ДАНҒАРА. РОҲСОЗӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

Дар 35 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат пешрафт намуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт дигаргуниҳои бузург ба амал омада, дар баробари сол ба сол афзудани шумораи нақлиёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта истодаанд.
Имрӯзҳо ба шарофати талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои роҳсозӣ вусъати тоза гирифтаанд. Дар ноҳияи Данғара низ бо дарназардошти зиёд шудани нақлиёт барои таъмини ҳаракати мунтазам ва пешгирии тамбашавии нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби мутахассисон нақшаи корӣ таҳия намуда, барои таъмиру азнавсозии роҳҳои ноҳия иқдом гирифтааст. Аз ҷумла, татбиқи яке аз лоиҳаҳои муҳими зерсохтории солҳои охир – васеъ ва навсозии роҳи автомобилгарди кӯчаи Зебуннисо идома дошта, корҳои сохтмонӣ бомаром пеш мераванд. Роҳи бунёдшаванда яке аз масирҳои асосии дохилиноҳиявӣ буда, дар беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт ва рушди инфрасохтори ноҳия нақши муҳим дорад.
Тибқи иттилоъ, сохтмони роҳ моҳи августи соли 2025 оғоз гардида, айни ҳол садҳо мутахассис ва техникаҳои роҳсозӣ ба кор сафарбар шудаанд. Дарозии роҳи бунёдшаванда 4,3 километрро ташкил дода, он дорои 6 хатти ҳаракат мебошад. Паҳноии қисми мошингарди роҳ 11 метр буда, барои таъмини бехатарӣ ва танзими ҳаракати нақлиёт хатти ҷудокунанда бо паҳноии 1 метр сохта мешавад. Ҳамчунин, дар ду канори роҳ пиёдароҳҳо бо паҳноии аз 2 то 5 метр бунёд гардида, барои ҳаракати бехатари шаҳрвандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Лоиҳаи мазкур танҳо бо васеъсозии роҳ маҳдуд набуда, дар доираи он бунёди як қатор иншооти муҳими муҳандисию коммуналӣ низ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, васеъсозии ду пул ба дарозии умумии 56 метр, насби ду лӯлаи обгузар, бунёди ду гузаргоҳи болоизаминӣ барои пиёдагардон дар назар аст. Ҳамзамон, дар канори роҳ барои интиқоли обҳои борон ва беҳтар намудани ҳолати санитарии муҳити зист насби ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ идома дорад. Дар маҷмуъ, беш аз 9700 метр ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ насб карда мешаванд. Инчунин, шабакаҳои нави равшанидиҳӣ сохта шуда, дар масир 16 истгоҳи нав бунёд мегардад. Ин қитъаи роҳ мутобиқ ба меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо риояи тамоми талаботи техникӣ сохта мешавад.
Сокинони ноҳия бо изҳори миннатдорӣ аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти ноҳия ваъда додаанд, ки баъд аз навсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мазкур онро тозаву озода нигоҳ хоҳанд дошт. Зеро ин роҳ бозор, беморхона, муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳои нави аҳолинишинро ба ҳам мепайвандад ва ҳар рӯз ҳазорҳо нафар аз он истифода мебаранд.
Дар ин бора хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз муовини раиси ноҳия Зуҳро Ҳакимзода маълумот гирифт.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
