АБУАЛӢ ИБНИ СИНО – МУТАФАККИРИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК

10 июн 2026, Чоршанбе
0


Маълумот аз Энсиклопедияи бузурги шуравӣ

Ибни Сино, Абуалӣ (дар лотинӣ Авитсенна) (октябри 980-июни 1037) - файласуфи барҷаста, табиатшинос, табиб, риёзидон, шоир, мутафаккир ва донишманди тоҷик. Дар деҳаи Афшанаи наздики Бухоро – пойтахти Давлати Сомониён – ба дунё омадааст. Падараш Абдуллоҳ, аз тоҷикони Балх буда, дар Бухоро масъули молиёт буд. Модараш Ситора ё Ситорабону, тоҷик, аз Афшана. Соли 985 оилаи Ибни Сино ба Бухоро кӯч мебандад. Дар ин ҷо ҷавонии Ибни Сино гузашт ва фаъолияти илмиву тиббии ӯ оғоз ёфт. Пас аз суқути давлати Сомониён, Ибни Сино барои раҳоӣ аз таъқиби руҳониёни мутаассиб соли 1002 ба Гурганҷ (Урганҷ) — пойтахти Хоразм кӯчид ва дар он ҷо дар дарбори Хоразмшоҳ кор ва зиндагӣ кард. Соли 1012 ба Эрон рафта, дар Исфаҳон ва Ҳамадон ҳаёт ба сар бурд. Дар ҳукумати Ҳамадон табиб ва вазир буд. 18-уми июни соли 1037 аз дунё гузашт ва дар Ҳамадон ба хок супурда шуд.
Фарзияҳои бархе аз муаллифони Аврупои Ғарбӣ ва Амрико дар бораи дар Испания зиндагӣ кардани Ибни Сино ҳеҷ гуна асоси таърихӣ надорад ва маҳсули бофтаву хаёл мебошад.
Ибни Сино аз бузургтарин донишмандони тоҷики асрҳои миёна ба шумор мерафт. Ӯ ҳамчун ифодакунандаи тамоюлҳои пешқадами замони худ мекӯшид, ки таваҷҷуҳро ба омӯзиши табиат аз нав эҳё намояд ва тафаккури эҷодиву таҳқиқотиро, ки зери фишори илоҳиёт ва ақидаҳои мазҳабӣ қарор гирифта буд, зинда гардонад. Ӯ дастовардҳои илмии пешиниёнро аз нигоҳи интиқодӣ бознигарӣ ва такмил дода, донишҳои замони худро ба як низоми муназзам даровард. Ибни Сино ҳамчун табиатшинос ба усули мушоҳидаи воқеъбинона ва холисонаи далелҳо аҳамияти бузург медод. Муҳимтарин асарҳои ӯ — “Ал-Қонун фи-т-тибб” («Қонуни тиб»), ки аз панҷ ҷилд иборат аст, “Китоб-уш-шифо” («Китоби шифо»), ки аз ҳаждаҳ ҷилд иборат мебошад ва дигар осораш дар Шарқ ва Аврупо шуҳрати васеъ пайдо намуда, борҳо ба аксари забонҳои аврупоӣ тарҷума шудаанд. Ба забони модарии худ - дарӣ, ки халқи тоҷик имрӯз бо он сухан мегӯяд, Ибни Сино энсиклопедияи мухтасари фалсафии худро бо номи “Донишнома” таълиф кардааст.
