27 ИЮН. АҲАМИЯТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУҲИМТАР АЗ ОНЕСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ

26 июн 2026, Ҷумъа
5


Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёму суханрониҳои худ перомуни арзишҳои сулҳу ваҳдат, аҳамияти иттиҳоду ҳамбастагӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва зарурати ҳифзи оромиву осоиштагӣ таъкид менамоянд, ки ҳар суханашон оид ба гиромидошти ваҳдати миллӣ барои наслҳои имрӯзу оянда дарси ватандорию хештаншиносист.
Воқеан, ваҳдат неъмати бузургест, ки ба мардум амният, ба давлат субот ва ба миллат бақо мебахшад. Таърих борҳо собит кардааст, ки ҷомеаҳои пароканда ҳаргиз ба рушду шукуфоӣ намерасанд, аммо миллатҳое, ки метавонанд гирди арзишҳои муштарак муттаҳид шаванд, ба пешрафтҳои назаррас даст меёбанд. Аз ҳамин ҷост, ки масъалаи сулҳу ваҳдат дар тамоми фаъолияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи меҳварӣ дорад.
Имрӯз, хушбахтона, дар ҳар ҷойи ҷаҳон, ки сухан аз сулҳ меравад, номи Тоҷикистон низ бо эҳтиром зикр мешавад. Ҳар ҷо аз оштии миллӣ ҳарф мезананд, таҷрибаи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи барқарорсозии сулҳ ёдовар мегардад.
Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ҳифзи давлат, барқарорсозии сулҳ ва ба ҳам овардани тоҷиконро ҳадафи асосии сиёсати худ қарор доданд. Маҳз бо иродаи қавӣ, ҷасорати сиёсӣ ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат музокироти сулҳ ба натиҷа расид ва дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи тозае бо номи Рӯзи Ваҳдати миллӣ боз гардид.
Аммо аҳамияти ваҳдати миллӣ танҳо дар хомӯш шудани оташи ҷанг ва поён ёфтани низои дохилӣ ифода намеёбад. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон оғози эҳёи давлатдорӣ, марҳалаи нави худшиносии миллӣ ва заминаи асосии ҳамаи дастовардҳое гардид, ки имрӯз Тоҷикистон ба онҳо ифтихор мекунад. Агар сулҳ ҷангро хотима бахшида бошад, ваҳдат ба миллат неруи тоза бахшид, мардумро гирди ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид намуд ва ҷомеаро ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт.
Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз аз гирдоби балохези ҳаводис ва таҳдидҳои рӯзафзуни замон, пеш аз ҳама, он кишварҳое эмин мемонанд, ки дар саргаҳи давлатдории онҳо шахсиятҳои дурандешу сулҳофарин қарор доранд, зеро дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз маҳз хирад, ирода ва ҷасорати сиёсии чунин роҳбарон метавонад миллатро аз парокандагӣ ба ваҳдат, аз низоъ ба сулҳ ва аз буҳрон ба субот расонад.
Боиси саодати мост, ки Қаҳрамони ваҳдат дорем, шахсияте, ки миллатро дар рӯзҳои душвор ба ҳам оварда, давлатро аз хатари парокандагӣ наҷот доданд ва имрӯз Пешвои муаззами миллату Роҳбари ботадбири Тоҷикистони азиз ҳастанд.
Мо номи Қаҳрамони ваҳдат ва Пешвои миллати худро бо ҳарфҳои заррин дар қалбҳои худ навиштаем ва ҳамеша бахту иқболи худро аз юмни ҷасорату ҷонфидоии ин абармард медонем. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳама ваҳдатпарасту сулҳдӯстанд. Ва то замоне ки ин арзиши муқаддас дар қалбу шуури шаҳрвандон ҷой дорад, Тоҷикистон роҳи рушду пешрафти худро бо эътимод идома хоҳад дод.


Абдуғаффор ЮСУФОВ, сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 24.06.2026 №: 124