СУЛҲИ ТОҶИКОН САРМОЯИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ

22 июн 2026, Душанбе
4


Дар таърихи навини давлатдории мо, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо хотимаи низоъ ё қатъи ҷанг буд, балки раванди маънавӣ, ахлоқӣ ва фалсафие буд, ки дар он миллат аз таҷрибаи сахти парокандагӣ ба зарурати ваҳдат, аз ранҷи ҷудоӣ ба маърифати ҳамбастагӣ ва аз фоҷиаи таърихӣ ба масъулияти ояндасозӣ гузашт. Аз ин хотир, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ҳамчун санади бебаҳои таърихӣ марҳалаи нави рушди миллиро рақам зад.
Мавриди зикри хос аст, ки нақши мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз масъалаҳои калидии таҳлили фалсафӣ ва сиёсӣ мебошад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар шароити буҳрони иҷтимоӣ ва сиёсӣ, маҳз иродаи сиёсӣ, масъулияти таърихӣ ва хиради стратегӣ метавонанд ҷомеаро аз вартаи парокандагӣ ба сӯйи ваҳдат раҳнамун бисозанд. Сарвари давлат дар замони басо мураккаби таърихи навини Тоҷикистон тавонистанд, қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоиро ба муколамаи созанда ҷалб намуда, раванди музокироти сулҳро ба марҳалаи ҳалкунанда расонанд. Аз нуқтаи назари фалсафӣ, сулҳофарии Пешвои миллатро метавон дар се самт баррасӣ кард:
– сатҳи сиёсӣ – ташкили низоми музокироти сулҳ, таъмини суботи давлатӣ ва ба даст овардани созгории миллӣ;
– сатҳи маънавӣ – ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа;
– сатҳи таърихӣ – табдили раванди сулҳ ба пояи устувори давлатдории миллӣ.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ сулҳро ҳамчун арзиши олӣ ва шарти асосии рушди давлат ва ҷомеа арзёбӣ намуда, ҳифзи онро вазифаи доимии миллӣ мешуморанд. Дарвоқеъ, сулҳ худ ба худ пойдор намемонад. Он бояд дар мактаб, донишгоҳ, оила, расона, адабиёт ва сиёсати фарҳангӣ ба арзиши зинда табдил дода шавад.
Насли ҷавоне, ки имрӯз ба воя мерасанд, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро мустақиман надидаанд. Ин аз як тараф неъмат аст, зеро насл дар фазои сулҳ зиндагӣ мекунад. Аммо аз тарафи дигар, агар дарси таърих ба таври дуруст омӯзонда нашавад, сулҳ метавонад барои насли нав як чизи одӣ намояд. Аз ин рӯ, омӯзиши раванди сулҳ бояд ҳамчун ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва масъулият шинохта шавад. Зимнан, гиромидошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳам бояд аз доираи чорабиниҳои расмӣ берун рафта, ба қисми таркибии фалсафаи маориф, тарбияи шаҳрвандӣ ва фарҳанги донишгоҳӣ табдил ёбад.
Сармоя танҳо иқтисоду молия нест. Миллатҳо дорои сармояҳои маънавии забон, фарҳанг, хотира, эътимод, ахлоқ, хирад, сулҳ ва ваҳдат низ мебошанд. Аз ин ҷиҳат сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сармояҳои маънавии даврони истиқлол аст. Ин неъмати бебаҳо ба миллат имкон дод, ки аз фазои тарс ба фазои созандагӣ гузарад. Ин гузариш на танҳо сиёсӣ, балки хусусияти маънавӣ дошт. Яъне миллат фаҳмид, ки бузургтарин неъмат барои ҷомеа на рақобати харобкунанда, балки ҳамкории созанда аст.


Далер КОМИЛОВ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Санаи нашр: 22.06.2026 №: 120-121