РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ. МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ЗЕҲНИ СУНЪИРО САНГИ АСОС ГУЗОШТ
![]()
9-уми июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи “IT-Hub Dushanbe” санги асос гузошт.
Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи махсуси «Зеҳни сунъӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд, ки аҳамияти байналмилалии ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти технологияҳои рақамӣ бозгӯ мекунад.
Дар идомаи ин ташаббус, дар доираи лоиҳаи «IT Hub Dushanbe» таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба яке аз марказҳои асосии рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар минтақа табдил хоҳад ёфт. Марказ дорои озмоишгоҳҳои муосир, марказҳои тадқиқотӣ, майдонҳои инноватсионӣ, толорҳои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва маркази пуриқтидори коркарди додаҳо хоҳад буд. Иқтидори маркази додаҳо аз 50 то 75 мегаваттро ташкил дода, барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ ва коркарди ҳаҷми бузурги маълумот шароит фароҳам меорад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Марказ, олимон, коршиносон, муҳандисон ва мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ба Душанбе ҷалб гардида, дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таҳқиқоти илмӣ ва рушди технологияҳои пешрафта саҳм мегузоранд.
Таъсиси Марказ барои омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби сармоягузорӣ, рушди экосистемаи инноватсионӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази минтақавии технология ва зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Ҳамчунин, давоми рӯз Раиси Маҷлиси миллӣ дар шаҳраки академӣ, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои мазкур аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 корманди илмӣ хизмат менамояд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
