ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙНДВОРДИ “ВАҲДАТ”
1. Сухани ҷонбахши Роҳбари давлат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ. 2. Шахси аз ҳама азизу меҳрубон. 3. Яке аз шаклҳои муаммо. 4. …и истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ. 5. Аввалин генералзани тоҷик. 6. Яке аз куҳантарин китобҳои мардуми эронинажод. 7. Ҳисобу китоб.
8. Шоири муосири ватансарои тоҷик (бону). 9. Яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона.
10. Ноҳия дар вилояти Хатлон. 11. Қаҳрамони Тоҷикистон. 12. Ноҳия дар ВМКБ. 13. Шоири халқии Тоҷикистон. 14. Мамнуъгоҳ дар кишвар. 15. Шоир, вассофи сулҳ. 16. Қаҳрамони асосии эпоси “Гӯрғулӣ”. 17. Орден 18. Рӯзнома. 19. Миллат. 20. Ноҳия дар вилояти Суғд. 21. «Шоҳ»-и фанҳо. 22. Ҷойи нигоҳдории ғалла. 23. Камонварзани маъруфи тоҷик. 24. Нуқтаи гармтарини кишвар.
25. Олам, гетӣ. 26. Сарояндаи хушовози муосири эстрадаи тоҷик. 27. Сад сол. 28. Яке аз шаҳрҳои қадимаи Аврупо.
Тартибдиҳанда:
Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН»:
1. Роналдинйо 2. Клеберсон 3. Рикардинйо 4. Коннелли 5. Алварес 6. Бурручага 7. Роналдо 8. Месси 9. Инйеста 10. Пассарелла 11. Аугенталер 12. Марадона 13. Ҳёлсенбайн 14. Пеле 15. Фернандес 16. Мартинес 17. Мбаппе 18. Капеллманн 19. Капуччини
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 935 35 51 50
ШАМЪ
Дар як деҳа ҳар сол сокинон Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шодиву сурур ҷашн мегиранд. Дар маркази деҳа шомгоҳ ҷамъ шуда, ба ҳамдигар шукронаи сулҳу осоиш мекунанд.
Як сол ҳангоми ҷашн барқи деҳа ногаҳон хомӯш шуд. Атрофро торикӣ фаро гирифт. Кӯдаки хурдсоле аз модараш пурсид: “Акнун ҷашн чӣ мешавад?”.
Дар ҳамин лаҳза пирзане аз ҷайбаш як шамъ баровард ва онро фурӯзон кард. Ҳамсояаш низ шамъи худро аз ҳамон оташ афрӯхт. Баъд дигаре ва боз қариб ҳама якҷоя... Пас аз чанд лаҳза тамоми майдон аз рӯшноии садҳо шамъ равшан шуд.
Писарбача ба он манзара нигариста, оромона гуфт: “Акнун фаҳмидам... Агар танҳо як шамъ бошад, рӯшноиаш кам аст. Вале вақте шамъ бисёр бошад, ба торикӣ ҷой намемонад”.
ҲИКМАТ: як шамъ метавонад торикиро бишканад, аммо танҳо ваҳдати мардум метавонад роҳи фардои дурахшони Ватанро равшан созад.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
ПАНДИ БУЗУРГОН
1. Беҳтарин сарват ин хирад аст.
2. Мудҳиштарин фақирӣ ин ҷаҳолат аст.
3. Яке аз вазнинтарин гуноҳҳо худбинист.
4. Беҳтарин сарвате, ки ба ояндагонамон боқӣ мемонад, номи нек аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
АВВАЛИН ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ
Мартин Купер, муҳандиси ширкати «Motorola» (ИМА), нафаре мебошад, ки соли 1973 бори аввал телефони мобилии навъи “Dina-TAC”-ро ихтироъ кардааст. Ҳаҷми он 22,5х12.5х3,75 см буда, вазнаш 1, 15 килограммро ташкил медод.
Ҳамон замон қувваи таҷҳизоти нерудиҳандаи он танҳо барои 20 дақиқа суҳбат кардан мерасиду халос. Барои дубора пур кардан бошад, 10 соат вақт лозим буд. Ин телефони мобилӣ он вақтҳо тақрибан 4000 доллари ИМА арзиш дошт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
АЛБЕРТ ШВЕЙТСЕР ВА НАМУНАИ ОЛИИ ИНСОНДӮСТӢ
Алберт Швейтсер яке аз шахсиятҳои барҷаста ва башардӯсти асри 20 шинохта шудааст. Файласуф, мусиқишинос ва табиби хайрхоҳест, ки барои фаъолиятҳои башардӯстонааш соли 1952 сазовори Ҷоизаи Нобел гардид.
