ШОМИ ШАНБЕ

15 июн 2026, Душанбе
0


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


ФИЛВОРДИ «БУТСИ ТИЛЛОӢ»
Дар ин филворд насаби футболбозҳое, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон ҳамчун нишонзанҳои беҳтарин соҳиби ҷоизаи «Бутси тиллоӣ» шудаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР


ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ФУТБОЛ»:
1. Тӯб. 2. Гол. 3. Тим. 4. Довар. 5. Ҳеттрик. 6. Мусовӣ. 7. Бошгоҳ. 8. Дарвозабон. 9. Ҳамлагар. 10. Нимҳимоятгар. 11. Аутсайдер. 12. Лайнсмен. 13. Автогол. 14. Камбэк. 15. Мундиал.
16. Болбой. 17. Вингер. 18. Ёздаҳметра. 19. Офсайд. 20. Прессинг. 21. Гандикап.


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ПОДОШИ НЕКӢ


Иҷрокунандаи қаҳ-рамони асосии филми "Роҳзанҳои баҳри Кариб" Ҷонни Депп қарзҳои калони дӯсти деринааш Николас Кейҷро пурра пардохта, ба ӯ гӯё умри дубора мебахшад.
Гап сари ин аст, ки вақте солҳои аввали 80-уми асри ХХ Ҷонни Депп бо орзуи сарояндаи машҳур шудан ба Лос-Анҷелес меояд, аз бекасӣ на танҳо ба ин комёб намегардад, балки барои ба даст овардани қути лоямут шабонарӯз заҳмат мекашад. Аммо вақте ба шарофати ҳамсараш Лори Энн Эллисон бо Николас Кейҷ шинос мешавад, зиндагияш ранги дигар мегирад. Маҳз бо маслиҳат ва дастгириҳои беғаразонаи Николас ӯ роҳи синаморо пеш гирифта, ба саҳнаи калон роҳ ёфтаву муваффақ мегардад.
Аз қазо баъди солҳои зиёд Николас Кейҷ дар сарпарастии як лоиҳаи умедбахш ноком гашта, миллионҳо доллар қарздор мемонад. Вақте Ҷони Депп огоҳ мешавад, ки Николас аз ноилоҷӣ ба фурӯхтани амвол, аз ҷумла манзилҳои истиқоматияш, шуруъ кардааст, ҷавонмардона, тамоми қарзҳои ӯро пардохт менамояд.
Бовар нокарданист, вале ин далели он аст, ки одамият ҳанӯз зинда аст!


Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


ҲИКМАТҲО АЗ МОДАР ТЕРЕЗА
Сухани нек метавонад кӯтоҳ бошад, аммо он дар дилҳо беохир акси садо медиҳад.
* * *
Ба мо камону туфанг даркор нест. Барои пирӯзӣ бар бадӣ меҳру ҳамдардӣ кофист.
* * *
Гуноҳи бузургтарини инсон на нафрат, балки бепарвоӣ дар ҳаққи одамон аст.
* * *
Нодории бузургтарин қалби аз муҳаббат холист.
Таҳияи Кароматулло АТО


ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
МУРОҶИАТИ РЕЙГАН БА ГОРБАЧЁВ
Дар ҳамин рӯз, яъне 12-уми июни соли 1987, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роналд Рейган дар назди Бренденбург Гейт баромад карда, сухани машҳури худро гуфт. Дар он давра Девор Берлин (Berlin Wall) рамзи ҷудоии Олмон ва муқовимати сиёсӣ байни Шарқ ва Ғарб ба ҳисоб мерафт.
Рейган дар муроҷиат ба роҳбари Иттиҳоди Шуравӣ Михаил Горбачёв гуфт: «Ҷаноби Горбачёв, ин деворро фурӯ резед!». Ин ҷумла ба яке аз машҳуртарин ибораҳои сиёсии асри XX табдил ёфт. Пас аз ду сол, яъне соли 1989, Девори Берлин фурӯ рехт ва ин рӯйдод оғози марҳалаи нави таърихӣ дар Аврупо ва яке аз рамзҳои анҷоми “ҷанги сард” гардид. Суханронии Рейган то имрӯз ҳамчун даъват ба озодӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо арзёбӣ мешавад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ҚАТРАИ ҲАЁТ
Ҷавоне мехост ба мардум ёрӣ расонад, аммо намедонист, ки чӣ гуна. Як рӯз дар беморхонаи шаҳр эълон карданд, ки барои наҷоти беморе хун лозим аст. Ҷавон, ки солим буд, тасмим гирифт донор шавад. Пас аз супурдани хун ӯ ба хона баргашт ва ин амалро кори одӣ ҳисобид.
Чанд моҳ пас ӯ дар кӯча пирмардеро вохӯрд, ки бо чашмони пур аз меҳр ба ӯ менигарист. Мӯйсафед гуфт:
– Писарам, ту маро намешиносӣ, вале ман туро мешиносам. Вақте набераам дар беморхона буд, хуни ту барои наҷоти ӯ истифода шуд. Имрӯз ӯ саломату хушбахт аст.
Ҷавон ҳайрон шуд. Ӯ то он рӯз фикр мекард, ки танҳо чанд дақиқа вақт ва як миқдор хун додааст. Аммо акнун дарк кард, ки дар асл ба касе ҳаёти нав бахшидааст.
Пирмард ба дарахти бузурге ишора карду гуфт:
– Вақте дарахт мева медиҳад, худ намедонад, ки мевааш ба кӣ мерасад. Донор ҳам ҳамин гуна аст.
ҲИКМАТ: қатраи хуне, ки имрӯз мебахшӣ, метавонад фардо барои касе ба як умри пурра баробар бошад. Донор шудан на танҳо амали нек, балки наҷоти ҷони инсон аст.


Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАРК ТВЕН
Аз қазо як дӯсти наздик аз Марк Твени номдор қарз гирифта, ваъда медиҳад, ки расо баъди як моҳ, агар намирад, бармегардонад.
Чун рӯзи ваъда қарз барнамегардад, Твен ба ин мазмун эълон навишта, дар газета чоп мекунад:
– Бо андуҳи зиёд хабар медиҳам, ки дӯсти ман Гарри Дункан аз дунё гузашт. Ӯ як моҳ пеш аз ман 500 доллар гирифта, ваъда дода буд, ки агар намирад, сари вақт бармегардонад. Вале дирӯз муҳлати қарз ҳарчанд ба охир расид, маблағи ман барнагашт. Бинобар ин, чун Гарри марди ростқавл буд, бо дили пур метавон гуфт, ки сабаби барнагардондани қарз, яқин, марги нобаҳангомаш мебошад. Ҷояш ҷаннат бошад, омин!
Пагоҳ ҳамин ки рӯзнома аз даст ба даст ба тамоми шаҳр рафта мерасад, Гарри Дункани «мурда» якбора «зинда» шуда, 500 доллари нақдро ба соҳибаш бармегардонад.


Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


ЯК ПОСУХИ МАНТИҚӢ
Вақте аз Анна Стал мепурсанд, ки чаро хонумҳои зебо нисбат ба бонувони донишманд серхаридоранд, ба ин маънӣ посухи аҷиб медиҳад:
– Ин як амри табиист. Бубинед, мардони кӯр қариб ки нестанд ва ҳама зебоиро дидаву мепарастанд, вале аблаҳон миёни ин тоифа ончунон зиёданд, ки фарқи судро аз зиён дарк намекунанд.


Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА


КИТОБФУРӮШ
Аз китобфурӯше пурсиданд: “Чаро вақте нестӣ дари дуконро намебандӣ?” .
Посух дод: “Онҳое, ки савод надоранд китоб намедузданд ва онҳое, ки китоб мехонанд, дуздӣ намекунанд”.


Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ - 2026
Он аз кадом ҷиҳат бесобиқа аст?


