СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО МАСЪУД ПИЗИШКИЁН

19 июн 2026, Ҷумъа
4


18-уми июн суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён сурат гирифт.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба мардуми Эрон ва роҳбарияти он ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоти самимӣ изҳор намуданд.
Таъкид гардид, ки санади сарнавиштсози дар ин замина аз ҷониби сарварони ду давлат баимзорасида барои таъмини сулҳи пойдор дар Ховари Миёна ва берун аз он, таҳкими суботи байналмилалӣ ва рушди устувор аҳамияти калидӣ дорад.
Пешвои миллат ба мардуми Эрон таманниёти сулҳу субот ва амнияти пойдорро иброз доштанд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, ҳавасмандии доимии тарафҳо ба рушду тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва омодагӣ барои татбиқи иқдомҳои амалии муштарак ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои нави судманд таъкид гардид.

Санаи нашр: 19.06.2026 №: 119