ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕЪМОРИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

26 июн 2026, Ҷумъа
6


Боиси сарфарозии мост, ки баҳри истиқболи сазовори Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат, алалхусус дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе, ҳамарӯза чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ баргузор мешаванд, ки шукӯҳу ҷалоли таҷлили ин санаи фархундаро боз ҳам муниру мунаввартар мекунанд.
Имрӯз мо дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ки аз саҳифаҳои дурахшонтарини таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад ва он бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон саҳми бориз гузоштаанд, бастагии ногусастанӣ дорад.
Агар истиқлол барои миллати тоҷик имкони бунёди давлати мустақилро фароҳам оварда бошад, маҳз ваҳдати миллӣ барои пойдории ин давлат ва рушди устувори он замина гузошт, ки дар саргаҳи ин ду падидаи нодири давлатсоз ва халқмеҳвар Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар бораи аҳамияти таърихии ин ду падидаи нодири даврони навини давлатдории миллиамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки шарти асосии бақои давлат, рушди ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад». Ҷои баҳс нест, ки ин суханҳо моҳияти аслии сиёсати давлатдории навини Тоҷикистонро ифода менамоянд.
Дар хотир дорем, ки барқарор намудани сулҳ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ кори осон набуда, барои расидан ба ризояти миллӣ даҳҳо мулоқот, музокирот ва сафарҳои ба ҷон хатарнок аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат анҷом дода шуданд.
Агар ба фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраҳо назар андозем, мебинем, ки давоми солҳои 1994 – 1997 музокироти байни тоҷикон дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон баргузор шуда, дар ин раванд Пешвои миллат иродаи сиёсӣ, сабру таҳаммул ва фарҳанги баланди сулҳофариро аз худ нишон доданд, ки маҳз натиҷаи он ҳама ваҳдат ва ризояти миллии мо гардиданд.
Сарвари давлат дар ин бобат борҳо ёдовар гардида, аз ҷумла иброз намудаанд: «Барои ман ҳифзи давлат ва наҷоти миллат аз ҳама гуна манфиатҳои дигар болотар буд».
Маҳз ҷаҳду талош ва азхудгузаштанҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расиду мардуми азияткашидаи тоҷик сулҳу суботи деринтизор ва ҷонафзоро ба даст овард.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти сулҳ ва имзои ин санади сарнавиштсоз ба маврид таъкид намуданд: «Сулҳро метавон ба даст овард, аммо ҳифз ва таҳкими он аз ба даст оварданаш мушкилтар аст». Ин андеша имрӯз низ аҳамияти бузург дошта, аз мову шумо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва пеш аз ҳама қадршиносиву посдории ин неъмати бебаҳоро тақозо мекунад.
Месазад таъкид намуд, ки пас аз таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор шудани сулҳ дар ҷумҳурӣ марҳалаи нави давлатсозӣ оғоз ёфта, дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат сохторҳои давлатӣ пурра фаъол гардиданд, низоми молиявӣ ва иқтисодӣ барқарор шуд, барномаҳои бузурги рушди иқтисодӣ ба роҳ монда шуданд.
Бартар аз ин, сулҳи ҳамешабаҳор имкон дод, то ҳазорҳо километр роҳҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ навсозиву бунёд ёфта, нақбҳои стратегии нақлиётӣ ба истифода дода шаванд, иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ чандин маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш ёбад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯву созанда дар ҷаҳон эътироф гардад.
Натиҷаи сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯзҳо, пеш аз ҳама, дар симои пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе, бармало намоён мебошад. Пойтахти азизи мо имрӯз ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатии минтақа табдил ёфта, солҳои охир бо дастгириҳои ҳамешагӣ ва рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар он садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанду шаҳри Душанберо ба макони баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, форумҳои иқтисодӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил доданд. Ин раванди созандагӣ низ маҳсули фазои сулҳу субот буда, дар худ шиори «Ободии Ватан аз ваҳдати миллат оғоз меёбад»-ро таҷассум месозад.
Воқеан ҳам, имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои бисёр давлатҳои ҷаҳон намунаи муваффақи оштии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сиёсӣ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи беназири муколама ва созиш эътироф намудаанд.
Дар маркази ин муваффақият маҳз сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдат ва эҳёгари давлатдории миллӣ эътироф мегарданд.
Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Ваҳдате, ки бо заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ваҳдате, ки ба Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва обрӯи байналмилалӣ овард. Ваҳдате, ки имрӯз кафили зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пос доштани заҳмату талошҳои бунёдгузори он – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.


Дилбар ОДИЛЗОДА, муовини раиси шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 26.06.2026 №: 125