ТОҶИКОБОД. ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО МАСИРИ РУШДРО ДИГАР МЕКУНАНД
Шароити ҷуғрофӣ ва иқлими ноҳияи Тоҷикобод имконият медиҳад, ки парвариши навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва рустаниҳои бордиҳанда дар мавзеъҳои гуногуни он ба роҳ монда шуда, ҳосили фаровон ба даст оварда шавад.
Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия дар асоси Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021-2025 амал намуда, масирҳои нави рушдро барои таъмини зиндагии шоиста фароҳам меоранд.
Тавре Сироҷиддин Маҳмадҷонов, мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, зимни суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, барномаи рушд ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ, самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд. Ҳадаф аз роҳандозии он таъмини рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар асоси коркарди саноатӣ ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, беҳтар намудани хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, Барномаи мазкур 196 лоиҳаро ба маблағи 139 миллион сомонӣ дар бар мегирад ва дар панҷ соли амали он 143 лоиҳа ба маблағи 150 миллиону 106 ҳазор сомонӣ ба иҷро расида, амалисозии 7 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 6 миллион сомонӣ идома дорад.
Ҳоло Барномаи рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2026-2030 мавриди амал қарор гирифтааст. Ин Барнома 162 лоиҳаро ба маблағи 131,45 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар бахшҳои кишоварзӣ 25, саноат 19, сайёҳӣ 5, нақлиёт ва роҳсозӣ 14, соҳибкорӣ 10, маориф ва илм 18, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 15, фарҳанг 8, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва таъмини оби нӯшоӣ 10, ҷавонон ва варзиш 8, барқ 12, ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист 18 лоиҳаро дар бар мегирад.
Маблағгузории 33 лоиҳа дар ҳаҷми 20,35 миллион сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 лоиҳа дар ҳаҷми 9,7 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 57 лоиҳа ба маблағи 63,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии маҳал ва 43 лоиҳа ба маблағи 37,6 миллион сомонӣ аз тарафи шарикони рушд амалӣ мешавад.
- Ҳоло дар ноҳия татбиқи давраи нави Барнома дар амал буда, то имрӯз 7 лоиҳа ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ дар амал қарор дошта, лоиҳаҳои боқимонда дар омӯзиш қарор доранд. Бо амалишавии он на танҳо симои маркази ноҳия ва марказҳои ҷамоатҳои деҳот, балки дурдасттарин деҳаву маҳалҳои аҳолинишин симои худро дигар мекунанд. Зиндагии аз ин ҳам беҳтар низ барои сокинони ноҳия фароҳам оварда мешавад, - гуфт дар хотимаи суҳбат С. Маҳмадҷонов.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
