ҲИСОБОТИ ТЕЛЕФОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД
16-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро доир ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавот шунида, оид ба суръат бахшидан ба кишти такрорӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корами обӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин, доир ба мустаҳкамкунии соҳилҳои дар-ёи Панҷ дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво ва сатҳи оби дарё шунида шуд. Зимнан, оид ба тезондани раванди соҳилмустаҳкамкунӣ ва назорати сатҳи оби дарё ба роҳбарияти вилоят супоришҳои муайян дода шуданд.
Доир ба ҳамин мавзуъҳо, ҳамчунин, ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷ шунида шуда, онҳо низ доир ба ҷамъоварии саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ ва самарабахш ба роҳ мондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар маҷрои дарёи Панҷ супориш гирифтанд.
Илова бар ин, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин вазифадор шуданд, ки дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон вазъи баландшавии сатҳи оби дарёи Панҷ ва корҳои соҳилмустаҳкамкуниро таҳти назорат гирифта, дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.
