ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ БУЗУРГДОШТИ СИНО ТО ЭҲЁИ ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ ТИББИ ТОҶИК

15 июн 2026, Душанбе
8


Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 2026 “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” яке аз иқдомҳои муҳим ва таърихие мебошад, ки аҳамияти бузурги илмию фарҳангӣ ва байналмилалӣ дорад. Ин ташаббус на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои яке аз нобиғаҳои бузурги тамаддуни башарӣ аст, балки ба таҳкими нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ низ мусоидат мекунад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба арзишҳои илму маърифат, рушди тиб, навоварӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар чунин шароит иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як амали дурбинона ва фарҳангпарварона аҳамияти вижа касб мекунад.
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, ки дар таърихи илм бо номи Авитсенна низ маъруф аст, яке аз барҷастатарин олимон, табибон ва файласуфони ҷаҳон мебошад. Осори ӯ, бахусус китоби машҳури «Ал-Қонун фи-т-тиб», садсолаҳо ҳамчун дастури асосии тиб дар донишгоҳҳои Шарқу Ғарб истифода мегардид. Маҳз тавассути осори Ибни Сино илми тиб дар ҷаҳон марҳалаи нави рушдро касб намуд. Ӯ ба ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳо бо усули илмӣ муносибат карда, асоси як қатор равандҳои тибби муосирро гузоштааст.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи эҳтироми амиқи давлат ва Ҳукумати кишвар ба арзишҳои илмӣ ва донишу маърифат мебошад. Тавре аён аст, Сарвари давлат дар тули фаъолияти сиёсии хеш ба эҳёи мероси фарҳангӣ ва илмии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Пешвои миллат осори бузургони илму адаб дубора нашр гардида, ҷашнҳои байналмилалии шахсиятҳои таърихӣ баргузор шуданд ва симои фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам беҳтар ва густурдатар муаррифӣ гардид. Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб метавонад ба рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни кишварҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои тиббӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Таъсиси ин Ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ олимон, табибон ва муҳаққиқонро дар дохил ва хориҷи кишвар ангезаи тоза бахшида, ба омӯзиши амиқтари мероси ҳакими ҳама давру замонҳо – Абуалӣ ибни Сино ва пешбурди илмҳои тиббӣ ҳавасманд месозад. Ҳамзамон, ин иқдоми Пешвои миллат барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба имкониятҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон низ ба таври амалӣ мусоидат мекунад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳое муваффақанд, ки метавонанд мероси таърихию фарҳангии худро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Тоҷикистон бо доштани нобиғаҳое ҳамчун Абуалӣ ибни Сино – алломаи илми тиб, физика, мантиқ, риёзиёт ва фалсафа, Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ – асосгузори илми алгебра (калимаҳои «алгоритм» ва «алгебра» аз осори ӯ пайдо шудаанд), Абурайҳони Берунӣ – донишманди илмҳои астрономия, география, математика ва физика, Умари Хайём – яке аз бузургтарин ахтаршиносон ва риёзидонҳои ҷаҳон, ки дар ҳалли муодилаҳои дараҷаи сеюм ва тартиб додани тақвими Ҷалолӣ саҳми бузург дорад, Насируддини Тӯсӣ – созандаи расадхонаи Мароға ва муаллифи корҳои муҳим дар тригонометрия ва астрономия, Аҳмади Фарғонӣ – яке аз машҳуртарин ситорашиносони ҷаҳони ислом, ки осораш ба забони лотинӣ тарҷума шуда буд, Ғиёсиддини Ҷамшеди Кошонӣ, ки арзиши дақиқи адади π-ро бо саҳеҳияти бесобиқа ҳисоб кардааст, Абулвафои Бузҷонӣ, ки дар рушди илми тригонометрия ва ҳисобҳои астрономӣ саҳми калон гузоштааст ва дигар чеҳраҳои бузурги тамаддун имконияти бузурги муаррифии фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалиро дорад. Аз ин нуқтаи назар, таъсиси Ҷоизаи мазкур як воситаи муҳими дипломатияи фарҳангӣ мебошад.
Ҷомеаи тиббии Тоҷикистон аз ин иқдоми Пешвои миллат бо эҳсоси ифтихор истиқбол менамояд. Барои кормандони соҳаи тандурустӣ номи Абуалӣ ибни Сино рамзи дониш, инсонпарварӣ, садоқат ба касб ва хизмат ба ҷомеа мебошад. Имрӯз низ бисёр принсипҳои ахлоқӣ ва касбии пешниҳоднамудаи ӯ дар фаъолияти табибон аҳамияти худро нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла, Ибни Сино ба муносибати инсондӯстона нисбат ба бемор, риояи покизагӣ, тарзи ҳаёти солим ва масъулияти баланди табиб аҳамияти аввалиндараҷа медод.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ин шахсияти бузург метавонад барои баланд бардоштани мақоми илми тиб дар Тоҷикистон таъсири бузург расонад.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ҳамчун ватани фарзандони бузурги илм ва фарҳанг имрӯз низ ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти илму маърифат роҳандозӣ менамояд. Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб метавонад минбари муҳими ҳамгироии олимон ва муҳаққиқон гардад ва барои рушди соҳаи тиб дар миқёси байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.


Хушвахт ШАРИФЗОДА,
сардори раёсати тандурустии
шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 12.06.2026 №: 114