
Дар замони муосир сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун муҳимтарин арзиши умумимиллӣ асоси пойдории давлат ва кафили рушди устувори ҷомеа мебошад. Имрӯз ҳар як давлати соҳибистиқлол дар заминаи ҳамгироии миллӣ ва тафоҳуми шаҳрвандон метавонад барои амнияти дохилӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Аз таҷрибаи давлатҳои гуногун, хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мо хуб равшан аст, ки танҳо дар фазои ваҳдат ва сулҳ ҷомеа метавонад аз низоъ ва буҳрон гузашта, ба роҳи бунёдкорӣ ворид гардад ва ин масирро пайгирона идома диҳад.
Таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи муассири ҳифзи ҳамбастагӣ ва рушд, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пурпечутоб гардидани равандҳои сиёсии ҷаҳон, ки таҳдидҳо ва ноустувориҳо зиёд мешаванд, муҳим аст. Барои дарк намудани мафҳуми “ваҳдат” ва “сулҳ” дар илмҳои сиёсӣ ба шарҳу тавзеҳи ин ду арзиш мепардозем.
Ваҳдат ҳамчун категорияи фалсафӣ аз замони ба сатҳи шуури ибтидоӣ расидани инсон то ба имрӯз дар ташаккули тамаддуни башарӣ, шаклгирии раванду падидаҳои сиёсӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ нақш гузоштааст. Ваҳдат яке аз омилҳои асосии таъминкунандаи устувории низоми сиёсиву ҷамъиятӣ буда, гурӯҳи одамонро зери чатри ҳадафи мушаххас муттаҳид мекунад. Асоси ваҳдатро ба ҳам омадани гурӯҳи одамон зери як манфиат, идеология ва ё фарҳанги хос ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки вожаи “ваҳдат” дар нисбати сулҳ дорои маънои васеътар буда, он на танҳо набудани муноқишаро, балки ҳамфикрӣ, дӯстӣ ва якдилии гурӯҳи одамонро дар зери як ғоя таҷассум месозад. Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки ҳолати сулҳ дар ҷомеа он вазъиятест, ки дар он ҷанг қатъ гардидааст, вале пойдории оромӣ ва субот дар он таъмин нест. Аммо ваҳдат як зинаи болотарест, ки он нишон медиҳад, аҳли ҷомеа на танҳо ҷанг намекунанд, балки бо якдигар дар ҳамзистии осоишта, ҳамдилӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳамкории устувор умр ба сар мебаранд.
Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд. Ин марҳала, ки дар илми сиёсатшиносии муосир бо номи «сулҳсозӣ ё эҷоди сулҳ” ёд мешавад, аз лиҳози аҳамият камтар аз марҳалаи сулҳофаринӣ нест, балки бештар мебошад, зеро ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида – миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, яктану якдил бошанд ва давлат барои амалӣ гардидани ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо ва роҳу усулҳо мақсаднок истифода намояд.
Дар баробари мафҳумҳои “сулҳ” ва “ваҳдат” дар Тоҷикстон мафҳуми “оштии миллӣ” низ яке аз равандҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошад, ки ба барқарор кардани эътимод, бахшиш, рафъи кинаву ихтилофҳо ва баргардондани ҳамбастагии ҷомеа пас аз муноқиша, ҷанг ё низоъҳои шадиди сиёсӣ равона шудааст. Мафҳум ва моҳияти ин раванд на фақат қатъи хушунатро ифода мекунад, балки фаротар аз он ба тағйири тафаккури ҷамъиятӣ, гузариш аз муқобилгузорӣ ба ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобиларо дар бар мегирад. Яке аз ҷанбаҳои муассири таҷрибаи тоҷикон ин татбиқи назарияи сулҳсозӣ тавассути оштии миллӣ мебошад. Оштии миллӣ фарогири унсурҳои зиёд, аз ҷумла эътирофи хатоҳои гузашта, бахшиш ва таҳаммулпазирӣ, барқарорсозии адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии муштарак барои ҳамаи қишри ҷомеа мебошад. Қобили зикр аст, ки ин се арзиши бебаҳо дар робитаи диалектикӣ қарор дошта, дар тақвияти ҳамдигар нақши азим доранд. Сулҳ натиҷаи аввалин ва муҳимтарин омилест, ки барои раванди оштии миллӣ замина эҷод мекунад. Оштии миллӣ бошад, сулҳро аз ҳолати муваққатӣ ба арзиши устувори ҷомеа табдил дода, таҳким мебахшад. Дар ин бора муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Қурбон Восеъ таъкид мекунад: “Бе оштии воқеӣ, сулҳ метавонад осебпазир бошад, зеро кина, нобоварӣ ва адовати пинҳонӣ боқӣ мемонанд. Оштии миллӣ ин омилҳоро аз байн мебарад ва сулҳро пойдор месозад”.
Дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ натиҷаи мантиқии сулҳ ва оштии миллӣ гардида, чун раванд ба назарияҳои муосири ин ду арзиш мувофиқат карда тавонист ва чун падида онҳоро ба як низоми ягонаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ табдил дод. Набояд фаромӯш кард, ки дар андешаву тафаккури гузаштагони миллати мо фарҳанги сулҳ ҳамеша мақоми марказӣ доштааст ва дар замони муосир низ ҳамон шиори аҷдодии мо «пиндори неку гуфтори неку рафтори нек» бояд муаррифномаи ин миллати сулҳхоҳу сулҳофар бошад. Эҳтироми мақому манзалати инсон ва адолату инсоф дар нисбати ҳар нафари дигар, хоҳ худӣ бошаду хоҳ бегона ва раво дидан пойдевори неруманди маънавии давлату миллати моро аз замонҳои қадим ташкил медод ва имрӯз низ ҳамин меъёрҳо метавонанд бурди моро таъмин намоянду бартарияти моро нишон бидиҳанд.
Агар гузаштагони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо аз сулҳу созандагӣ ва суботу бунёдкорӣ ҳарф зада бошанд, таваҷҷуҳ ба арзиши ҳаётӣ ва волои сулҳ дар замони ноорому носолим возеҳтару амиқтар ба назар мерасад. Агарчи Саъдии хушсухан шиори худро «ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг» қарор дода бошад, Мавлонои некандеш «мо барои васл кардан омадем» мегӯяд. Яъне, ҳар халқе дар муҳите вазифаву масъулияте дорад. Миллати тоҷик дар таърихи мавҷудияташ ҳамеша муваззаф будааст, ки на танҳо дар ниҳоди мардуми тоҷик, балки дигар қавму миллатҳо тухми шафқату рафоқатро кошта, асли ҳаётро дар хушзистӣ дар байни халқиятҳо донад. Ҳамин буд, ки халқи тоҷик дар ҳама марҳалаҳои муайянкунандаи тақдири хеш вазифаи танзимгари сулҳро бар дӯш дошта, исбот намуд, ки назарияҳои классикӣ ва муосири сулҳовар на танҳо мафҳумҳои назариявӣ, балки воситаҳои амалии танзими низоъҳо низ мебошанд.
Дар тамоми марҳалаҳои таърих барои халқи тоҷик сулҳ ҳамчун яке аз арзишҳои бунёдии давлатдорӣ ва кафили бақои давлат ба шумор рафта, на танҳо рукни иҷтимоӣ, балки омили стратегии рушди давлат мебошад. Сулҳ дар навбати аввал ҳамчун асоси амнияти миллӣ, имконият фароҳам меорад, то сохторҳои давлатӣ устувор фаъолият намуда, ҳокимияти қонун таъмин гардад. Ҳамзамон ягона омили ивазнашаванда барои рафъи таҳдидҳои дохилӣ ва беруна ба ҳисоб меравад.
Дар бобати аҳамияти фавқулода доштани сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Сулҳу субот пояи асосии давлатдорӣ ва шарти муҳимтарини рушди устувори ҷомеа мебошад». Дар ҳақиқат, ин андеша нишон медиҳад, ки сулҳ дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи калидӣ дошта, барои рушди иқтисоди кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, равнақи соҳаҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ, умуман, пешрафти ҷомеа муассиртарин васила мебошад. Хушбахтона, имрӯз дар сарзамини Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойбарҷост ва боиси ифтихори зиёд аст, ки таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои беназири сиёсати муосир ба шумор меравад, ки аз аҳамияти миллӣ ва ҷаҳонӣ бархурдор аст. Муҳимтар аз ҳама, дар саргаҳи ин тарҳи таърихсоз, пеш аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ меистанд.
Дар таърихсозӣ ва таърихдорӣ нақши мардум хело муассир аст, ки дар роҳнамоӣ ва раҳкушоии онҳо ҳамеша чеҳраҳои барозанда саҳмгузорӣ мекунанд. Ин чеҳраҳо бо корномаҳои бемисолаш барои мардум улгӯ мешаванд ва дар тафаккурашон чун шахсият шакл мегиранд. Мусаллам аст, ки муҳаррики асосии ҳар як давлат ин сиёсати некбинона аст ва дар илми сиёсӣ яке аз масъалаҳои калидӣ ва хело муҳим ин нақши шахсият дар равандҳои таърихӣ мебошад. Аз таҷрибаҳои таърихӣ барои мо хуб равшан аст, ки дар марҳалаҳои буҳронӣ, ҷангҳо ва нооромии сиёсӣ маҳз роҳбарияти қавии сиёсӣ метавонад сарнавишти халқу миллати худро муайян созад. Барои ҳар миллат пеш аз ҳама, сулҳ ва ваҳдати миллӣ чун рукни муҳим аҳамияти хос доранд, ки дар таҳкиму устувории онҳо ҳамеша ирода, хирад ва масъулияти роҳбари сиёсӣ дар хатти муқаддам меистад.
Дар таълимоти Макс Вебер, ҷомеашинос, файласуф ва сиёсатшиноси олмонӣ шахсият, пеш аз ҳама, чун роҳбари сиёсӣ баррасӣ шуда, нақши шахсият дар қудрат ва давлатро чунин шарҳ медиҳад: “Сиёсат, пеш аз ҳама, масъулият аст, шахсе, ки мехоҳад бо сиёсат машғул шавад, бояд оқибатҳои амалҳои худро дар назди ҷомеа ба дӯш гирад. Барои шахсияти воқеии сиёсӣ се сифат зарур ҳастанд: шавқ ба кори сиёсӣ, ҳисси баланди масъулият ва хиради воқеиятбин”. Дар заминаи ин андеша бояд таъкид намуд, ки дар ҳақиқат, шахсиятҳое, ки масъулияти таърихиро ба дӯш мегиранд, бояд тавассути ирода, масъулият ва хиради сиёсии худ дар марҳалаҳои буҳронӣ ва нооромии иҷтимоӣ раванди таърихиро ба самти сулҳ ва суботи иҷтимоӣ равона созанд. Зеро таърих гувоҳ аст, ки сиёсат танҳо дар он марҳала муваффақ буда метавонад, ки шахсиятҳое чун роҳбар барои иҷрои масъулияти таърихӣ омода бошанд.