Бори аввал дар таърихи ин мусобиқа се кишвар мизбон мешавад: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада. Бозиҳо дар 16 варзишгоҳи 16 шаҳри Амрикои Шимолӣ баргузор хоҳанд гашт.
Хусусияти бесобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 миқёс ва меъмории нави он мебошад. Теъдоди дастаҳои ширкаткунанда аз 32 ба 48 ва шумораи бозӣ аз 64-тои муқаррарӣ ба 104 мерасад. Тими миллии Ӯзбекистон, Кабо-Верде, Кюрасао ва Урдун бори аввал дар ин мусобиқа ширкат меварзанд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ДУГОНИКҲО АЗ ЯК МОДАРУ ДУ ПАДАР


Як зани 19-солаи сокини Бразилия, ки номаш ифшо нашудааст, баъд аз 8 моҳи таваллуди дугоникҳояш барои муайян кардани падари навзодон санҷиши ДНК гузаронд. Дар натиҷа муайян шуд, ки дугоникҳояш падарҳои биологии гуногун доранд. Ин як падидаи нодир аст, ки онро суперфекундатсияи гитеропатерналӣ меноманд.
Духтур Тулио Хорхе Франко шарҳ додааст, ки дар саросари ҷаҳон танҳо 20 чунин ҳолат маълум аст. Ин як ҳодисаи хеле нодир аст ва танҳо тавассути санҷиши ДНК муайян карда мешавад.


Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


РЕКОРДИ ПИРМАРДИ 97-СОЛА
Сокини 97-солаи ИМА Роберт Гордон Макафи куҳансолтарин шахсе гардид, ки тавонист дар шароити бевазнӣ ва ё ба сифр баробар будани қувваи ҷозиба парвоз кунад.
Барои иҷрои ин амал аз ҳавопаймои махсус истифода бурда шуд, ки муҳити монанд ба фазоро фароҳам меорад. Ҳамин тариқ, Роберт Макафи бо ин амалаш рекорди қаблии Эд Дуайти 90-соларо шикаст ва ҳамчун куҳансолтарин фарде, ки дар чунин ҳолат парвоз кардааст, ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид шуд. Бояд гуфт, ки чунин парвозҳои кӯтоҳмуддатро ширкати «Zero G» дар осмони болои ИМА анҷом медиҳад.


Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ДУГОНИКҲО АЗ ЯК МОДАРУ ДУ ПАДАР


Як зани 19-солаи сокини Бразилия, ки номаш ифшо нашудааст, баъд аз 8 моҳи таваллуди дугоникҳояш барои муайян кардани падари навзодон санҷиши ДНК гузаронд. Дар натиҷа муайян шуд, ки дугоникҳояш падарҳои биологии гуногун доранд. Ин як падидаи нодир аст, ки онро суперфекундатсияи гитеропатерналӣ меноманд.
Духтур Тулио Хорхе Франко шарҳ додааст, ки дар саросари ҷаҳон танҳо 20 чунин ҳолат маълум аст. Ин як ҳодисаи хеле нодир аст ва танҳо тавассути санҷиши ДНК муайян карда мешавад.


Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


STROTTARGA BIANCO – ҚИМАТТАРИН ХӮРИШ
Хӯриши Strottarga Bianco гаронарзиштарин ғизо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Онро аз тухми моҳии нодири албинос-белуга омода мекунанд. Барои ба даст овардани як килограмм маҳсулоти тайёр панҷ килограмм икраи коркарднашуда лозим аст.
Истеҳсолкунанда тухми аълосифати ин намуди моҳиро хушк карда, ба хока табдил дода, ба он тиллои ошӣ (тиллои 22-карата) илова мекунад.
Хӯриши Strottarga Bianco ихтирои моҳипарвари австрягӣ Волтер ва писари ӯ Патрик аст. Нархи як килограмми он аз 113360 доллар оғоз мешавад. Аммо онро метавон бо фармоиши пешакӣ ва танҳо дар тарабхонаи Grüll дар Австрия харид.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


ВАҚТЕ ПАДАРУ МОДАР РОСТГӮЙИРО ҚАДР МЕКУНАНД


Кӯдаке ҳангоми бозӣ кӯзаи қиматбаҳоро шикаст. Модар пурсид:
— Кӣ ин корро кард?
Кӯдак метавонист дурӯғ гӯяд, вале гуфт:
— Ман шикастам.
Модар ӯро ҷазо надод ва гуфт:
— Ман аз шикастани кӯза не, агар ту дурӯғ мегуфтӣ ғамгин мешудам.
ПАНД: вақте падару модар ростгӯйиро қадр мекунанд, фарзанд ростқавл ба воя мерасад.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ


10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ ПАС АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУДАНД
9. Ҷулиан Дикс


Муҳофизи афсонавии «Вест Хэм» ва «Ливерпул» Ҷулиан Дикс (бо лақаби "Терминатор") пас аз анҷоми корномаи футболиаш ба голфи касбӣ рӯ овард.
Соли 1999 бо сабаби ҷароҳати вазнини зону ӯ маҷбур шуд, ки футболро тарк кунад ва барои рафъи афсурдагӣ ва стресс ба бозии голф шуруъ намуд. Дар голфи ҳаваскорӣ натиҷаҳои олӣ нишон дода, аввали солҳои 2000-ум расман голфбози касбӣ шуд.


