ЧОРМАҒЗПАРВАРӢ. РУШДИ СОҲА ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

17 июн 2026, Чоршанбе
5


Чормағзпарварӣ соҳаи даромаднок буда, аз ҷиҳати давомнокии давраи ҳосилдиҳӣ чормағз дар ҷойи аввал меистад. Мутаассифона, чунонки аз маълумоти оморӣ бармеояд, рушди соҳаи мазкур дар кишвари мо ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст.


– Воқеан ҷойи таассуф аст, ки дар кишвари мо ба аҳамияти иқтисодию экологии дарахти чормағз ва афзудани майдони парвариши он аз даврони шуравӣ то солҳои охир диққати ҷиддӣ дода намешуд ва онро танҳо дар бунёди ҷангалзорҳо истифода мебурданд. Майдони чормағззори мавҷуда ҳам аз шаклу намунаҳои гуногун иборат буда, ҳосилнокиашон хеле паст мебошад. Дар шароити Тоҷикистон айни ҳол дарахтони аз 100-сола болои он зиёд дида мешавад. Дар ноҳияҳои Айнӣ ва Ванҷ дарахтони зиёда аз 800-солаи чормағз мавҷуд аст, ки онҳо ҳоло ҳам ҳосил дода истодаанд, – изҳор дошт Нурмаҳмад Камолов, ходими пешбари илмии шуъбаи мевапарварӣ ва буттамевагиҳои Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), доир ба вазъи имрӯзаи соҳа.
Ба гуфтаи ӯ, дар аксар минтақаҳо сокинон дар заминҳои наздиҳавлигӣ аз 1 то 10 бех ниҳол низ парвариш мекунанд. Ҳол он ки минтақаҳои аз 1000 метр аз сатҳи баҳр баланди бо намии табиӣ таъмин ва дараҳои минтақаҳои кӯҳии то баландии 2000 метр барои парвариши чормағз хеле мувофиқанд. Дар мавриди нигоҳубини дуруст дар шароити обӣ ниҳолҳои пайвандӣ дар 5-6-солагӣ ва ниҳолҳои бепайванд дар 10-12-солагӣ бор меоранд. Навъҳои тезҳосилдиҳанда дар 3-4-солагӣ мева мебанданд.


ПАЙРАВӢ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «МУРОДҶОН-ОТА» ИҚДОМИ САРИВАҚТИСТ
Хоҷагии деҳқонии «Муродҷон-ота» дар таллу теппаҳои қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар мавзеи 800-900 метр аз сатҳи баҳр баланд, деҳаи Зиёраттутии шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, дорои 66 гектар замини лалмӣ мебошад. Роҳбари хоҷагӣ бо мақсади таҷриба гузарондан аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ майдони 30 гектар боғи интенсивии чормағзро бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ бунёд намуд.
– Мо бо аҳли кормандони хоҷагӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ мақсад гузоштаем, ки дар амалигардонии ду ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор ҳиссагузор бошем, – мегӯяд Илҳомҷон Донёров, сардори хоҷагии деҳқонии «Муродҷон-ота».
Ба таъкиди ӯ, хоҷагӣ бо тавсияи мутахассисон аз давлати Туркия ниҳоли навъи «Ҷандлер»-ро, ки селексияи Донишгоҳи Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, дар нимаи аввали моҳи декабри соли 2018 якҷоя бо навъи гардолудкунанда харидорӣ карда, бо нақшаи 6х6 метр боғ бунёд кард. Ҳамзамон, системаи обёрии қатрагӣ ва ғизодиҳии фертигатсионӣ (бо воситаи маҳлул намудани нуриҳо ва бо усули обёрии қатрагӣ додан)-ро таъмин намуд.
Натиҷаи нигоҳубини дурусти боғ буд, ки дар соли 3-юм, аллакай, ниҳолҳо ба бороварӣ шуруъ карданд. Аз боғи таҷрибавӣ соли 2022-юм 2,4 тонна, соли 2023-юм 4,6 тонна, соли 2024-ум 13 тонна ва соли 2025 бо сабаби номусоидии ҳаво 10,2 тонна ҳосил (меваи хушк) ҷамъоварӣ карда шуд.


ЧӢ БОЯД КАРД, ТО РУШДИ СОҲА ПУРСАМАР БА РОҲ МОНДА ШАВАД?
– Дар ин раванд аз таҷрибаи давлатҳои хориҷи кишвар омӯхтану дар амал татбиқ намудани он ба манфиати кор хоҳад буд. Масалан, дар мамлакатҳои ИМА, Туркия, Эрон, Италия ин соҳа хеле пеш рафтааст. Дар ин давлатҳо даҳҳо навъи саноатии чормағз офарида шуда, боғҳои калони он бо технологияи нав бунёд гардидааст. Дар давлатҳои муштаракулманофеъ – Украина, Россия, Ӯзбекистон, Гурҷистон низ солҳои охир чунин боғҳоро бунёд карда истодаанд, зеро он аҳамият ва манфиати зиёди чандҷониба дорад, – изҳор дошт Нурмаҳмад Камолов.
– Вобаста ба ҳалли ин масъала ва ноил гаштан ба комёбиҳои беш аз пеш мехоҳам зикр намоям, ки ҷиҳати рушди соҳаи мазкур пайравӣ ва истифода аз таҷрибаи хоҷагии деҳқонии «Муродҷон-ота» хеле муҳиму саривақтист. Аз мушоҳидаву самараи бадастомадаи ин боғ гуфтаниам, ки дар ҳолати дуруст риоя кардани технологияи парвариши ниҳолҳо хоҷагӣ ба як мактаби таҷрибаи пешқадам мубаддал хоҳад гашт.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.06.2026 №: 117