УМРИ ДУБОРА

11 июн 2026, Панҷшанбе
3


ҲАМОВОЗӢ БА ГИРОМИДОШТИ ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ
Давраи истиқлоли давлатӣ барои эҳёи миллӣ, омӯзиши корномаи шахсиятҳои сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангию илмӣ саҳифаҳои навро боз намуда, дар таърихнигории ватанӣ кору амали ин қабил шахсиятҳо мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар саргаҳи бедории миллӣ ва арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори фарзонафарзандони миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Талошҳои Пешвои муаззам барои тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллии насли ҷавони имрӯз, аллакай, самар дода, корномаи абармардони миллат ва номи неки онҳо дар саҳифаҳои давлатдории миллӣ аз нав бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.


Ин амал чанд омили муҳими таърихию фарҳангиро мемонад, ки аз нуктаҳои зерин иборат аст:
1. Абадӣ гардондани ном, кору пайкор ва хизматҳои шоистаи фарзонафарзандони миллат барои имрӯзу фардо.
2. Тақвияту таҳкими ҳисси ҷаҳонбинии оянда дар мисоли корномаи афроди таърихию фарҳангӣ барои тарбияи насли наврас.
3. Бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳувияти тоҷикӣ дар замони муосир.
4. Эҳёи анъанаҳои давлатдорӣ, корнамоии шахсиятҳои таърихӣ барои пайванди фарҳангу тамаддуни давраҳои таърихӣ.
5. Гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ ва инсонмеҳварӣ барои сохтани шахсиятҳои идеалӣ дар замони муосир дар мисоли онҳо.
Аз ин лиҳоз, чунин нуктаҳо метавонанд хеле зиёд ҷанбаҳои мухталифи гиромидошти афроди номии тоҷиконро дар дарозои таърих ном бурд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлоли давлатӣ ба онҳо арҷгузорӣ намуда истодаанд.
Дар замони қадим Куруши Кабир, Дорои Бузург, Спитамен, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъ баҳри халқу Ватани азизи худ, давлатсозӣ кӯшишҳои зиёд намуда, барои ободии мамлакати хеш, рушди ҷомеа, ҳаёти иқтисодию фарҳангӣ хизматҳои бесобиқа кардаанд. Давраи минбаъдаи таърихи халқи тоҷик низ абармардони сиёсиву илмию фарҳангиро дар ёд дорад, ки саҳму хидматҳои онҳо дар рушду камолоти таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ алоҳида арзёбӣ мешавад.
Давраи нав ва муосири Тоҷикистон замони тақдирсоз барои давлату миллат саҳифаи муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ибтидои асри ХХ барои ташкили давлати тоҷикон талошҳои фарзонафарзандони миллат, аз қабили Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммад хеле муҳим буда, бо кӯшишҳои онҳо дар раванди баргузории тақсимбандии марзӣ - маъмурии миллӣ барои таъсиси Тоҷикистони шуравӣ аҳамияти таърихӣ дорад. Вале душманони миллат саҳму хизматҳои онҳоро дар роҳи бунёдкориву созандагӣ миллатгароӣ донистанд ва он муҷиби он гардид, ки соли 1937 се нафар фарзонафарзандони миллат: Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба қатл расанд.
Солҳои 50-уми асри ХХ онҳо сафед шуда, доир ба фаъолияти ҳизбию сиёсиашон онҳо асару мақолаҳои зиёд интишор мешаванд. Маҳз замони истиқлоли давлатӣ барои гиромидошти кору пайкори онҳо иқдомҳои арзишманд амалӣ гаштанд. Аз ҷумла, 27-уми июни соли 2006 бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ду нафар ҷонфидоёни Ватан Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии мамлакат – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ба номи онҳо мактаби олӣ, пули миллӣ, кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда мешаванд.
Санаи 19-уми май бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як амали хайр нисбати ин фарзонафарзандони миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад амалӣ гардид. Мушти хоке аз қабри онҳо ба Ватан оварда, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Ин амали наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо хотираи таърихиро эҳё мекунад, балки ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва арзишҳои миллиро дар ҷомеаи муосири тоҷик таҳким мебахшад.


САИДҚУЛ МАҲКАМОВ,
номзади илмҳои таърих

Санаи нашр: 11.06.2026 №: 113