Дар маънои сиёсӣ мафҳум ва моҳияти “шахсияти аввалин” роҳбарест, ки давлатро дар марҳалаҳои муайян ва сарнавиштсоз раҳнамоӣ карда, самти рушди ҷомеаро равшан месозад ва чун рамзи ягонагии миллӣ дар таърих аз худ асар мегузорад. Боиси ифтихор аст, ки таърихи башарият миллати овозадор ва таърихдори тоҷикро бо фарҳангу тамаддуни оламшумул ва беназири ӯ мешиносад ва эътироф мекунад. Дар раванди чолишҳои гуногуни маънавию иҷтимоӣ, диниву мазҳабӣ, сиёсиву фарҳангӣ шахсиятҳои барозанда ба арсаи сиёсат қадам гузоштаанд ва тавонистаанд, ки дар иҷрои рисолати хеш талошҳои бедареғ варзанд. Яке аз чунин шахсияти нодири таърихӣ, аввалин тоҷике, ки баъд аз Исмоили Сомонӣ давлатдории миллии тоҷиконро барпо кард, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки имрӯз дар таърих ба ҳайси меъмори сулҳу ваҳдат шуҳрати ҷаҳониро ба даст овардаанд.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар солҳои 1990-ум аҳамият, мубрамият ва зарурати воқеии ваҳдати миллиро ифода мекунад. Дар раванди ҳаводиси ин солҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ, муттаҳидсози миллат ва шахсияти аввалини тоҷик зуҳур карданд. Тибқи назарияҳои классикӣ ва муосир дар давраҳои буҳронӣ нақши шахсият афзалият пайдо мекунад. Аз ин рӯ, шахсият дар раванди сиёсати буҳронӣ на танҳо чун мансабдор масъулият бар дӯш дорад, балки меъмори равандҳои таърихӣ низ мебошад. Дар шароити осоиштагӣ ва суботи комили сиёсӣ роҳбар дар ҳама мавридҳо, асосан, вазифаи идоракунӣ иҷро менамояд, аммо дар марҳалаҳои ҷанг, ки хатари парокандагии ин ё он миллатро таҳдид мекунад, ин шахсият ба меъмори тақдири давлат ё миллат табдил меёбад. Истилоҳи “меъмор” дар ин замина маънои рамзӣ дошта, роҳбарро ҳамчун тарроҳ, бунёдгузор ва муттаҳидсози халқу миллат таҷассум мекунад. Аз нигоҳи мафҳум ва моҳияти илмӣ меъмор шахсест, ки нақша таҳия мекунад, унсурҳои парокандаро ба воситаи тарҳи мушаххаси нақшаи хеш ба низоми воҳид табдил медиҳад ва барои оянда бинои устувор месозад. Дар сиёсати давлатӣ бошад, рисолат ва масъулияти роҳбар ҳамчун меъмор аз он иборат аст, ки ӯ стратегияи рушди давлатро таҳия карда, дар тақвияти он ҷомеаи парокандаро муттаҳид месозад. Унсурҳои муҳими сулҳро шакл медиҳад, ки ин усул чун замина ваҳдати миллиро устувор нигоҳ медорад ва аркони давлату давлатдориро ҳифз мекунад.
Сулҳ падидаи иҷтимоӣ аст, ки худ ба худ ба вуҷуд омада наметавонад. Таҷрибаи таърихи башарият борҳо исбот кард, ки он дар натиҷаи музокироти беҳад душвор, масъулу тавонмандӣ, иродаи сиёсӣ, самари қудрату масъулияти шахсии як роҳбари арзанда эҷод мешавад ва шакл мегирад. Роҳбари тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ манфиати умумимиллиро болотар аз манфиатҳои гурӯҳӣ гузошта, муколамаи сулҳро ҷойгузини хашму зӯроварӣ карданд.
Дар ин росто консепсияи оштии миллиро эҷод карданд, ки на танҳо сулҳро тақвият бахшид, балки ваҳдати миллӣ низ ба шарофати он чун рукни муассири давлату давлатдорӣ истеҳком ёфт. Бояд зикр кард, ки дар ин замина, сулҳ амалиёти сиёсӣ ва меъморӣ буда, роҳбар нақши тарроҳи сулҳи устуворро иҷро мекунад. Ҳамин тариқ, Роҳбари кишвар на танҳо чун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки чун меъмори давлатдории навин тавонистанд эҳтирому эътимоди сиёсатмадорони баландпояи ҷаҳониро ба даст оранд.
Амалияи ин андешаҳоро бо далелҳо раванди густариши сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон метавонад исбот кунад. Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарине, ки дар таърихи миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст, дар аввали солҳои 90-и асри гузашта соҳиби давлати мустақил гардидани миллати тоҷик бо номи Тоҷикистон мебошад. Баъд аз заволи Иттиҳоди Шуравӣ, ки таъмингари низоми дуқутбӣ дар ҷаҳон буд, дар Тоҷикистон тибқи тарҳи нақшаи бозигарони хориҷӣ қувваҳои сиёсии қудратталаб, гоҳ дар паси парда ва гоҳ ошкоро аз худ дарак дода, фаъол шуданд. Қудрати сиёсӣ ба омили ихтилоф табдил ёфта, мардумро ба гурӯҳҳо ва ҷонибҳои муқобил рӯ ба рӯ кард. Чунонки файласуфи англис Ҷон Локк дар ин маврид менависад: «Бузургтарин масъала, ки дар ҳама асрҳо инсониятро азият додааст, на зарурати мавҷудияти қудрат, балки масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани он будааст». Дар ҳақиқат, ҳамин масъала боис гардид, ки гурӯҳҳои таъсиргузори хориҷӣ бо роҳандозии усулҳои муҳандисии сиёсӣ, тавассути истифодаи унсурҳои носолим ва таҳрики эътиқодоти мардум, бо хароҷоти ночиз ба идоракунии эҳсосоти иҷтимоӣ даст зада, ҷомеаро ба ҳолати нооромӣ ва эътирозҳои оммавӣ рӯ ба рӯ карданд. Сабаби асосӣ ин буд, ки мо чун кишвари ҳамсоя бо Афғонистон қарор дорем, ки халқи он солҳои тулонӣ дар иҳотаи ҷангу нооромӣ азият мекашад.
Мусаллам аст, ки дар кишвари ҷангзада ҳамеша силоҳ зиёд аст ва ин силоҳ ба кишвари мо низ бо сабаби хеле заиф шудани муҳофизати сарҳад интиқол дода шуд. Дар он шабу рӯз се қувваи ба ҳам муқобил аз худ дарак доданд. Чун қисмате аз мардум қувваҳои демократӣ буданд, дар тақлид ба неруҳои демократии Россия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ хостори ҷомеаи демократӣ ва низоми демократӣ дар Тоҷикистон буданд. Дар сафи дигар қувваҳои исломӣ, яъне руҳониён бо шиорҳои динӣ ба майдони мубориза ворид мешуданд ва мехостанд, ки дар Тоҷикистон ҷумҳурии исломӣ таъсис ёбад. Қувваи сеюмро аъзоёни собиқ ҳизби коммунистӣ ташкил медоданд, ки суқути давлати шуравиро чун фоҷиа қабул карданд. Дар ниҳоят, Тоҷикистон ба минтақаи муқовимат табдил ёфт.
Шиддати ин фоҷиаи миллӣ то ба дараҷае расид, ки дар моҳи майи соли 1992 хатари маҳв шудани давлати навбунёд ба миён омад. Дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тибқи тарҳи кашидаи дасти душманони дохиливу хориҷӣ тафаккури халқ аз ҳар ҷиҳат заҳролуд шуд ва ниҳоятан бо ташкили гирдиҳамоӣ дар майдони “Шаҳидон” ва талаби истеъфои президент ва ҳукумати амалкунанда вазъ торафт печидатар гардид. Дар тули як сол ду маротиба иваз шудани сарвари давлат, таъсиси панҷ ҳукумат ва босуръат фалаҷ гаштани сохторҳои ҳокимият дар ҳамаи самтҳо нишонаҳои ҷиддии ҳамин буҳрон буданд. Дар сафи пеши ин фоҷиа мухолифин қарор доштанд, ки ба амалҳои ҷиноятии онҳо мардум фирефтаву гумроҳ шуданд ва садҳо бадбахтию нокомӣ вориди зиндагии осудаи онҳо гашт.
