ҲАБДАҲ РӮЗИ ИНТИЗОРӢ
Солҳои навадуми асри ХХ барои мардуми шарифи Тоҷикистон душвортарин маҳсуб мегарданд, барои ҳар як оила сангинӣ ва сахтиҳоро ба бор овард. Одамони касбу кори гуногун, махсусан ҷавонони бехабар аз нақшаву ниятҳои мансабталошон бо шӯру қиём майдондорӣ намуда, норозигии хешро аз давлату сохти мавҷудаи ҷамъиятӣ аз минбарҳо баён мекарданд.
Ҳамон солҳо дар лаби ягон мардуми Тоҷикистон ханда дида намешуд. Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Ашӯр Сафар ин ҳолати мардумро, ки аз дасисабозон бисёр ранҷ медиданд, бо эҳсоси баланд чунин ба қалам додааст:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.
Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шонси беҳамтое ба давлатдории минбаъдаи тоҷикон буд, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ, 19-уми ноябри соли 1992 ба вуқуъ пайваст.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар мавриде даъват шуд, ки дар кишварамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт. Вазъият ниҳоят ноором ва муташанниҷ буд. Гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст бо куштор, ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва дигар амалҳои ҷинояткорона ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор месохтанд. Мамлакат гирифтори буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ гардид, ҳокимияти марказӣ фалаҷ гашта буд.
Хавфи аз байн рафтани якпорчагии Тоҷикистон таҳдид мекард. Нақши ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо хеле барвақт аз ҷониби душманони хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд, аз ин рӯ, онро таҳмилӣ меноманд. Он лаҳзаҳои сарнавиштсоз, на танҳо вакилони мардумӣ, балки тамоми одамони азияткашидаи кишвар бар сар як андеша доштанд: “Тақдири Ватан, тақдири халқ чӣ мешавад? Аз пайи кӣ раванд, раҳнамо кист?...”.
Муждаи нек дар саросари кишвар паҳн шуд. 15-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд 160 нафар вакили Шурои Олӣ барои иштирок дар Иҷлосияи ояндасози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштанд. Ин маънои онро дошт, ки Иҷлосия ба кори худ шуруъ мекунад. Он замон на ҳама дилпур буданд ва бовар доштанд, ки аксарияти вакилон ба шаҳри бостони Хуҷанд ҷамъ омада, дар Иҷлосияи тақдирсоз, ки охирин умеди халқ, кишвар бар он буд, иштирок менамоянд. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри бостони Хуҷанд баргузор гардид. 16-уми ноябри соли 1992 рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” шеъри Назар Ашӯрзодаро бо номи “Ватанро дар амон монед” ба нашр расонд, ки он орзуи аксари мардуми Тоҷикистони азизро ифода мекард:
Ватанро дар паноҳи одамони меҳрубон монед,
Заминро бе садои тиру бешӯру фиғон монед.
Камонро пора бинмоеду андар кӯра сӯзонед,
Ҳаёти одамонро, одамон андар амон монед.
Дар Иҷлосияи ваҳдатовар вакилон бетараф набуданд. Адл, хирад, дилсӯзӣ ба халқу давлат аксари вакилонро водор месохт, ки ҳақиқатро бигӯянд, лӯхтаки дасти дигарон набошанд. Онҳо ҳис карданд, ки ба умеди дигарон нашуда, масъалаҳои тақдирсози ҷумҳуриро ҳатман дар ҳамин Иҷлосия ҳаллу фасл карданашон лозим аст. “Худамон ба муросо наоем, гуноҳи якдигарро набахшем, роҳи наҷотро наёбем, дигар роҳ вуҷуд надорад”, – мегуфтанд вакилони мардумӣ. Дар ҳабдаҳ рӯзе, ки Иҷлосияи таърихӣ давом кард, на танҳо диққати Осиёи Марказӣ, балки дунё ба он нигаронда шуда буд, зеро дар он тақдири миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон ҳал мешуд.
Дар ҳақиқат Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ оғози сулҳу ваҳдати мардуми тоҷик гардид. Дар Иҷлосия шахси фидоии миллату Ватан Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлат интихоб намуданд. Роҳбари нави кишвар гуфтанд: – “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам ва то охирин тоҷике, ки дар диёри бегона хору забун аст ва номи гурезаро гирифтааст, ба Тоҷикистон бар нагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам”. Сарвари давлат сулҳ оварданд ва ҳамаи гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонданд.
Саидқул ТАҒОЕВ,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
