ОБШОРОНИ САДСОЛА. ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ЯК ДЕҲАИ ФАЙЗОБОД

22 июн 2026, Душанбе
4


Имрӯзҳо, хушбахтона, деҳаҳои мо ба шаҳрак, шаҳракҳои мо ба шаҳрҳои азими кишвар монанд шудаанд. Меъмории хонаҳо, сохти биноҳои баланд, марказҳои тиббиву иҷтимоӣ, майдонҳои варзишии болопӯшида ва Нишону Парчами давлатӣ шукӯҳи рустоҳоянд. Ҳатто баъзе аз деҳаҳои мо меҳмонхонаҳои замонавӣ ҳам доранд.
Аз ҷумла, деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти "30-солагии Истиқлол"-и ноҳияи Файзобод дар чанд соли охир басе ободу диданӣ шудааст. Он бо фарогирии 1200 кас дар масоҳати 10 га ҷойгир буда, бо манзараҳои дилангез ва чашмаҳои соф ба дили бинанда маъво меёбад.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон Шодмон Назаров дар асоси маъхазҳо, ҳуҷҷатҳои куҳан, суҳбати солмандон, ёдномаи бошандагони аввалини деҳа муайян кард, ки Обшорон (дар гузашта Фақиробод) соли 1926 таъсис ёфта, имсол садсола мешавад.
Ростӣ, деҳаи мазкурро бештар бо номи мутахассисони сохтмони овозадори аср – НБО “Роғун” мешиносанд. Чанде аз сокинони он барои кору хидматҳои шоёнашон дар сохтмон ва ба истифода додани чархаҳои якуму дуюми НБО “Роғун” бо мукофотҳои баланди давлативу ҳукуматӣ сарфароз шудаанд, ки Эмомалӣ Аҳмадов, Машраф Икромов, Алиҷон Очилов, Азизҷон Очилов, Суҳроб Очилов, Зафар Шамсов, Дилшод Аҳмадов дар ин радифанд.
Соҳибкор Алиҷон Очилов дар як мавзеи тамоман нобобу ноҳамвор бинои дуошёна сохта, дар таҳхонаи он коргоҳи шарбатбарорӣ бунёд намуд. Он бо технологияи олмонӣ фаъол шуда, бо номи “Лазиз” машҳур аст. Ҳоло касе аз Файзобод сухан кунад, ҳатман ин шарбатро ёд мекунад, зеро дар ҳама гӯшаву канори кишвар харидору истеъмолкунанда дорад. Бояд гуфт, ки маҳсулоти коргоҳ комилан аз себу нокҳои маҳаллӣ буда, меваҳои боғҳои ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун ҳам ин ҷо ҷамъ оварда мешаванд.
Дар ошёнаи якуми бинои ёдшуда дукону меҳмонхона ва дар ошёнаи дуюм тӯйхонаи назаррабо ҳам мавриди истифодаи мардум аст. Ба ғайр аз ин, дар шафати коргоҳи шарбатбарорӣ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ сохт, ки мушкили на танҳо мардуми Обшорон, балки деҳаҳои гирду атроф ва меҳмонони аз роҳи асосӣ убурмекардаро осон намуд.
Соҳибкор Шамсулло Абдуназаров ҳам дар сари роҳи калон дуконҳои замонавии хӯрокворӣ, сохтмонӣ, дорухона сохтааст, ки ҳамеша серхаридоранд. Махсусан, бинои нави алоҳидаи молҳои рӯзгор ва сохтмонӣ, ки ӯ моҳи майи соли 2026-ум ба истифода дод, бошукӯҳ аст.
Соҳибкор Ҷамшед Қулов дар сари роҳи даромадгоҳи деҳа бинои дуошёна сохта, дар он дуконҳо ва дорухонаро фаъол намудааст.
Корхонаи истеҳсоли хишт ва сементблок, бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ низ бо сарпарастии соҳибкор Ш. Раҳматов мавриди истиқболи мост.
Танҳо ном гирифтани иншоотҳои то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёдшуда гувоҳӣ медиҳанд, ки соҳикборони дурандеши Обшорон чӣ тавр деҳаи хешро ба як гӯшаи зебои Ватан табдил додаанд.
Чойхонаи ҷамъиятӣ бо тамоми шароит барои гузарондани вохӯрию маҳфилҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, фароғатӣ, гузарондани маъракаҳои мардум ба таври ройгон бо ошхона ва дигар лавозимот, оғози сохтмони ду шипанги барҳаво барои мардум (бо сарпарасти Алиҷон Очилов) зинати русто аст.
Нуқтаи оҳангарӣ бо сарпарастии В. Валиев дар соли 2024, устохонаи таъмири сабукравҳо бо иқдоми Х. Хушвахтов, кашидани хатти оби нӯшоӣ дар ҳамдастӣ бо кумитаи маҳалла ва мардуми деҳа аз ҳисоби чашмаҳо ин ҷоро ба ободтарин гӯшаи Файзобод бадал кардааст.
Сохтмони синфхонаҳои иловагии МТМУ №33 дар соли 2024, ба истифода додани роҳҳои дохилии деҳа, байнидеҳавӣ бо рустои Гултеппа, пулҳои мошингузар, обод гардондани оромгоҳи деҳа дар ҳамкорӣ бо маъмурияти мактаб, аҳолии деҳа ва соҳибкорони дастбахайр ба поён расида, дар ду соли охир ба деҳа ҳусни нав зам кардаанд.
Ҳамзамон, ҷавонони ғаюри деҳа варзишгоҳ ва толори варзиш сохтаанд, ки кирои таҳсин аст.
Мардуми Обшорон қариб, ки ба маркази ноҳия нарафта, ҳама мушкилоти хешро дар қаламрави зодгоҳи хеш ҳал мекунанд.
Корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони бинои нави МТМУ №33 сар шуда, лоиҳаи дахлдор бо ҷалби маблағгузории хориҷӣ тасдиқ гардидааст. Бояд гуфт, ки Муассисаи таълимии мазкур барои ду деҳа – Гултеппа ва Обшорон хидмат намуда, бинобар зиёд шудани аҳолӣ ба боргоҳи нави таълим ниёз дорем.
Ҳоло бо ҳамдастиву ҳамандешии омӯзгори собиқадор Шодмон Назаров ҷамъоварии маълумоти нав, омӯхтани ҳуҷҷатҳои пешин ва гирифтани иттилои тоза аз куҳансолони деҳа оғоз кардаем. Бино бар таъкиди Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзиши таърихи ҳар гӯшаву канори Ватан қарзу фарзи фарзандии мост.
Инак, чопи китоби таърихӣ-оммавиро ҳам аз таърихи Обшорон дар нақша дорем, то дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барги сабзе бошад. Дар ин замина хуб мешуд, ки бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод таҷлили садсолагии деҳа дар партави истиқлолу ваҳдат сурат бигирад. Ин амали нек сабаб мешавад, то сокинони деҳа бо дасти дили боз ҳам гармтар пайи ободии зодгоҳ камари ҳиммат бибанданд.


Саид КАРИМОВ,
сокини деҳаи Обшорони ноҳияи Файзобод,
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон

Санаи нашр: 22.06.2026 №: 120-121