Дар ин замон як гурӯҳ ашхосе, ки пайомади нохушоянди ин ҷанги таҳмилии миллатсӯзро амиқан дарк мекарданд, барои бақои ҳокимияти қонунӣ ба по хестанд. Мухолифатҳои шадиди ду тараф, ки ба муноқишаи мусаллаҳона кашида шуд, барои аз миён рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаҳои нав эҷод карданд.
Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки бо таҳдид ва зӯри силоҳ қудрати сиёсиро дар Тоҷикистон соҳиб гардида буд, на танҳо вазъи нобасомони кишварро ба эътидол оварда натавонист, балки баръакс, вазъи мавҷударо ташаннуҷи бештар дода, буҳрони сиёсиро дар кишвар амиқтар намуд. Вазъ то ҳадде мураккаб гардида буд, ки ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон фирор карданд. Хусусан, дар минтақаи бузурги кишвар – Вахшонзамин муноқишаҳои мусаллаҳона ба авҷи аъло расида буданд. Минтақаи Кӯлоб бошад, дар зери таъсири гурӯҳҳои мухолифин дар муҳосираи шадиди иқтисодӣ қарор гирифт. Симои шаҳри Душанбе умуман ба пойтахти як кишвари соҳибистиқлол монанд набуд, зеро заминашро хуну фазояшро хокистар ва чашми сокинонашро ваҳму даҳшату ноумедӣ фарогир буд.
Миллати тоҷикро саргумӣ, давлати тоҷикро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро парокандагӣ таҳдид мекард. Сару садоҳо роҷеъ ба он, ки тоҷикон давлатдорӣ карда наметавонанд, аз байни дӯстону душманон баланд шуд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Эҳтимол дар куҷое нақшаи ба як ҷумҳурии мухтор табдил додани он низ масъалагузорӣ мегашт. Маҳз дар чунин вазъият дар кишвар зарурати воқеӣ ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва интихоби роҳбаре пеш омад, ки азми қотеъ, иродаи мустаҳкам ва садоқат ба халқу Ватан дошта бошад, то бо дарки баланди санъати давлатдорӣ ва маърифати қавии сиёсӣ тавонад манфиатҳои миллиро ҳимоят кунад.
Сиёсатшиносони варзидаи олам чунин шахсиятеро, ки аз сифатҳои болозикр бархурдор мебошад, «давлатмадор» унвонгузорӣ намудаанд, зеро таърихи ноҳамвори башарият дар аснои муборизаи халқҳо дар масири номи чунин чеҳраҳои “давлатмадор”, ки барои таҳким ва тақвияти пояҳои давлатдории кишварҳои худ арзандатарин хидматҳоро баҷо овардаанд, абадан сабт кардааст. Намунаи беҳтарини онҳо Франклин Делано Рузвелт, Уинстон Черчилл, генерал Де Гол, Жорж Помпиду, Маргарет Тэтчер, Индира Ганди, Дэн Сяопин мебошанд, ки барои таҳким ва тақвияти пояҳои давлатдории кишварҳои худ арзандатарин хидмат кардаанд. Хушбахтона, барои кашфи чунин шахсияти нодиру таърихсоз ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 даъват карда шуд, ки он чун муҳимтарин рӯйдод барои ҳалли нооромиҳои сиёсӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишвар замина гузошт.
Муҳимтарин вазифаи Иҷлосияи таърихӣ, пеш аз ҳама, эҷоди як фазои сулҳу дӯстӣ байни ҷонибҳои даргир буда, барои фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҷиҳати аз байн бурдани хушунату тафриқа роҳ кушод. Метавон гуфт, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо ширкати вакилони мардумӣ тарҳи ҷадиде барои ояндаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон барномарезӣ шуд. Аз 230 нафар вакили халқ дар Иҷлосия 193 нафар иштирок кард.
Дар ин Иҷлосия, ки ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз маъ-руфият дорад, муҳимтарин масъалаи он замон, яъне интихоби сарвари сиёсии давлати дар ҳоли парокандагӣ қарордошта ҳалли худро пайдо кард. Ҳамзамон, дар ин Иҷлосия Парчам ва Нишони давлатии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷи-кистон қабул ва тасдиқ шуд, ки ин қадами муҳиме дар роҳи тақвияти сохтори давлатдорӣ ба шумор мерафт. Қабули як қатор қарору қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо дар бораи гурезаҳо, дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани нафароне, ки ҷиноят ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ кардаанд, барои оштии миллӣ, баҳамоии фикрӣ ва адами ихтилофу зиддият дар ҷомеа мусоидат намуданд.
Аммо, аз ҳама муҳим, кашфи шахсияти таърихию таърихсозе дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихобашон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистатарин хидмати вакилони иштирокчии ин Иҷлосия барои ояндаи халқу давлат буд. Ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон 187 нафар овоз дод ва бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин абармарди таърих ба ин масъулияти баланд шарафёб гардиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари бохираду соҳибтаҷриба, бо дарки амиқи масъулиятшиносӣ фаъолияти сиёсию ҷамъиятии худро бо суханони “сулҳ”, “ваҳдат” ва “иттиҳод” оғоз намуданд. “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард” ва “Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам”. Ин калом на танҳо баёнгари масъулияти шахсии Роҳбари давлат буд, балки оғози як марҳалаи нави таърихӣ барои тамоми миллати тоҷик арзёбӣ мешавад.
Дар ҳақиқат дар ин раванд омили муҳиме, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ таъсири амиқ расонд, муҳити иҷтимоӣ ва фазои фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёфт. Маҳз ҳамин замина бо такя ба қонуниятҳои рушди таърих, ки хусусияти такроршаванда ва объективии равандҳои таърихиро инъикос мекард, имконият фароҳам сохт то ҷомеа хотираи таърихии худро эҳё намояд, аз таҷрибаи гузашта натиҷагирӣ кунад ва иштибоҳҳои пешинаро дарк намояд.
