МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ БА САРВАРИ КИШВАР МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

26 июн 2026, Ҷумъа
5

Сано гӯям шуморо марди пурдон,
Аё эй Сарвари боору виҷдон.
Шумо сулҳу салоҳ оварда будед,
Шукуфон гашт кулли Тоҷикистон.


Бузургони Ватанро зинда кардед,
Китобу хомаро поянда кардед.
Шумо будед, “Роғун” гашт гардон,
Чароғи меҳрро тобанда кардед.


Шумо меъмори сулҳу ваҳдат астед,
Сару Сарвар барои миллат астед.
Сазоворед бар тоҷи каёнӣ,
Шумо пушту паноҳи давлат астед!


Ҳайдари РУСТАМ, сокини 76-солаи ноҳияи Ванҷ, собиқадори маориф

Санаи нашр: 24.06.2026 №: 124