ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

19 июн 2026, Ҷумъа
0


Таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, аз ҷониби ҷомеаи илмии кишвар, ҳамчун иқдоми дорои аҳамияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамаҷониба истиқболу дастгирӣ ёфт. Ин ташаббуси наҷиб арҷгузорӣ ба мероси безаволи Абуалӣ ибни Сино, эҳёи анъанаҳои пурғановати илмии миллат ва заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи илмҳои соҳаи тиб ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз, вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои илмӣ ва навоварӣ бештар аз ҳар вақти дигар эҳтиёҷ дорад, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мероси чунин шахсиятҳои бузург аҳамияти хос пайдо мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихию фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо эҳтиром ба шахсияти Абуалӣ ибни Сино, балки арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат ва саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Дар шароити муосир давлатҳо барои муаррифии арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии худ аз василаҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷоизаҳои байналмилалӣ яке аз самараноктарин роҳҳои шинос намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои таърихӣ ва илмии миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино метавонад Тоҷикистонро ҳамчун ватани яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷаҳон муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқони кишварҳои гуногунро ба таърих ва фарҳанги тоҷикон ҷалб намояд.
Абуалӣ ибни Сино дар замоне зиндагӣ ва фаъолият кардааст, ки илм ҳанӯз дар марҳалаи ташаккул қарор дошт. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонист садҳо асари илмӣ таълиф намуда, ба рушди тиб, фалсафа, мантиқ, ситорашиносӣ, риёзиёт, кимиё ва дигар соҳаҳои дониш таъсири амиқ расонад. Ӯ илмро воситаи асосии шинохти олам медонист ва ҳамеша ба таҳқиқу мушоҳида аҳамияти махсус медод.
Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» яке аз шоҳкориҳои бузурги илмии башарият маҳсуб мешавад. Ин китоб садсолаҳо дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ ҳамчун дастури асосии омӯзиши тиб истифода гардидааст. Дар он масъалаҳои муҳими марбут ба анатомия, физиология, ташхис, табобат, пешгирии бемориҳо, беҳдошт ва дорушиносӣ аз ҷиҳати илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Бисёр донишмандон «Қонуни тиб»-ро нахустин донишномаи мукаммали тиббӣ дар таърихи инсоният медонанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти илмии Ибни Сино таҳқиқоти ӯ дар соҳаи дорушиносӣ мебошад. Ӯ хусусиятҳои шифобахши садҳо гиёҳ, маъдан ва маводи табииро омӯхта, усулҳои истифодаи онҳоро дар табобати бемориҳо шарҳ додааст. Ин донишҳо имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гиёҳҳои шифобахш мебошад. Дар ин раванд, омӯзиши тавсияҳо ва таҷрибаи илмии мутафаккир метавонад барои ташаккули мактаби миллии таҳқиқоти фарматсевтӣ заминаи устувор гузорад. Аз ин рӯ, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино метавонад на танҳо рамзи эҳтиром ба мероси гузашта, балки ангезаи муҳим барои рушди илм ва технологияҳои оянда бошад.
Аҳамияти дигари ин Ҷоиза дар он аст, ки он олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи тандурустиро барои анҷом додани таҳқиқоти нав ҳавасманд месозад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷоизаҳои бонуфузи илмӣ дар пешрафти илм нақши муҳим доранд. Онҳо муҳити рақобати солимро ба вуҷуд оварда, олимонро барои пешниҳоди идеяҳо ва дастовардҳои нав ташвиқ менамоянд. Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино низ метавонад ба рушди тадқиқот дар соҳаҳои тиб, биотехнология, дорусозӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, ин Ҷоиза метавонад ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат кунад. Имрӯзҳо ҳалли мушкилоти глобалии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бо пандемияҳо, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои музмин ва таҳдидҳои нави биологӣ, ҳамкории васеи ҷомеаи илмиро талаб менамояд. Тоҷикистон метавонад тавассути ин Ҷоиза ба майдони муколама ва ҳамкории илмии байналмилалӣ табдил ёфта, олимон ва муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба ҳам оварад.
Ба ибораи дигар Ҷоизаи мазкур метавонад ба таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар ҷаҳони муосир обрӯ ва мақоми давлатҳо на танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки бо саҳми онҳо дар рушди илм, фарҳанг ва маърифат низ муайян мешавад. Тоҷикистон бо такя ба мероси ғании таърихии худ метавонад ҳамчун кишвари фарҳангпарвар, илмдӯст ва ҳомии арзишҳои инсонӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистатар пайдо намояд.
Саидмуқим ИБОДЗОДА,
ноиби президент, раиси шуъбаи
илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор

Санаи нашр: 18.06.2026 №: 118