Бояд тазаккур дод, ки муваффақият дар раванди сулҳофарӣ танҳо ба шарофати ҳузури феълӣ ва фаъоли Пешвои миллат имконпазир гардид. Бе иштироки мустақим ва бе эътимоди ҷомеа ба раҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокирот метавонист ба бунбаст ва натиҷаи ноустувор оварда расонад. Сарвари давлат бо таҷриба, дониш, малака ва дарки амиқи воқеияти иҷтимоӣ тавонистанд тамоми мушкилоти пешомадаро ҳал кунанд, мустақилона қарорҳои заруриро қабул намуда, татбиқи минбаъдаи онро назорат намоянд. Ин нишондод аз иродаи сиёсӣ ва талоши шабонарӯзии Роҳбари давлат дар ростои ба даст овардани сулҳу субот гувоҳӣ медод. Бо вуҷуди он ки таҳлилгарон ва коршиносони сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо дарназардошти ду омил: яке ҷавон будани Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре вазъи бениҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоии он замон, бар муваффақияти ӯ дар ин роҳ хушбин набуданд, вале ба бахти накуи халқ ин ҳама пешгӯйӣ ва таҳлилҳо нодуруст баромаданд ва ин шахсият чун наҷотбахши давлат ва миллат зимоми давлатдориро устувору ҷасурона нигоҳ дошта, бо талоши пайгирона ва ибтикору иқдомоти шоиста марҳала ба марҳала вазъи буҳронии кишварро беҳбуд бахшиданд.
Пешфарз ва муқаддимаи сулҳномаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар рафъи ихтилофот ва баҳамории фикрӣ дар миёни тарафҳои даргири ҷанг нигаронда шуда буд ва ин душвортарин марҳалаи сулҳи тоҷикон маҳсуб меёфт. Зеро ду тараф аз лиҳози фикриву ақидавӣ, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ва дурнамои давлатдориву давлатсозӣ дар зовияҳои комилан мухталиф ва ниҳоят зиддиятнок қарор доштанд.
Таъкиди пайвастаи Пешвои миллат ба зарурати сарҷамъии миллат, ҳифзи сулҳ ва ваҳдат дар ҳамаи паёмҳо, суханрониҳо ва баромадҳои расмӣ баён мегардад. Ин таъкидҳо танҳо изҳороти расмӣ нестанд, балки руҳбаландӣ, дилгармӣ, дастури амалӣ ва роҳнамо барои ҳар фарди ҷомеа мебошанд. Мисоли равшани ин андеша суханони оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат аст, ки дар марҳалаҳои душвор гуфта буданд: «Биёед, саросема нашавем ва ба пойдевори кохи зебои фардои кишварамон бо таҳаммул хиште ба рӯйи хишти дигар чида, ҳамакаса ҷомеаи худро бино созем. Биёед, дар навбати аввал коре кунем, ки ашкҳои шашқатори бевазанон, ятимону модарон хушк шаванд, дар харобазори ҳанӯз ҳам сӯзони ҷанги бародаркушӣ аввал боғе сабзонем, манзиле пӯшонему баъд домани орзуҳои ширинро бигирем».
Дарвоқеъ ин суханон, ки дар як давраи ниҳоят душвори таърихӣ садо додаанд, бозгӯи воқеияти равандҳои сиёсӣ ва ахлоқии он замон аст. Ин навъи садоқат ба миллат ва Ватан дар тафаккури ҷомеа ҷой гирифта, асоси як фарҳанги нави сиёсӣ ва иҷтимоиро гузошт. Зеро дар он рӯзгор бо таҳлили вазъи нобасомони замон дарёфти ғояи ягона барои аз миён бурдани ин мухолифатҳо кори ниҳоят душвор ва, ҳатто ғайриимкон, ба назар мерасид. Аммо Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли ин масъалаи мураккабро низ дарёфт карданд ва ин марҳаларо бомуваффақият паси сар намуданд. Лахдар Иброҳимӣ, фиристодаи махсуси СММ оид ба Тоҷикистон ва яке аз шоҳидони бевоситаи раванди гуфтушунидҳо, таъкид карда буд, ки ҳар қадами Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд бо таҳаммул, дақиқ ва иродаи огоҳона бардошта мешуд. Ӯ на танҳо музокира кард, балки мухолифтарин гурӯҳҳоро ба мизи гуфтушунид овард ва ин коре буд, ки дар муҳити геосиёсии муташанниҷи ҳамон давра бисёр душвор ба назар мерасид.
Муҳаққиқони тоҷик бошанд, бо такя ба таҳлили марҳалавии воқеаҳо ва хусусиятҳои сиёсиву музокиротӣ раванди сулҳро ба ду давра ҷудо намудаанд: а) давраи музокирот ва б) замони татбиқи санадҳои дар музокирот имзошуда. Ин марҳалабандӣ ба суръат гирифтани равандҳои дигари гуфтушуниди тоҷикон мусоидат намуда, ҷиҳати ташаккул ва пойдории сулҳи устувор заминаҳои воқеӣ ва амалиро фароҳам овард.
Давраи дувуми музокироти байни тоҷикон дар Теҳрон аз 18 то 26-уми июни соли 1994 муқаррар гардид, ки дар он илова бар намояндагони ду тараф, ҳамзамон, намояндагони давлатҳои Русия, Покистон, Қазоқистон, Эрон, ОБСЭ иштирок карданд. Аҳамияти гуфтушунидҳои ин давра дар он зоҳир мегардад, ки дар онҳо тарафҳо кӯшиши хешро ҷиҳати ноил шудан ба созиш дар бораи оташбаси муваққатӣ ва пешгирӣ аз дигар амалҳои душманон равона карданд. Баъд аз 10 рӯзи рафти музокирот ба ҷонибҳо муяссар шуд то консепсияи чунин созишномаро таҳия намоянд. Идомаи ин гуфтушунид оид ба масъалаи оштии миллӣ аз 12 то 17-уми сентябри соли 1994 боз дар Теҳрон ба вуқуъ пайваст.
