ИСТАРАВШАН. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ДАР МАВЗУИ «БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД»
Дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар мавзуи «Бузургонро бузургон зинда медоранд» ҳамоиш баргузор шуд.
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Истаравшан Парвиз Зафарзода, ҳайати гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ, ҷавонон, рӯзноманигорон, ҳизбҳои сиёсӣ, собиқадорон ва имомхатибон иштирок доштанд.
Ҳамоишро Парвиз Зафарзода оғоз намуда, иброз дошт, ки бо иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19-уми майи соли 2026 мушти хоки се нафар бузургони миллат, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба шаҳри Душанбе оварда шуд, ки ин нишони олии арҷгузорӣ ба корномаҳои ин қаҳрамонони миллат мебошад.
Зикр гардид, ки Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз шахсиятҳои сиёсӣ ва давлатӣ буд. Ӯ барои ташкил ва пойдории давлати тоҷикон хизмати арзанда кардааст. Шириншоҳ Шоҳтемур барои муттаҳид сохтани мардум, рушди фарҳанг ва ҳифзи манфиатҳои миллат талошҳои зиёд намудааст. Ҷасорат ва садоқати ӯ сабаб гардид, ки номи ӯ дар таърих ҷовидона монад.
Нусратулло Махсум аз ҷумлаи фарзандони фарзонаи миллат буда, яке аз роҳбарони аввалини Тоҷикистон мебошад. Ӯ барои пешрафти давлат ва беҳтар гардидани зиндагии мардум хизмати арзанда кардааст. Нусратулло Махсум ҳамеша барои адолат, дӯстии халқҳо ва рушди ҷомеа кӯшиш менамуд. Меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба Ватан ва мардум хеле бузург буд.
Нисор Муҳаммад низ бо корномаҳо ва хизматҳои худ дар байни мардум маъруф гардидааст. Ӯ барои ҳифзи шарафу номуси миллат ва хизмат ба ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Корномаҳои чунин фарзандони миллат барои ҷавонон намунаи ибрат мебошанд.
Дар идома баромадкунандагон оид ба корномаҳои фарзандони фидоии миллат ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки хизматҳои ин абармардони миллат беназир буда, онҳо тавонистанд дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза баранд ва маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи қавии хеш пояҳои давлатдории тоҷиконро таҳким бахшанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ гуфта шуд, ки хидматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи таърихи миллӣ, гиромидошти фарзандони фарзонаи Ватан ва таҳкими худшиносии миллӣ арзиши бузурги таърихӣ доранд ва дар ин замина баргузор гаштани чунин ҳамоишҳо барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун мактаби ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба давлат хидмат хоҳад кард.
Саъдулло МАҲКАМОВ, ш. Истаравшан