Таҳияи У. САФАРАЛӢ


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
СЕ НАФАРЕ, КИ ҲАМЧУН БОЗИГАР ВА ҲАМ МУРАББӢ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ШУДАНД
Аввалин касе, ки ба ин дастовард ноил шуд, Марио Загаллои бразилиягӣ буд. Ӯ ҳамчун бозигар солҳои 1958 ва 1962 ва чун мураббӣ соли 1970 унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овардааст. Баъдан, ин дастовардро Франс Беккенбауэр бо тими миллии Ҷумҳурии Федеративии Олмон (Олмони Ғарбӣ) ҳамчун бозигар соли 1974 ва чун мураббӣ соли 1990 ва Дидие Дешам бо тими миллии Фаронса ҳамчун бозигар соли 1998 ва ба сифати мураббӣ соли 2018 такрор карданд. Айни замон Дидие Дешам сармураббии тими миллии Фаронса аст ва имкон дорад, ки ҳамчун сармураббӣ бори дуюм чемпиони ҷаҳон шавад.
Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ


ДОНИШГОҲИ ҚАДИМТАРИН ДАР ҶАҲОН
Бино ба иттилои ЮНЕСКО ва "Китоби рекордҳои Гиннесс”, Донишгоҳи Ал-Қaрaвийини Марокаш куҳантарин муассисаи таҳсилоти олии олам ба ҳисоб меравад.
Тавре таърихнигорон таъкид месозанд, ин боргоҳи илм соли 859 аз ҷониби Фотима бинти Муҳаммад ал-Фахрӣ таъсис ёфта, дар асрҳои миёна дар рушду густариши муносибатҳои фарҳангии мамолики Шарқ ва Аврупо саҳми арзанда гузоштааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ИҚТИБОСҲОИ ҶОЛИБ БАРОИ АНДЕША


Ранги ҳақиқат хокистарӣ аст.
(Андре Гиде)


Ман мушоҳида кардам ҳатто одамоне, ки иддао доранд, ҳама чиз пешакӣ муайян шудааст ва мо наметавонем чизеро тағйир диҳем, ҳангоми убур аз роҳ ҳамеша ба ду тараф менигаранд.
(Стивен Ҳокинг)


Ҳаёт он чизе нест, ки шумо ба даст меоред, чизест, ки шумо месозед.
(Стефани Перкинс)
Таҳияи УМАРАЛӢ С.


КЛИНТ МАЛАРЧУК ВА ФОҶИАИ РӮЙИ ЯХ
Соли 1989 ҳангоми бозии ҳоккей байни дастаҳои «Баффало Сейбрз» ва «Сент-Луис Блюз» (NHL) гулуи дарвозабони «Баффало Сейбрз» Клинт Маларчукро теғи конкии Стив Таттл тасодуфан мебурад. Дар натиҷа аз рагҳои гарданаш рӯйи ях хуни бисёр ҷорӣ мешавад.
Вақти рух додани ин ҳодиса 11 тамошобин беҳуш ва ду нафараш ба сактаи дил дучор, инчунин, се ҳоккейбози дигар дилбеҳазур мешаванд.
Маларчук худаш аз ҷояш бархоста, майдони бозиро тарк мекунад. “Ман медонистам, ки модарам бозиро тавассути телевизион тамошо дорад ва намехостам марги маро бубинад”, – мегӯяд Маларчук. Ӯ ба шарофати ёрии саривақтии мураббиаш зинда монд ва фаъолияти варзишии худро идома дод.
Дар омади гап, вай соли 2008 тасодуфан бо тапонча ба сари худ мепарронад ва боз ҳам зинда мемонад.


Таҳияи Наргис АТОЕВА

Санаи нашр: 12.06.2026 №: 114