ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. ТАЪРИХИ БА САОДАТ РАСИДАН ДАР ОСОРХОНА
Осорхонаҳо инъикоскунандаи таърихи миллат буда, ҳангоми дидан намудан аз он ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ифтихори миллии шахс баланд мегардад, хориҷиён бо ошно шудан аз таърихи пурғановати мо эҳтиромашон нисбат ба миллати тоҷики тамаддунофар бештар мешавад.
Дар ҳамаи осорхонаҳои кишварамон оид ба таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, гӯшаю намоишҳо ташкил гардида, ин санаҳои таърихиро бозгӯӣ мекунанд. Яке аз толорҳои намоишии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент бозгӯйи таърихи Тоҷикистон буда, дар он аксҳо оид ба баргузории ХVI Иҷлосияи Шурои Олӣ ба маъраз гузошта шудаанд ва гӯшаи дигар бо аксҳои баргузории вохӯриву мулоқотҳо аз ҷараёни музокироти ниҳоии сулҳи тоҷикон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, аз маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ пешниҳод шудааст.
Воқеан, дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин дарҷ шуда, аз соҳиби ақли солиму сиёсати фарҳангдӯстонаи фарзонафарзандонаш шаҳодат медиҳад. Ободкориву созандагӣ ба шарофати ин рӯзи муҳими таърихӣ роҳандозӣ гардида, шаҳру ноҳияҳо симои худро куллан тағйир медиҳанд.
Ваҳдати миллӣ ягонагию ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шукуфоии Меҳанро таъмин намуда, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисоди миллӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши муассир дорад. Ваҳдати миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ маҳсуб ёфта, неъмати муқаддасе мебошад, ки барои ҳастии миллати бостонии мо, дар баробари забони модарӣ ва дигар унсурҳои давлатдориамон, нақши муассир дорад.
Мижгона ҒАНИЕВА,
корманди Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент
