СУЛҲ ҲАМЧУН РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Ё ПАЁМИ ТОҶИКИСТОН БА НАСЛҲОИ ОЯНДА
Бо қабули ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25-уми июни соли 2026 дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036 саҳифаи тозае дар таърихи дипломатияи сулҳ, фарҳанги муколама ва масъулияти байнинаслӣ кушода шуд. Ин ташаббус аз доираи як пешниҳоди маъмулии сиёсӣ фаротар рафта, дорои мазмуни амиқи инсоншиносӣ, давлатшиносӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва фалсафӣ мебошад. Зеро сухан дар бораи сулҳ меравад –
неъмате, ки ҳастии инсон, бақои давлат, амнияти ҷомеа, рушди иқтисод, камолоти маънавӣ ва ояндаи наслҳоро ба ҳам мепайвандад.
Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки ин иқдом идомаи ҳамин мантиқи сулҳпарварона ва арзишмеҳвари Пешвои миллат аст, ки соли гузашта 6-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамовозии кишварҳои ҳамфикр дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо арҷгузорӣ ба як ёдгории нодири таърихии тамаддуни ориёӣ, балки эътирофи байналмилалии он арзишҳои бунёдие мебошад, ки дар меҳвари фарҳанги куҳани тоҷикон, ба монанди таҳаммулгароӣ, адолат, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ, озодии виҷдон ва ҳамзистии осоишта қарор доранд. Устувонаи Куруш ҳамчун рамзи қадимаи хирад, инсондӯстӣ ва давлатдории одилона нишон медиҳад, ки андешаи сулҳ, ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун барои мардуми мо падидаи нав нест, балки реша дар умқи таърихи тамаддуни ориёӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, муколамаи тамаддунҳо ва масъулияти байнинаслӣ идомаи табиии ҳамин мероси маънавӣ буда, сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллатро бо решаҳои таърихиву фарҳангии миллат пайванд медиҳанд; маҳз ҳамин ҷойгоҳ ва нақши таърихии сулҳсозона боис гардид, ки Пешвои миллат 25-уми майи соли 2026 бо Ҷоиза – эътирофномаи сулҳи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гарданд.
Дар маркази ин ташаббусҳо шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд роҳбаре, ки дар таърихи навини Тоҷикистон на танҳо ҳамчун сарвари давлат, балки ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари давлатдории тоҷикон, ташаббускори сиёсати созандаи байналмилалӣ ва мубаллиғи фарҳанги ҳамзистии осоишта шинохта шудаанд. Агар таърих баъзе роҳбаронро бо пирӯзиҳои ҳарбӣ, баъзеро бо ислоҳоти иқтисодӣ ва гурӯҳи дигарро бо иқдомҳои сиёсӣ мешиносад, пас Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ пеш аз ҳама ҳамчун Пешвои сулҳпарвар, раҳнамои ваҳдат ва бунёдгузори мактаби сулҳофарии тоҷикон ҷойгоҳ пайдо кардаанд. Зеро рисолати таърихии Пешвои миллат дар он зоҳир гардид, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози миллат, вақте кишвари тозаистиқлоли тоҷикон дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ, парокандагии сиёсӣ, буҳрони маънавӣ ва хатари нобудии давлатдорӣ қарор дошт, ба майдони масъулият қадам гузоштанд ва роҳи наҷотро на дар интиқом, на дар зӯроварӣ ва на дар идомаи муқовимат, балки дар сулҳ, муколама, бахшиш, хирад ва ваҳдати миллӣ ҷустуҷӯ намуданд.
Пешвои миллат кишварро аз коми ҷанги шаҳрвандӣ, миллатро аз хатари парокандагӣ, давлатро аз остонаи фурӯпошӣ ва ҷомеаро аз вартаи ноумедӣ берун оварданд. Дар он солҳои сангини таърихӣ, ки ҳар хона захме, ҳар модар дарде, ҳар кӯдак тарсе ва ҳар дил саволе дошт, Пешвои миллат сулҳро ба нури раҳнамо, ваҳдатро ба сутуни давлатдорӣ ва умедро ба неруи созанда табдил доданд. Маҳз бо иродаи сиёсӣ, ҷасорати инсонӣ ва тафаккури давлатсозонаи Пешвои миллат оташи ҷанг хомӯш гардид, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, ниҳодҳои давлатӣ эҳё шуданд ва миллати тоҷик бори дигар ба худ, ба сарзамини худ ва ба ояндаи худ эътимод пайдо кард.
