҲИЛӢ
Медали нуқраи Идрис Баҳромов дар Чемпионати Осиё
1-уми июн дар шаҳри Дананги Ветнам пас аз зӯрозмоиҳо дар риштаҳои гӯштии тарзи озод ва юнонӣ - римӣ, Чемпионати Осиё миёни наврасон бо рақобатҳо дар гӯштии соҳилӣ идома ёфт.
Варзишгари мо Идрис Баҳромов, ки дар гӯштии тарзи озод (71 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гашта буд, дар гӯштии соҳилӣ дар вазни 80 кг медали нуқра ба даст овард.
Ӯ дар се давр бар намояндагони Ветнам, Қазоқистон, Муғулистон, дар нимфинал бар варзишгари дигари Ветнам пирӯз гашта, дар финал аз паҳлавони Туркманистон шикаст хӯрд.
Идрис соли гузашта низ дар Чемпионати гӯштии соҳилии Осиё миёни наврасон медали нуқра гирифта буд.
ФУТБОЛ
Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон бар Ҳиндустон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии нав Игор Ангеловский дар бозии дӯстона бар тими миллии Ҳиндустон пирӯз шуд.
Вохӯрии дастаҳо дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2027 5-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.
Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шериддин Бобоев, Меҳрубон Каримов ва Эҳсони Панҷшанбе заданд.
Дастаи бонувони КМВА дар Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат мекунад
Дастаи бонувони КМВА ягона намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи бонуфузи клубҳои футболи бонувони Осиё – “AFC Women’s Champions League 2026/27” хоҳад буд.
Ин мусобиқаи сатҳи баланд беҳтарин дастаҳои қораро гирди ҳам меорад. Иштироки тими КМВА дар чунин мусобиқа ба рушди футболи бонувон дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Маросими қуръакашии мусобиқа моҳи июл дар Малайзия баргузор гардида, рақибони даста муайян мешаванд.
ҶУДО
IJF силсилаи мусобиқоти Гран-при байни наврасон ва ҷавононро ба роҳ мемонад
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) эълон кард, ки ду мусобиқаи нави байналмилалиро барои насли ояндаи ҷудочиён таъсис додааст.
Чорабинии аввал Гран-прии ҷавонон дар Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Шариф хоҳад буд, ки 24 ва 25-уми октябри соли 2026 баргузор мешавад. Пас аз мусобиқа аз 26 то 28-уми октябр ҷамъомади байналмилалии тамринӣ ба нақша гирифта шудааст. Як моҳ пас – 24-25-уми ноябр – Ӯзбекистон мизбони Гран-прии наврасон хоҳад буд. Пас аз ин мусобиқа низ 26-28-уми ноябр ҷамъомади байналмилалии тамринӣ баргузор мешавад.
Ин ду чорабинии нав қисми уҳдадории IJF барои тақвияти масири рақобат барои варзишгарони наврас ва ҷавон дар саросари ҷаҳон мебошад. То ҳол IJF танҳо чемпионатҳои солонаи ҷаҳонро барои ҳар категорияи синну солӣ ташкил мекард. Чорабиниҳои сершумори наврасону ҷавонон дар сатҳи миллӣ ва қитъавӣ доир мешуданд.
Мусобиқаҳои нав, инчунин, ҷоизаҳои пулӣ пешниҳод мекунад, ки барои варзишгарони ҷавон, ҳангоми қадамҳои аввалини худ дар саҳнаи байналмилалӣ, ангезаи иловагӣ мебахшад.
Президенти IJF Мариус Визер ин ташаббусро истиқбол карда, гуфт: "Ояндаи ҷудо аз қобилияти мо дар дастгирӣ ва илҳом бахшидан ба варзишгарони ҷавон вобаста аст. Мусобиқаҳои нави Гран-при сармоягузории муҳим ба насли ояндаи чемпионҳо мебошад".
IJF ба федератсияҳои ҷудои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои садоқат ва дурнамои онҳо изҳори сипос намуд. Бо дастгирӣ ва садоқати худ ҳар ду федератсия ба рушди наслҳои ояндаи ҷудочиён саҳм мегузоранд ва ба бунёди ҷомеаи ҷудои ҷаҳонии боз ҳам қавитар мусоидат мекунанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