Давраи сеюм аз 20-уми октябр то 1-уми ноябри соли 1994 дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод идома ёфта, ҷонибҳо бештар ба масъалаҳои идомаи раванди сулҳ ва таҳкими созишҳои пешина тамаркуз карданд. Яке аз масъалаҳои асосии он тамдиди созишномаи оташбас, ки дар марҳалаи қаблӣ мувофиқа шуда буд, дароз карда шуд. Инчунин, масъалаи фаъолияти комиссияи муштараки назорат бар оташбас муҳокима гардида, чораҳои иловагӣ барои коҳиши шиддати низомӣ ва сиёсӣ баррасӣ шуданд. Омодагӣ ба марҳалаи навбатии гуфтушунид низ хатти меҳварии ин музокиротро ташкил мекард. Доир гаштани се давраи раванди музокироти сулҳи тоҷикон дар як сол аз нишондиҳандаи муҳим будани масъала гувоҳӣ медиҳад. Даври чорум тибқи аксари таснифоти таърихӣ дар шаҳри Алмаато баргузор гардид. Ин марҳала ба миёнаи раванди музокирот рост меояд ва марҳалаи гузариш аз гуфтушунидҳои умумӣ ба баррасии масъалаҳои мушаххаси сохторӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин музокирот, аслан масъалаҳои бунёдӣ, аз ҷумла ҳимояи принсипҳои асосии сулҳ ва ризоияти миллӣ, усули барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, тартиби иштироки мухолифин дар ҳаёти сиёсӣ, ташкили комиссияҳои муштарак, нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар назорат мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд. Таҳлилгарон муҳимияти ин марҳаларо калидӣ ҳисоб мекунанд, зеро дар он тарафҳо аввалин бор ба мувофиқаи умумӣ дар бораи зарурати созишномаи фарогир расиданд.
Марҳалаи минбаъдаи гуфтушунидҳои тоҷикон рӯзҳои 5-19-уми январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардида, дар ҷараёни он як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъсиси ҳукумати оштии миллӣ, тақсимоти мансабҳо байни тарафҳо, ворид намудани мухолифин ба сохторҳои давлатӣ, тартиби халъи силоҳ ва ҳамгироии неруҳо ва омодасозии санадҳои ниҳоии сулҳ матраҳ шуданд, ки минбаъд дар ҷаласаи ҳафтуми музокироти баргузоргардида дар шаҳри Москва, мавриди баррасии муфассал қарор гирифта, ба марҳалаи татбиқ ворид шуданд. Хушбахтона, дар музокироти ин давра Протоколи кафилони сулҳи тоҷикон ба имзо расид, ки бо хоҳиши тарафайн Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Афғонистон, Туркманистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ризоият доданд, ки дар раванди сулҳи тоҷикон ҳамчун давлатҳои миёнарав баромад кунанд. Ин марҳаларо муҳаққиқон марҳалаи асосӣ арзёбӣ карданд, зеро пас аз он дигар масъалаҳои асосӣ боқӣ намонданд. Ҷонибҳо ба созиши сиёсӣ амалан розӣ шуданд, танҳо матни ниҳоӣ мемонд.
Дар марҳалаи ниҳоии музокирот ҷонибҳо масъалаҳои боқимондаи баҳсӣ, аз ҷумла таҳрири матни ниҳоии созишнома, тартиби тақсимоти вазифаҳои давлатӣ, усули воридшавии мухолифин ба ҳокимият, кафолатҳои байналмилалӣ ва назорати иҷрои сулҳ ҳалли комил ёфтанд ва барои имзою амалан татбиқ шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварданд. Бояд қайд кард, ки ин давра марҳалаи қонунӣ-санадӣ ба ҳисоб меравад, зеро қарорҳо ба ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқӣ табдил дода шуданд. Марҳалаи хотимавӣ 27-уми июни соли 1997 баргузор гардид ва дар ҳамин рӯз санади таърихӣ – Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, мутобиқи сохтори асосии татбиқи сулҳ – Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. Низоъшиносон ва муаррихон баргузор шудани раванди музокироти сулҳи тоҷиконро ба се шакл тақсим кардаанд: гуфтушунид, машваратҳо ва мулоқотҳо, ки ҳар кадом барои ба даст омадани сулҳ нақши муҳим доштанд. Қобили зикр аст, ки дар музокирот, машваратҳо, асосан, барои рафъи душвориҳое, ки ба миён меомаданд, бисёр судманд буданд ва дар ҷараёни он шахсони масъул ширкат мекарданд. Ин аз як тараф, барои ҳалли душвориҳое, ки ба миён омада буданд, мусоидат мекард ва барои бемайлон пеш рафтани раванди сулҳи тоҷикон аҳамият дошт.
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Гуфтан ба маврид аст, ки роҳи сулҳофарии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо интихобашон ба маснади Президенти кишвар дар соли 1994 ва қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақил тақвият ёфт ва пас аз тай кардани марҳалаҳои душвор ва мураккаби гуфтушунид, баргузории чандин даври музокирот дар дохил ва хориҷи кишвар, бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 хотима пазируфт.
Ҳамин тариқ, расидан ба мусолиҳаи миллӣ ва таъмини суботи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ барои ташаккули низоми сифатан нави давлатдорӣ, шаклгирии шохаҳои ҳокимият, раҳоӣ аз фақри шадид ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароит фароҳам овард. Ваҳдату ҳамгироӣ ва сулҳ миёни тоҷикон роҳи минбаъдаи кишварро ба самти тараққиёт, пешрафт ва шукуфоии устувор ҳамвор намуд.
Дар давраи пас аз сулҳ барои таҳкими ваҳдати миллӣ, дар баробари ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ низ роҳандозӣ шуданд. Дар ин замина, бунёди ёдгориҳои ваҳдат, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва баргузории ҳамоишҳои сулҳ ва ризоият нақши муассир гузоштанд. Бо таъмини сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаллифи асосии он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, кишвар ба шоҳроҳи рушд, ташаккулу такоммули соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардид ва тайи 29 соли пас аз таъмин гардидани сулҳ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон аз кишваре, ки дар вартаи фано қарор дошт, ба як мамлакати қудратманди минтақа ва ташаббускори масъалаҳои байналмилалӣ мубаддал гардид.
