ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОИ ҲИФЗИ ҶАНГАЛҲО ВА МУҚОВИМАТ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
![]()
Дар меҳмонхонаи «Kangurt»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи Созмони Осиё оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангал (AFOCO) баргузор гардид, ки дар он намояндагони 18 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҳамоиши мазкур ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди идоракунии устувори захираҳои ҷангал табдил ёфт.
Ҷаласаро директори Агентии хоҷагии чангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин ҳамоиш барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ аҳамияти калон дорад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, коҳиши гуногунии биологӣ, биёбоншавӣ ва афзоиши офатҳои табиӣ, рӯ ба рӯ аст. Дар чунин шароит ҷангалҳо на танҳо ҳамчун манбаи захираҳои табиӣ, балки ҳамчун омили муҳими нигоҳдории мувозинати экологӣ, танзими иқлим ва таъмини амнияти экологӣ нақши калидӣ мебозанд.
ТОҶИКИСТОН ВА СИЁСАТИ БАРҚАРОРСОЗИИ ҶАНГАЛҲО
Дар ҷараёни чаласа зикр гардид, ки Тоҷикистон ба масъалаи ҳифз ва барқарорсозии ҷангалҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Танҳо дар се моҳи аввали соли 2026 корҳои бунёд ва барқарорсозии ҷангалзорҳо дар майдони 2478,1 гектар анҷом дода шуданд. Ин тадбирҳо ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими амнияти экологӣ мусоидат мекунанд.
Коршиносон таъкид намуданд, ки ҷангалҳо дар коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, пешгирии эрозияи замин, ҳифзи гуногунии биологӣ ва танзими захираҳои об нақши муассир доранд. Аз ин рӯ, густариши майдони ҷангалзорҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
AFOCO – ШАРИКИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон аз соли 2023 узви комилҳуқуқи Созмони Осиё оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангал мебошад. Дар ин муддат ҳамкориҳо дар самти ҳифз ва барқарорсозии ҷангалҳо, татбиқи лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди идоракунии устувори захираҳои табиӣ густариш ёфтаанд.
Роҳбари Созмони Осиё оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангал Кун Ҷу Лиас аз сатҳи баланди ташкили ҳамоиш дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки ҳатто кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея, аз таъсири тағйирёбии иқлим осеб мебинанд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир дар Корея боришоти шадид, гармшавии ғайримуқаррарии ҳаво ва сӯхторҳои бузурги ҷангал бештар ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ, ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ барои коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим аҳамияти бештар пайдо кардааст.
НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Дар рӯзи дуюми ҳамоиш дар Боғи Ирам намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 20 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла меваву сабзавот, тухмиҳои маҳаллӣ, гиёҳҳои шифобахш, ниҳоли дарахтон ва намунаи хӯрокҳои миллӣ ба тамошо гузошта шуданд.
Сармутахассиси Агентии хоҷагии ҷангал Иноятулло Атоев иброз дошт, ки намоишгоҳ имконият фароҳам овард, то меҳмонони хориҷӣ бо дастовардҳои соҳа ва фарҳанги деҳоти Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд. Меҳмонони хориҷӣ аз сифати маҳсулоти пешниҳодшуда ва таъми меваю гиёҳҳои маҳаллӣ изҳори хушнудӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин маҳсулоти табиӣ ва хушсифатро дар дигар кишварҳо кам мушоҳида мекунанд.
ҚАДАМИ НАВ БА СӮЙИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ
Дар доираи Ассамблея як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами марбут ба ҳифзи ҷангалҳо ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, тасмим гирифта шуд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Корея нишасти сатҳи баланд оид ба коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои ҷангал баргузор гардад.
Ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи AFOCO бори дигар нишон дод, ки ҳалли мушкилоти экологӣ танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи технологияҳои муосир имконпазир аст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар роҳи ҳифзи захираҳои табиӣ ва рушди «иқтисоди сабз» таъкид намуд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