Назарияҳои фалсафии Ибни Сино хусусияти зиддиятнок доштанд: дар онҳо тамоюлҳои моддигароӣ бо ақидаҳои илоҳиёт ва идеалистӣ дар ҳам омехта буданд. Ба ақидаи Ибни Сино, ҷаҳон тавассути эманатсия («сарозер шудан» ё «ҷорӣ гардидан») аз Худо ба вуҷуд меояд, аммо на бо иродаи Худо, балки бар асоси зарурати ногузир. Худо абстракт ва ғайришахс аст, ҷаҳон бошад, моддӣ буда, мисли худи Худо азалӣ ва абадӣ мебошад. Ибни Сино дар асараш «Донишнома» менависад: «Ҳастӣ ҳадду канор надорад» ва он «аз ибтидо ба ҷавҳар ва араз ҷудо мешавад». Манбаи вуҷуди ҷавҳарро бояд дар худи он ҷустуҷӯ кард, зеро ҷавҳар моҳияти табиатро ташкил медиҳад.
Бар хилофи Арасту, ки байни моддаи ғайрифаъол ва фаъол фарқ мегузошт, Ибни Синои тоҷик таъкид мекард, ки «ягон шакли ҷисмонӣ бидуни модда вуҷуд надорад»; «шакли ҷисмонӣ дар худи модда ҷой гирифтааст ва ҷисм аз ҳамин модда ташаккул меёбад». Ибни Сино назарияи «муҳаррики аввал»-и Арастуро рад намуда, андешаи амиқеро баён кард, ки ҳаракат ба таври имкониятӣ дар худи модда нуҳуфтааст; ҳаракат тағйирёбии ҷисмро ифода мекунад ва онро танҳо бо «такон додан» ё таъсири беруна шарҳ додан мумкин нест. Ӯ дар асараш “Наҷот” менависад: «Ҳаракат он ҳолатест, ки ба воситаи он ҷисм ҳангоми тағйир ёфтанаш дарк карда мешавад, аз он майле оғоз меёбад, ки дар худи он мавҷуд аст; ҳаракат гузариш аз имконият ба воқеият мебошад, ки пайваста сурат мегирад ва танҳо бо як такон анҷом намеёбад».
Ибни Сино робитаи мутақобилаи вақт ва ҳаракатро дуруст дарк карда буд. Ӯ навишт: «Вақт танҳо ҳамроҳи ҳаракат тасаввур мешавад. Дар ҷое, ки ҳаракат нест, вақт низ вуҷуд надорад».
Ба андешаи ӯ, падидаҳои табиат бо робитаи сабабиву натиҷавӣ ба ҳам пайвастаанд; дар ҷаҳон қонунҳои табиӣ ҳукмронанд ва онҳо бо дахолати иродаи Илоҳӣ вайрон намешаванд. Масъалаи фаъолияти узвҳои ҳисро Ибни Сино аз мавқеи моддигароии сода шарҳ медод, аммо ақлро ба таври идеалистӣ аз асоси моддии он ҷудо мекард. Ӯ «руҳи оқил»-ро ҷовидона ва фанонопазир меҳисобид. Ибни Сино таснифоти аслии илмҳоро таҳия намуд. Ӯ ҳамаи илмҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекард: илмҳои амалӣ, ки масъалаҳои рафтору фаъолияти инсонро меомӯзанд ва илмҳои назариявӣ, ки ҳадафи онҳо худи дониш ва маърифат аст. Илмҳои амалиро ӯ ба се бахш тақсим мекард:
- илми идораи шаҳрҳо ва ҷомеа;
- илми рафтори инсон нисбат ба хонадон, ҳамсар, фарзандон ва дороӣ, ки онро илми идораи хоҷагӣ меномид;
- илм дар бораи худи инсон.
Илмҳои назариявиро бошад, ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо менамуд:
- илми олӣ — таълимот дар бораи ҳастии мутлақ;
- илми миёна — математика, ситорашиносӣ ва мусиқӣ;
- физика — ки қариб тамоми донишҳои табиатшиносии замони ӯро фаро мегирифт.
