“БОЗГАШТИ ҚАҲРАМОН”
![]()
КИТОБИ ЧОРУМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ФИДОКОРИҲОИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТРО БОЗГӮ МЕКУНАД
Ҳанӯз соли 2017 Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун роҳандозӣ карда буд.
Инак, баъд аз нуҳ сол, бо илҳом аз иқдоми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан овардани мушти хоке аз оромгоҳи қаҳрамонҳои Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳанг Нисор Муҳаммад, рӯзномаи “Ҷумҳурият” матолиби дар доираи озмуни соли 2017, инчунин маводи дар ҳамовозӣ бо иқдоми беназири Сарвари давлат чопшударо дар шакли китоб ҷамъ оварда, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр расонд.
Китоб бо ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад: “Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкили солҳои 20-уми асри гузашта дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст”.
Дар матлаби “Ҷонфидои миллат”, ки аз китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бознашр шудааст, мехонем: “Нусратулло Махсум ба маънои томаш ҷонфидои миллати тоҷик буд. Ба подоши хизматҳои шоиста ва талошҳои худ баҳри эҳёи давлатдории тоҷикон қурбони беадолатиҳои шовинистиву бадхоҳони халқи тоҷик гардид”.
Китоб барои доираи васеи хонандагон, хусусан муҳаққиқони таърихи Тоҷикистон сарчашмаи боэътимод хоҳад буд. Тавре академик Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, “рӯйдоди ба Ватан овардани мушти хоке аз оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат барои насли ҷавон паёми бузург дорад. Ҷавонон бояд донанд, ки таърих аз китоб сар намешавад ва дар китоб поён намеёбад. Таърих дар қабрҳои бесадо, дар номҳои фаромӯшшуда, дар санадҳои зардшуда ва дар иқдомҳои эҳёгарона зинда аст”.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