Аз ҳамин ҷост, ки шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон танҳо ба унвони роҳбари сиёсӣ маҳдуд намешавад. Пешвои муаззами миллат рамзи эҳёи давлат, таҷассуми иродаи миллӣ, садои сулҳ ва меъмори фалсафаи нави ваҳдати тоҷикон мебошанд. Сулҳе, ки бо роҳбарии Пешвои миллат ба даст омад, танҳо қатъи ҷанг набуд. Он бозгашти миллат ба ҳастии таърихии худ, эҳёи имони мардум ба давлат, пирӯзии ақл бар таассуб, сабр бар хашм, муколама бар силоҳ ва оянда бар фоҷиа буд.
Ташаббуси Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036 идомаи табиии ҳамин мактаб аст. Ин ташаббус аз таҷрибаи зиндаи миллате сарчашма мегирад, ки талхии ҷанги шаҳрвандиро чашида, баъд бо роҳбарии Пешвои худ роҳи душвори оштӣ, бахшиш, ваҳдат ва давлатсозиро тай кардааст. Аз ин рӯ, вақте Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сулҳ сухан мегӯяд, ин сухан танҳо сухани расмии дипломатӣ, изҳори мавқеи сиёсӣ ё баёни як ташаббуси навбатии байналмилалӣ нест. Ин садои таърихи зиндаи миллатест, ки ҷангро бо чашми худ дидааст, оташи хонумонсӯзи онро аз сар гузаронидааст, талхии гурезагӣ, бехонагӣ, гуруснагӣ, тарс, талафоти ҷонӣ, мотами модарон, ятимии кӯдакон, вайронии деҳаҳо, хомӯшии хонаҳо ва парокандагии хонаводаҳоро дар хотираи худ ҳифз кардааст. Ин сухани миллатест, ки дар солҳои сахти фоҷиа миёни умеду ноумедӣ, миёни ҳастиву нестӣ ва миёни бақову нобудӣ қарор дошт, вале бо хиради таърихӣ, сабри миллӣ, иродаи сулҳофарона ва роҳбарии Пешвои миллат аз вартаи ҷанг ба соҳили ваҳдат расид.
Тоҷикистон имрӯз дар бораи сулҳ на аз мавқеи назария, балки аз мавқеи таҷрибаи сангин ва ҳақиқати талхи таърих сухан мегӯяд. Зеро ин миллат медонад, ки ҷанг танҳо садои тир нест, балки шикастани дили модар, ларзидани дасти падар, хомӯш шудани хандаи кӯдак, холӣ мондани мактаб, сард шудани танӯри хонадон ва захмӣ гардидани руҳи ҷомеа аст. Барои ҳамин, ҳар сухани Тоҷикистон дар бораи сулҳ аз умқи дард, аз хотираи фоҷиа, аз қадри ваҳдат ва аз эҳсоси масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯз ва фардо бармеояд. Сулҳе, ки миллати тоҷик бо заҳмат, ашк, сабр ва хирад ба даст овардааст, барои мо танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки неъмати муқаддас, амонати таърихӣ ва шарти бақои давлату миллат мебошад.
Муҳимтар аз ҳама ташаббуси Пешвои миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми равшан медиҳад: сулҳ бояд аз сатҳи вокуниш ба сатҳи пешгирӣ, аз сатҳи санад ба сатҳи фарҳанг, аз сатҳи сиёсат ба сатҳи ахлоқи башарӣ бардошта шавад. Ҷаҳон имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ба чунин нигоҳ ниёз дорад. Зеро дар шароити афзоиши низоъҳо ва бӯҳронҳои ҷаҳонӣ инсоният бояд аз худ бипурсад: оё мо ҳақ дорем, ки фардои фарзандонамонро қурбони манфиатҳои кӯтоҳмуддати имрӯз созем?
Пас, ин ташаббуси Пешвои миллат на танҳо ифтихори Тоҷикистон, балки саҳми арзандаи миллати тоҷик дар тафаккури нави ҷаҳонӣ мебошад. Он ба инсоният мегӯяд, ки сулҳро бояд пеш аз оғози ҷанг ҳифз кард, эътимодро пеш аз шикастан нигоҳ дошт, инсонро пеш аз қурбон шудан қадр намуд ва ояндаро пеш аз торик гаштан равшан сохт. Фардое, ки бар пояи сулҳ, ваҳдат, адолат, хирад ва муҳаббат ба инсон бунёд мешавад, бузургтарин мерос барои наслҳои оянда хоҳад буд. Ва миллати тоҷик бо Пешвои муаззами худ имрӯз дар сохтани ҳамин фардои равшан саҳми таърихӣ мегузорад.
(Идома дорад)
Фарҳод РАҲИМӢ, академики
АМИТ