Ҳар як илми назариявиро фарзанди номвари тоҷик Ибни Сино боз ба илмҳои холис (ё ибтидоӣ) ва илмҳои татбиқӣ (ё дуюмдараҷа) ҷудо мекард. Масалан, ба физикаи холис таълимот дар бораи модда, сурат, ҳаракат, маъданҳо, наботот ва ҳайвонотро дохил менамуд. Ба физикаи татбиқӣ бошад, тиб, ситорабинӣ, физиогномика (шинохти хусусиятҳои инсон аз рӯйи чеҳра), таъбири хоб, кимиёгарӣ (алхимия) ва ҳатто «илми» ҷодугариро мансуб медонист.
Ибни Сино аҳамияти илми олиро, ки ҳастии мутлақро меомӯзад, аз ҳад зиёд бузург шумурда, онро аз дигар илмҳое, ки падидаҳои мушаххаси ҷаҳони моддиро таҳқиқ мекунанд, болотар мегузошт. Ӯ, инчунин, мавҷудияти олами идеяҳоро ҷудо аз олами ашё эътироф мекард.
Хидматҳои абармарди тоҷик Ибни Сино дар соҳаи мантиқ низ хеле бузурганд. Ӯ таълимоти мантиқии Арастуро ташвиқу тавзеҳ дода, мекӯшид шаклҳо ва робитаҳои мантиқиро аз хусусиятҳои ҳастӣ барорад. Ибни Сино ба қатъият ва пайгирии мантиқии андешаҳо, инчунин, ба истифодаи усулҳои дақиқи исбот аҳамияти калон медод. Ба ӯ таҳқиқи масъалаҳои марбут ба ҷузъӣ ва куллӣ, хатоҳои мантиқӣ, ҳукмҳо (ки онҳоро ба ҳукмҳои қатъӣ, шартии пайвасткунанда ва шартии ҷудокунанда тақсим мекард), қиёс ва дигар масъалаҳои мантиқӣ тааллуқ дорад.
Ибни Сино вуҷуди Худоро эътироф мекард, аммо ӯро аз сифатҳои инсонӣ орӣ медонист. Ҳамчунин, динро қабул дошт, вале оид ба бисёр ақидаҳои расмии исломӣ соҳибназар буд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамчун озодандеши ҷасур шинохта шуда, аз ҷониби руҳониёни мутаассибу хурофотпараст мавриди таъқиб қарор мегирифт.
Тамоюлҳои моддигароёна дар ҷаҳонбинии Ибни Сино, махсусан дар он асарҳое равшантар ба назар мерасанд, ки барои дӯстони наздики худ навиштааст: на бо забони расмии арабӣ, балки бо забони дарӣ.
Бо мақсади асоснок кардани имкони рушди илм, Ибни Сино ақидаеро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он дин ва фалсафа метавонанд мустақилона вуҷуд дошта бошанд. Ӯ истиқлолияти фалсафаро ҳамчун илм, ки бар дастовардҳои ақли инсонӣ асос ёфтааст, ҳимоя мекард.
Ибни Сино расму одатҳои кӯҳнашуда ва таассубро танқид намуда, намояндагони руҳониятро мавриди истеҳзо қарор медод. Ӯ барқарор гардидани адолатро талаб мекард ва адолатро беҳтарин зебу зинати ҳамаи амалҳои инсонӣ меҳисобид. Осори Ибни Сино ба рушди минбаъдаи афкори пешқадами фалсафӣ ва илмҳои табиатшиносӣ таъсири мусбат ва назаррас расонд. Ибни Сино масъалаҳои зиёди табиатшиносиро мавриди омӯзиш қарор додааст: ҳаракати ҷисмҳо ва хосияти инерсия, таркиб ва хусусиятҳои маъданҳо, сабабҳои пайдоиши кӯҳҳо, таркиби метеоритҳо, пайдоиши мавҷудоти зинда, сохтор ва ҳаёти рустаниҳо, махсусан гиёҳҳои шифобахш, гузариш аз рустанӣ ба ҳайвонот ва ҳаёти ҳайвонот.
