МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ИРАКЛИЙ КОБАХИДЗЕ

22 июн 2026, Душанбе
3


19-уми июн дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе, ки бо сафари расмӣ дар раъси як ҳайати баландпояи кишвари дӯст дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрданд.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ карда, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Зимни суҳбат аҳамияти фаъол кардани муколамаи сиёсӣ ва тамосҳои созандаи корӣ дар сатҳҳои гуногун таъкид гардида, ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои ду кишвар ишора шуд.
Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.
Дар ин замина, масоили амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ташкили занҷираҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисодӣ ва рушди тиҷорати электронӣ матраҳ гардиданд.
Истифодаи муштараки долонҳои транзитии байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ, роҳандозии робитаҳо дар самти навгониҳои технологӣ бо шумули зеҳни сунъӣ ва рушди «иқтисоди сабз» ҳамчун самтҳои ҳамкории судманд муайян шуданд.
Мусоҳибон ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши гуманитарии муносибатҳои ду кишвар, ба фаъол кардани робитаҳо дар соҳаҳои илм, маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон бастаи калони санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро таҳким мебахшанд.
Вобаста ба ин ба имзо расидани Созишнома дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ махсус зикр шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина таъкид доштанд: “Мо бар ин боварем, ки фаъолияти Комиссияи мазкур дар татбиқи тадбирҳои амалӣ ба мақсади рушди ҷанбаҳои зикргардида ва дигар самтҳои робитаҳои ду кишвар мусоидати ҳамаҷониба хоҳад намуд”.
Дар рафти баррасии масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории созанда дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии саъю талошҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо таваҷҷуҳи махсус ба рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба об ва иқлим, тасдиқ карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе барои намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оростанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон 11 санади дуҷониба ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро таҳким мебахшад.
Имзои Созишнома дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ басо муҳим дониста шуд.
Ҳуҷҷатҳои дигар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои ба ҳар ду ҷониб судбахшро фаро мегиранд.

Санаи нашр: 22.06.2026 №: 120-121