БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

19 июн 2026, Ҷумъа
4

ИСТИҚЛОЛХОҲӢ
Аз Ориён то имрӯз
Истиқлолу озодӣ арзишмандтарину волотарин дастоварди миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзу нигаҳбонии он қарзи фарзандии ҳар як фарди баномусу бедордил аст. Воқеан, соҳибихтиёрӣ ҳамчун муқаддастарин дороӣ тамоми орзуву омоли як миллатро дар хеш фаро мегирад. Агар мо аз назари сиёсатшиносӣ ба умқи ошӯбу даргириҳое, ки дар ҳар гӯшаву канори дунё сар мезананд, нигоҳ афканем, дармеёбем, ки иллати аслии он нобуди ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, гузашт ва нарасидан ба қадри истиқлолияту озодӣ будааст.
Маврид ба зикр аст, ки агар ба сайри таърихии давлату давлатдории миллати тоҷик, ки шохае аз дарахти тануманди ориёист, таваҷҷуҳ намоем, ба вузуҳ мебинем, ки руҳияи шикастнопазирӣ, истиқлолталабиву озодихоҳӣ дар ҷисму руҳи ин халқи қаҳрамон ҷой дошта, ҳаргиз дар ҳеҷ давру замон таҳти ҳеҷ шароите дар баробари зулму ситами аҷнабиён сари таъзиму таслим фуруд наовардааст.
Мо – тоҷикон чун порае аз Ориёи бузург ифтихорманд аз онем, ки аҷдоди мо дар масири таърих ҳамвора парчамдорону пешгомони озодиву озодихоҳӣ буда, истиқлолро, ки неъмати бебаҳост на танҳо барои худ, балки бо сиёсату дирояти хеш барои ақвому миллали гуногуни дунё фароҳам сохтаанд, ки намунаи боризи онро дар замони давлатдории Ҳахоманишиён, ки дар сарманшаи он бузургтарин ва номовартарин шоҳаншоҳи ориёинажодон Куруши Кабир буд, мебинем. Сиёсати пешгирифтаи Ҳахоманишиён дар қиболи мардумони ҷаҳон бар пояи адолату озодӣ бунёд гардида, қарнҳо аҳли оламро дар асоси барномаи маншури Куруш ё ҳамон Эъломияи ҳуқуқи башар бо сулҳу субот, ҳамдиливу ҳамбастагӣ раҳнамоӣ кардааст.
Мутаассифона, баъди аз байн рафтани давлати паҳновари миллии асримиёнагии тоҷикон – Сомониён (875 – 999) ва дар ҳудуди он ташкил гардидани кишварҳои ғайримиллии омехта, ба мисли Қарахониёну Ғазнавиён, Хоразмшоҳиёну Салҷуқиён тоҷикон аз саҳнаи асили давлатдориву сиёсат, роҳбар будан ба канор кашида шуданд. Агарчи тамоми ҳукуматҳои ташкилёфта дар ҳудуди сарзаминҳои тоҷиконро ғайритоҷикон идора мекарданд, аммо забону фарҳанг, ҳикмату дониш, таҷрибаву кори давлатдории ниёгони мо дастурамали кору пайкорашон буд. Мушовирон, вазирон, раҳнамоён, пирони кор ва таъсиргузортарин руҳониёни давлатҳои туркиасл ҳама тоҷикон буданд.
Онҳо такя ба донишу хиради асрҳо санҷидашуда ва корозмуди ниёгони мо аҳдофи сиёсиву давлатдории худро пеш мебурданд. Дар ин муддат, ба қавли шоири зиндаёд Бозор Собир, мо аз фарҳангу ҳувият кохи бегазанд сохтем, ки аз боду борон ва тобиши Офтоб завол нахоҳад ёфт.
Дар ин росто, аҳли илму зиё асарҳои таърихиву ҳамосӣ, ҷуғрофиву ҳисобшиносӣ, илмиву фалсафиро офариданд, ки яке аз бузургтарини онҳо “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ аст. Ин шоҳасар бо руҳияи миллию истиқлолталабӣ рӯйи кор омада, шуълаи озодиро дар қалбҳо рӯшан сохт, мардуми моро барангехт, то дар садади бунёди давлати миллӣ бо назардошти арзишҳои маънавии худ ба майдон биоем.
Таърих гувоҳ аст, ки орзуву омоли неки аҷдоди мо дар тули ин даҳ қарни рукуд, ки дар ташаккулу пешрафти давлатдории миллати тоҷик асари манфӣ ба бор овард, замоне ба ҳақиқат табдил ёфт, ки бо саъю талош, ҷоннисорию ҷонфидоии фарзонафарзандони миллати худ, чун Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби давлати навин бо номи Тоҷикистон гардидем. Истиқлоли кишвари офтобии мо – Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, дақиқан, 9-уми сентябри соли 1991 ба даст омад.
Дар даврони истиқлол таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида, қадамҳои устувори худро барои некуаҳволӣ ва ояндаи дурахшони давлату миллати фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳон гузошт.


Сайнуъмон САЙҒУФРОНОВ,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш

Санаи нашр: 19.06.2026 №: 119