Ақидаҳои табиатшиносии донишманди тоҷик Ибни Сино дар асари фалсафии ӯ «Китоб-уш-шифо» («Китоби шифо») ва дар осори сершумори тиббиаш баён шудаанд. Бузургтарин асари тиббии ӯ «Ал-Қонун фи-т-тибб» («Қонуни тиб») мебошад, ки дар солҳои 20-уми асри XI навишта шуда, дар тули панҷ аср муҳимтарин дастури таълимӣ барои донишҷӯёни тиб ва табибон ба ҳисоб мерафт. Тарҷумаи лотинии «Қонуни тиб»-ро дар асри XII донишманди итолиёӣ Герард Кремонский анҷом додааст. Ин китоб соли 1473 дар Милан ба табъ расида, беш аз 30 маротиба нашр шудааст. Матни аслии арабии он аз асри XI дар кишварҳои Шарқ шуҳрати васеъ дошт ва бори аввал соли 1593 дар Рум чоп гардид. Дар дастнависҳои қадимаи тиббии русӣ номи Ибни Сино дар баробари номҳои Гиппократ ва Клавдий Гален зикр шудааст.
Дар «Қонуни тиб» Ибни Сино назарияи умумии тиб, анатомия, физиология, ҷарроҳӣ, ташхис, бемориҳои шадид ва музмин, усулҳои муолиҷа, доруҳо, подзаҳрҳо, пешгирии бемориҳо ва дигар масъалаҳои тиббиро шарҳ медиҳад. Ҳангоми омӯзиши сабабҳои бемориҳои гуногун ӯ ба таъсири омилҳои муҳити беруна ба организми инсон аҳамияти калон медод. Ибни Сино кашфиёти баъдии илмиро пешбинӣ намуда, фарзияеро пешниҳод кард, ки бемориҳои сироятии табларза аз ҷониби ангезандаҳои ноаён ба вуҷуд меоянд ва тавассути об ва ҳаво паҳн мешаванд.
Дар роҳи рушди тибби илмӣ ӯ таълимоти ирфонӣ ва ғайриилмии ситорашиносонро, ки таъсири бурҷҳо ва ситораҳоро ба сарнавишти инсон ва ҷараёни бемориҳо асоснок менамуданд, танқид кард. Ибни Сино, инчунин, ба омӯзиши ситорашиносӣ машғул буд, вале андешаи нодурусти баъзе ситорашиносони юнонӣ, арабӣ ва ҳиндиро дар бораи тадриҷан кам шудани кунҷи майли эклиптика нисбат ба экватори осмонӣ қабул намекард. Ӯ яке аз қадимтарин асбобҳои астрономӣ — гномонро тавсиф намудааст, ки барои муайян кардани самти хатти нисфирӯзӣ истифода мешуд.
Таснифоти ҷисмҳои маъданӣ, ки фарзанди оламшумули тоҷик Ибни Сино пешниҳод карда буд, дар замони худ хеле паҳн гардид. Ӯ онҳоро ба чор гурӯҳ ҷудо мекард:1) сангҳо, 2) ҷисмҳои гудохташаванда (металлҳо), 3) моддаҳои сулфурӣ (сӯзанда), 4) намакҳо. Ин таснифот то миёнаҳои асри XVIII дар илми минералогия мавриди истифода қарор дошт.
Ибни Сино ҳамчун шоири тавоно низ маъруф аст ва ба рушди минбаъдаи адабиёт таъсири назаррас расондааст. Ӯ ба забони дарӣ шеърҳо, махсусан рубоиҳо менавишт ва дар онҳо андешаҳои озоди худро нисбат ба осори илмӣ ва фалсафӣ боз ҳам ошкортар баён мекард.

Энсиклопедияи калони советӣ (БОЛЬШАЯ СОВЕТСКАЯ ЭНЦИКЛОПЕДИЯ), иборат аз 30 ҷилд, Ҷ. 17. Саҳ. 257-258. 1952 (нашри дуюм),

Тарҷумаи Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.06.2026