27 ИЮН. ВАҚТЕ МЕЪМОР ХИШТИ АВВАЛРО РОСТ МЕГУЗОРАД...

24 июн 2026, Чоршанбе
6


Таърихи пешрафту тараққии ҳар як миллат ба омил ва сабабҳои муайяне пайваст буда, маҳз онҳо заминагузори рушду инкишофи сохти давлатдорӣ ва маъруфияти миллат мегарданд. Дар замони истиқлоли давлатӣ агар чунин омил барои миллати сарбаланди мо, пеш аз ҳама, баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон ва татбиқи давра ба давраи қарорҳои он бошад, воқеаи дигари муҳими таърихӣ имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ маҳсуб меёбад. Аммо, то ба чунин дастоварди зарурию пурқимати таърихӣ расидан, ҳалли садҳо мушкилоту душвориҳои сиёсӣ ва пушти сар кардани муаммоҳои зиёди ҷомеа дар пеши рӯ қарор дошт.
Ин гуна таҷрибаро миллати тоҷик дар оғози истиқлоли давлатӣ шоҳид буд ва дучори монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи давлатсозии миллӣ гардид. Хушбахтона, дар чунин вазъият тақдир барои миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нотакрорро тақдим кард. Ин сиёсатмадори бофазл бо хиради азалӣ, фарҳанги воло ва матонати бемисл кишвари моро аз вартаи пурталотуму мушкил раҳо бахшида, ба сӯи музаффарияту пешравиҳо раҳнамун карданд. Аз ин ҷост, ки нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати бебаҳои миллӣ беназир мебошад.
Мавриди таъкиди махсус аст, ки яке аз дастовардҳои муҳими давраи соҳибистиқлолӣ барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ масири рушди давлатдории навин боз шуда, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ ба ҷойгоҳи шоистаи худ баргашт.
Гузашта аз ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ бо заковати азалии хеш собит намуданд, ки дипломатияи миллии мо реша дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдорӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва хиради азалии тоҷикона дорад ва он дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бо шаклҳои гуногун зуҳур карда, мавҷудияти худро дар замони имрӯза густариш дода истодааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бошад, ҳамчун манбаи амалии омӯзиши сулҳхоҳони тамоми сайёра гаштааст. Ин омил ба миллати мо тафохуру дурандешии тоза бахшида, барои боз ҳам бештар баруманд гардидани миллати сарбаланди тоҷик масъулиятҳои тозаеро ба бор меорад.
Хушбахтона, ҳоло Тоҷикистон кишвари ташаббускори сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ба сифати узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тавонист, бо таҳия ва пешниҳодҳои аҳамиятноки илмӣ дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзанда гузорад. Ҳоло ҷаҳони муосир барои татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлати мо дар самти обу иқлим камари ҳиммат бастааст, зеро аҳамияти фавқулода муҳими ин ташаббусҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби сокинони сайёра дарк мешавад.
Хулоса, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Ватани азизи мо – Тоҷикистон аз марҳалаҳои душвору сангин музаффарона ба марҳалаи рушди устувор гузашт ва бо шарофати сулҳу устувории ваҳдати миллӣ пояҳои иқтисодию фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоӣ мустаҳкаму пойдор гардида, мавқеи байналмилалии кишвар сол ба сол ҷойгоҳи шоистатар касб мекунад, ки ифтихори ҳар фарди бедордили ин сарзамини бостонӣ аст.


Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Санаи нашр: 23.06.2026 №: 122-123