«ЭНЕРГЕТИКАИ САБЗ»: АСОСИ «ИҚТИСОДИ САБЗ» ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ТОҶИКИСТОН

11 июн 2026, Панҷшанбе
3


«Иқтисоди сабз» посухест ба буҳрони экологии ҷаҳон ва таҳдиди камшавии захираҳои табиӣ. Ҳадафи асосии он дарёфти тавозун миёни рушди беҳзистии инсон ва ҳифзи сармояи табиӣ мебошад. Ин соҳа имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути ташаббусҳои Барномаи СММ оид ба муҳити зист, таҳия ва ҳамоҳанг карда мешавад.


ТОҶИКИСТОН ВА АФЗАЛИЯТИ «ИҚТИСОДИ САБЗ»
Бо дарназардошти хатарҳои экологии ҷаҳони муосир ва зарурати ҳифзи захираҳои табиӣ Тоҷикистон рушди «иқтисоди сабз»-ро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати худ қарор додааст. Ин ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ ва экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мусоидат мекунад. Рушди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон бо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, ки асосан аз гидроэнергетика, яъне ҷараёни оби дарёҳо иборат аст, алоқамандии зич дорад. Ин соҳа ҳамчун омили муҳими рушди устувор ва воситаи таъмини устувории экологӣ дар кишвар дониста мешавад.


ПЕШСАФӢ ДАР ТАТБИҚИ «ЭНЕРГЕТИКАИ САБЗ»
Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар самти татбиқи принсипҳои «энергетикаи сабз», махсусан дар соҳаи гидроэнергетика, дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Ин мавқеъ ба шарофати захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти энергияи таҷдидшаванда муяссар шудааст.
Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон бузург буда, аз рӯйи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Дар ҳамин ҳол, беш аз 98 дарсади барқ дар кишвар тавассути неругоҳҳои барқи обӣ (НБО) истеҳсол мешавад. Дар ин радиф, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваста ташаббусҳоро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии самараноки захираҳои об пешбарӣ мекунад. Ин ташаббусҳо мустақиман бо «энергетикаи сабз» алоқаманданд, зеро пиряхҳо манбаи асосии дарёҳо ва неруи об мебошанд.
Яке аз лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ки пас аз ба охир расидан имконият медиҳад, на танҳо талаботи дохилӣ бо неруи барқ қонеъ гардад, балки содироти «энергияи сабз» ба кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон ва Покистон дар доираи лоиҳаи CASA-1000 зиёд шавад, сохтмони аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Инчунин, барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии мавҷуда (масалан, «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум») барои баланд бардоштани самаранокӣ ва иқтидори онҳо мусоидат мекунад.


ТАВАҶҶУҲ БА МАНБАЪҲОИ НАВИ ЭНЕРГИЯ
Дар баробари ин, Тоҷикистон ба иқтидорҳои иловагии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод, биомасса ва ғайра) таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, то устувории системаи энергетикиро дар ҳама фаслҳои сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар таъмин намояд. Масалан, моҳи ноябри соли гузашта Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи геотермалиро ифтитоҳ намуд, ки он бо истифодаи ҳарорати устувори қабатҳои зеризаминӣ кор мекунад ва метавонад дар тамоми фасли сол самаранок бошад. Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон дорои захираҳои гуногуни геотермалӣ ва шароити мувофиқи иқлимӣ мебошад, татбиқи чунин технология на танҳо ба коҳиши истифодаи сӯзишвории маъмулӣ мусоидат мекунад, балки намунаи равшани гузариш ба энергияи тоза ва барқароршаванда мебошад. Ҳамзамон, он метавонад иқтидори энергетикии маҳаллиро афзоиш диҳад, сарфаи хароҷоти аҳолӣ дар неруи барқ ва ташкилотҳои алоҳидаро коҳиш дода, ба ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд. Дар ин технология зеҳни сунъӣ истифода шудааст, ки ҳарорати қабатҳои зеризаминӣ, талаботи гармӣ ва шароити иқлимро таҳлил мекунад. Ин имкон медиҳад, ки кори насосҳо ба таври худкор оптимизатсия шуда, истеъмоли энергия кам ва устувории тамоми шабака беҳтар гардад. Тибқи арзёбии олимон, самаранокии иқтисодии технологияи мазкур аз ҳисоби сарфа намудани қувваи барқ 47 дарсад ва самаранокии гармидиҳӣ тақрибан 90 дарсадро ташкил медиҳад.


САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ОЯНДА
Аммо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ҳадафҳои рушди устувор сармоягузориҳои калонҳаҷм лозиманд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2025 дар соҳаи энергетикаи кишвар 20 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 миллиард доллари ИМА мавриди амал қарор дошт, ки ҳаҷми бештари лоиҳаҳоро ташкил медиҳад. Умедворем, ки қабули Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва барномаҳои давлатӣ барои ҷалби аз ин ҳам бештари сармоягузориҳо ба рушди «энергетикаи сабз» дар кишвар ва ба ин васила ба рушди «иқтисоди сабз» мусоидат менамоянд, зеро имкониятҳои сармоягузорӣ, бахусус дар бахши энергияи барқароршаванда, васеъ мебошанд. Дар ин самт таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби шарикони стратегӣ муҳим аст, зеро танҳо дар ҳамдастӣ метавон ба ҳадафҳои бузург ноил шуд. Ҳамзамон, таъсиси марказҳои тадқиқотӣ ва инноватсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва муҳити зист метавонанд барои таҳияи лоиҳаҳои нав ва самаранок заминаи хуб фароҳам оваранд, ки боиси ҷалби сармоягузориҳои бештар ва рушди устувори иқтисоди кишвар гарданд.


Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.06.2026 №: 113