Бояд гуфт, ки тарҳи нодири сулҳи тоҷикон на танҳо барои Тоҷикистон дорои аҳамияти ҳаётӣ аст, балки барои минтақа ва ҷаҳон низ ҳамчун намунаи олии роҳкори ҳалли мубориза ва муноқишаҳои сиёсӣ дониста мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон як таҷрибаи арзишманди амалӣ буда, мавҷудияти “тарҳи тоҷикии сулҳ” ҳамчун равише бо хусусиятҳои хоси худ дар доираҳои гуногуни илмию сиёсӣ пазируфта шудааст. Ин таҷриба, аз ҷумла, дар барномаи Донишгоҳи сулҳи СММ дар Коста-Рика, ҳамчун курси сулҳофарӣ барои дипломатҳо ва дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун курси махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти САҲА дар шаҳри Ҳамбурги Олмон низ ин таҷрибаро дар доираи як барномаи чандсолаи илмӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дабири кулли собиқи СММ Кофи Аннан таъкид намуда буд: «Тоҷикон барои тамоми ҷаҳониён намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро эҳдо намуданд”. Моҳияти ин андеша дар он ифода меёбад, ки таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз нигоҳи илмӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти сиёсӣ ва таърихӣ дорад.
Сиёсатҳои сулҳхоҳона ва ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар хотима наёфта, балки бо сиёсатгузориҳои оқилонаашон дар сатҳи минтақавӣ, дар муносибат бо ҳамсоякишварҳо ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷаҳонӣ идома пайдо карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии кишвар бо пеша намудани усули “дарҳои кушода” ва ба роҳ мондани муносибати дӯстона бо тамоми кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ татбиқи роҳкори сулҳ ва ваҳдатро дар сатҳи байналмилалӣ идома бахшиданд.
Сиёсатмадорони баландпояи ҷаҳонӣ сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти маҳбуби кишвари моро як ҷузъи таркибии барномаи фаъолияти хеш қарор дода, нисбат ба шахсияти ӯ чун Роҳбари арзанда ҳамеша эътимоду эҳтироми вижа ифода мекунанд. Ҳақ ба ҷониби Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия аст, ки хело хуб мефармояд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар!».
Имрӯз низ Ҳукумати Тоҷикистон таҷрибаи сулҳро асоси кору тасмимҳои худ қарор дода, ба ҳалли ҳама гуна масъалаҳо ва муносибат на танҳо бо ҳамсоякишварҳо, балки бо тамоми ҷаҳон аз фарҳанги сулҳу салоҳ ва таҳаммулпазирӣ кор мегирад ва роҳи ягонаи саодатро дар рӯ овардан ба нақшаву ҳадафҳои неки созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкиму тақвияти сулҳу суботи байналмилалӣ арзёбӣ менамояд. Президенти маҳбуби кишвари мо нисбат ба сарнавишти халқи олам мароқ зоҳир намуда, яке аз аввалин иқдомоти байналмилалиашон ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон мебошад. Пешвои миллати тоҷик ба тақдири халқ ва мардуми ин кишвари ба мо ҳамсоя, ки тули даҳсолаҳо дар вазъи ноороми сиёсиву иҷтимоӣ қарор дорад, пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар тамоми симпозиум ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ барои даст ёфтани мардуми Афғонистон ба сулҳ ва ваҳдати пойдор, ташкили давлати ҳамашумул бо риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ таъкидҳо ба амал оварда, дар ин хусус пешниҳодҳои судмандро ироа месозанд. Аз ҷумла, пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили навори субот дар атрофи Афғонистон, ки ду даҳсола қабл аз ин аз минбари СММ садо дода буд, имрӯз низ ҳамчун саҳеҳтарин формулаи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ мемонад.
Дар сиёсати давлатдорӣ муносибати нек ва ҳасана бо кишварҳои ҳамсоя ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунсамту гуногунсоҳа омили тақвияти низоми сохтории давлат маҳсуб меёбад. Чунин рӯйкардро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози давлатдорӣ амиқан риоя намуда, ҳамеша бар одисозии равобит бо ҳамсоякишварҳо ва ҳамкориҳои судманд пайваста иқдом намудаанд. Метавон гуфт, ки иқдоми дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсатгузориҳои сулҳҷӯёнаву сулҳхоҳонаи хориҷӣ – ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба шумор меравад. Ҳалли ихтилофи назарҳо дар масъалаи марз бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ниҳоятан, Ҷумҳурии Қирғизистон, бо коргирӣ аз дипломатия ва бо дарназардошти ҳусни тафоҳум ва манфиатҳои муштарак гувоҳи густариши фарҳанги сулҳи тоҷикон берун аз марзи кишвар ва татбиқи амалии он дар минтақа мебошад.
Дар ин самт масъалаи аз ҳама асосӣ муайян кардан ва аломатгузории марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки бо сохтори мураккаб тайи даҳсолаҳо ба маҳали зиддиятҳои ду тараф ва ҳатто, муноқишаҳои мусаллаҳона, мубаддал гардида буд. Аммо бо азми қатъӣ ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қазияи муҳим низ бо роҳи мусолиҳа, гуфтугӯ ва тавофуқ ҳалли мусбати худро ёфт. 13-уми марти соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз ҷониби сарварони ду давлат “Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ” ва “Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон” имзо гардид, ки ин санадҳои муҳим дар тақвияти сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву иттиҳоди ду миллат ва вазъи амниятии минтақаи Осиёи Миёна таъсири бениҳоят мусбат аз худ боқӣ гузошт.
Илова бар ин, иқдому ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳи пойдор ва ҳамбастагии башар дар ҳамаи самтҳо доиман дар ҳамоишҳои бузургӣ минтақавию ҷаҳонӣ масъалагузорӣ мегарданд. Аз ҷумла, фаъолият ва талошҳои назарраси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳалли мушкилоти муҳими сайёра, аз қабили масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ мавриди пазириш ва эътироф қарор гирифта, иқдомҳои назаррасу натиҷаовар амалӣ гардиданд, ки ҳамагӣ бар наҷоти башар, ҳифзи ҳаёт дар сайёра ва ҳамбастагии инсоният нигаронда шудаанд.
Сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ, иттиҳод ва ваҳдати комил миёни инсонҳо ормону орзуи азалии насли башар маҳсуб меёбад. Аммо ҷаҳони имрӯз дар як давраи хеле пуртазод ва мураккаб қарор дорад, ки дар он равандҳои геосиёсии зиддиятнок, ҷаҳонишавӣ, қудратталабӣ, мусаллаҳшавии беш аз пеш ва шиддат гирифтани “ҷанги сард” ва низоъҳои мусаллаҳона бо ҳам пайваст шуда, вазъиятро хеле муташанниҷ сохтааст. Дар чунин шароити ноороми геосиёсӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мувоҷеҳ аст. Ҳоло ҷаҳон ба макони рақобатҳо табдил ёфтааст ва дар чандин нуқтаҳои дунё низоъҳои мусаллаҳонаи миёни давлатҳо, рақобатҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ ҷараён доранд.
Пешниҳоди навбатии байналмилалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз ҷониби СММ қабули Қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа гашт, дубора ба оламиён собит намуд, ки Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ҷонибдори сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамгироӣ ва барқарории адолату саодати насли башар ҳастанд.
Қатъномаи пешниҳодшуда даъват ба амал меоварад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ як даҳсолаи навро ба таҳкими сулҳ, субот, таҳаммулгароӣ ва пешгирии низоъҳо бахшад. Мафҳуми “сулҳ ба хотири наслҳои оянда” бар он асос ёфтааст, ки сулҳ бояд на танҳо барои ҳалли муваққатии муноқишаҳо, балки ҳамчун бунёди устувори рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии башарият амалӣ карда шавад.
Ба ибораи дигар, ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки собиқаи таърихии он ба давраи ба даст овардани сулҳи тоҷикон дар солҳои 90-уми асри гузашта бармегардад. Ин иқдоми стратегӣ на танҳо бар асоси таҷрибаи мушаххаси сулҳофаринии худи Тоҷикистон асос ёфтааст, балки нишонаи эҳсоси масъулияти баланди роҳбарияти олии кишвар нисбат ба ояндаи инсоният низ мебошад. Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки сулҳро ҳамчун арзиши олӣ ва таҳкими онро ҳамчун шарти ногузири рушди устувори тамаддун арзёбӣ намоянд. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки асосгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои давлатмардони баландпояи ҷаҳонӣ ба сифати як дастури корӣ хидмат мекунад. Ногуфта намонад, ки маҳз талошҳои бедареғи роҳбарияти олии кишвар дар самти тарғиби сулҳу суботи умумибашарӣ буд, ки борҳо ба баландтарин ҷоизаҳои ҷаҳонӣ сазовор дониста шуд.
Мисоли ин Ҷоизаи байналмилалии «Сулҳ – 99» (15-уми октябри соли 1999), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд» (27-уми апрели`соли 2005), медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон» (25-уми июни соли 2005), ситораи ёқути сурхи «Миротворетс» (Сулҳовар)-и Иттиҳодияи ҷаҳонии хайрияи «Миротворетс» (Сулҳовар), Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола» (23-юми марти соли 2010) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо мебошанд.
Ҳамзамон, дар Қонуни асосии кишвар, аз ҷумла дар моддаи 11 омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда...» ва дар ҳамин модда муқаррар мегардад, ки «ташвиқоти ҷанг манъ аст». Қобили қайд аст, ки ин меъёрҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ бо ташаббусу пешниҳоди ҳомии асосии ин бахтнома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид карда шуданд. Дар давлате, ки сиёсати сулҳҷӯёна як ҷузъи таркибии Конститутсия мебошад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар меҳвари сиёсати Роҳбари аввали он ғояи сулҳҷӯёна ҳамеша дар хатти муқаддам қарор дорад.
Илова бар ин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат», ки 14-уми ноябри соли 2016 қабул шуд, чун муҳимтарин падидаи саривақтӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар аз худ дарак дода, намунаи барҷастаеро аз хидматҳои мондагори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллату давлат таҷассум мекунад. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид ва 192 давлати ҷаҳон истиқлоли Тоҷикистонро эътироф ва ба расмият шинохт. Боиси ифтихорот ва таҳкими ғурури миллии мо аст, ки имрӯз Тоҷикистон ба шарофати истиқлол ва суботи кишвар бо зиёда аз 180 кишвар муносибати дипломатӣ барқарор кардааст ва дар соҳаҳои гуногун бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.
Илова бар ин, дар шароити кунунӣ Тоҷикистони азизи мо узви 57 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад, ки ин барои равнақу шуҳрати боз ҳам густурдатар дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон мусоидат мекунад.
Таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи мавзуи мавриди омӯзиш гувоҳи он аст, ки нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо равиши пайгирона ва мантиқӣ, ҳадафманд ва дорои аҳамияти таърихӣ амалӣ гардид. Равандҳои сулҳофаринӣ, ки дар солҳои мураккаби давлатдории навини кишвар роҳандозӣ гардиданд, на амали тасодуфӣ, балки натиҷаи сиёсати дурбинона, иродаи қавии сиёсӣ ва масъулияти баланди миллӣ буданд. Мавзуи мазкур бозгӯйи он аст, ки дар ҳақиқат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузор, бунёдгар ва таҳкимбахши давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд. Таҳлил нишон медиҳад, ки фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар самти қатъи муқовиматҳои дохилӣ, барқарории муколамаи сиёсӣ, фароҳам овардани заминаи оштии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории конститутсионӣ ба як тарҳи нодири сулҳсозӣ табдил ёфтааст.
Маҳз тавассути пайгирии сиёсати фарогир, ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва таъмини мувозинати манфиатҳои миллӣ тавонист фазои низоъро ба фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил диҳад. Ҳарчанд дар доираи ин таҳқиқот танҳо қисми маҳдуди талошҳо ва иқдомҳои Сарвари давлат оид ба барқарорсозии сулҳу субот мавриди таҳлил қарор гирифт, аммо, ҳатто ҳамин баррасии мухтасар, нишон медиҳад, ки саҳми ин сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ дар раванди сулҳофаринӣ дорои аҳамияти таърихӣ ва арзиши бесобиқа мебошад. Хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт на танҳо барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, балки барои ташаккули ваҳдати устувори миллӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеаи тоҷик заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Дар натиҷа, бо такя ба таҳлили илмии далелҳо ва равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ метавон ба хулосаи қатъӣ расид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд, ки нақши барҷастаашон дар таърихи муосири Тоҷикистон ҳамчун омили калидии субот, амният ва рушди давлатдорӣ арзёбӣ мегардад.
Рудобаи МУКАРРАМ,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология
Санаи нашр: 15.06.2026
№: 115-119