КУРАШ
10 медали паҳлавонони кишвар дар Чемпионати Осиё
13-14-уми июн шаҳри Душанбе мизбони Чемпионати Осиё оид ба кураш миёни калонсолон буд. Дар зӯрозмоиҳо варзишгарон аз 20 давлати қора ширкат доштанд.
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионат маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани 10 медал – 4 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ мушарраф гаштанд.
Медалҳои тиллоро Ҳақдод Гулов (60 кг), Ёсин Бобокалонов (66 кг), Умар Шеров (73 кг) ва Шарифҷон Наз-риев (120 кг) ба даст оварданд. Каримзод Наврӯз (81 кг), Насиба Карликова (52 кг), Шоҳида Қаландарова (63 кг), Саидҷамол Алимардонов (100 кг) ба гирифтани медалҳои нуқра, Ҳақназар Назаров бошад, дар вазни 90 кг ба дарёфти медали биринҷӣ сазовор гардиданд.
ФУТБОЛ
“Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми даъвати КФО-2026/27 иштирок мекунад
Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯйхати дастаҳои иштирокчии мусобиқоти бошгоҳии қораро барои мавсими 2026/27 эълон кард.
Дар мавсими нав аз Тоҷикистон ду даста – “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекунад. “Регар-ТадАЗ”, ки мавсими гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд, Лигаи даъвати КФО-ро аз марҳалаи интихобӣ оғоз мекунад. Ҳарифи дастаи шаҳри Турсунзода тими "Мазия Спортс"-и Малдив мебошад. Бозии дастаҳо 11-уми август дар шаҳри Малеи ҷазираҳои Малдив барпо мегардад. Ғолиби ин ҷуфт соҳиби роҳхат ба марҳалаи гурӯҳӣ мешавад.
Тими “Истиқлол”-и Душанбе бошад, мусобиқаро аз марҳалаи гурӯҳӣ оғоз менамояд.
Мақоми 101-уми тими миллии Тоҷикистон дар радабандии
нави ФИФА
Тими миллии Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии нави ФИФА, ки дар сомонаи расмии созмон нашр шуд, беҳтар кард.
Дар муқоиса бо радабандии қаблӣ, тими миллии мо ду зина боло рафта, бо касби 1224,19 хол дар мақоми 101-ум қарор дорад. Миёни дастаҳои мунтахаби қораи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 18-ум ҷойгир аст.
Тими миллии кишвар 5-ум ва 9-уми июн бо мунтахаби Ҳиндустон ду бозии рафиқона анҷом дода, дар якум бозӣ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Дидори дуюми дастаҳо мусовӣ (1:1) шуд. Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр муқобили яккачини Озарбойҷон ба нақша гирифта шудааст. Ин дидор дар шаҳри Боку доир мегардад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