Ӯ бунёдгузори фалсафаи этикии “эҳтиром ба ҳаёт” буда, дар 30-солагӣ, вақте ҳамчун файласуф ва мусиқишинос ном баровард, ба омӯзиши илми тиб шуруъ кард, то маризонро аз маргу ноумедӣ ба зиндагӣ наҷот бахшад.
Соли 1913 дар Габон (Африқои Марказӣ) бо маблағи худаш беморхона сохт. Дар Аврупо консертҳо доир карда, даромадашро барои харидани доруворӣ ба ниёзмандони беморхонааш дар Африқо масраф менамуд. Ба туфайли ин амали некаш ҳазорҳо беморро табобат кард.
Швейтсер солҳои охири ҳаёташ дар канори Алберт Эйнштейн ва дигар олимон алайҳи озмоиши силоҳи ҳастаӣ ва рақобати таслиҳотӣ (яроқнокшавӣ) мубориза мебурд.
Соли 1965 дар шаҳри Ламбарене (Габон) аз олам даргузашт.
Таҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН
10 000 ДАРАХТ ДАР 10 СОЛ
Хай Ся ва Вен Си, ки яке бе дасту дигар нобино буданд, бо ин нуқс кор пайдо карда наметавонистанд. Онҳо чашму дасти ҳамдигар шуда, дар маҳаллаи Елии музофоти Хебейи шимоли Чин маскун шуданд.
– Ман дастони ӯ, вай чашмони ман аст, – гуфтааст Хай Ся.
Вен Си дар сесолагӣ ба садама дучор шуда, аз ду даст маҳрум гашт. Инак, ин ҷуфт маҷбур буд, ки ба хотири писарашон роҳи пешбурди зиндагиро пайдо кунанд.
Ниҳоят бо маслиҳати ҳамдигар тасмим гирифтанд, ки барои наслҳои оянда дарахт шинонанд ва дар даҳ сол 10 000 бех ниҳол сабзонда, роҳи пешбурди зиндагии худро пайдо сохтанд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
БОЗ ЯК ДАСТОВАРДИ ТАЪРИХИИ МЕССИ
Лионел Мессии аргентинӣ ба номи худ боз як рекорди дигарро сабт намуд.
22-юми июн, ҳангоми қувваозмоии тимҳои миллии Аргентина ва Австрия дар Ҷоми ҷаҳон, ба дарвозаи австриягиҳо ду тӯб зада, шумораи голҳояшро дар чемпионатҳои ҷаҳон ба 18 расонд, ки дар таърихи мусобиқа собиқа надорад.
Бояд гуфт, ки рекорди қаблӣ ба Мирослав Клозеи олмонӣ (16 гол) тааллуқ дошт. Воқеан, Клозе Мессиро бо ин дастоварди таърихӣ шодбош гуфт.
Дар ҳамин ҳол, тибқи арзёбии коршиносон, Килиан Мбаппеи фаронсавӣ, ки нисбат ба Месси ҷавонтар аст, метавонад ин натиҷаро тағйир диҳад. Айни ҳол голҳои задаи ӯ 16-торо ташкил медиҳад.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛО
10 БОҒИ ЗЕБОТАРИН ДАР ҶАҲОН
Боғи ботаникии шоҳона
Боғи мазкур дар маркази шаҳри Мелбурн (Австралия) ҷойгир шуда, масоҳати он 4686 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар дохили он боғи бачаҳо, расадхона ва гиёҳнома (гербарий) мавҷуд мебошад.
Бо дарназардошти ин, аксар вақт дар боғ чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили дарсҳои йогаи гурӯҳӣ дар вақти субҳ, лексияҳои ҷолиб ва консертҳои мусиқӣ дар шом гузаронда мешаванд. Азбаски боғ бо рангорангӣ ва зебоии худ машҳур аст, сайёҳон хеле зиёд ба тамошои ин мавзеъ меоянд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АСАРҲОИ ТО ҲОЛ НОМАЪЛУМИ МОТСАРТ ПАЙДО ШУД
Дар Париж дастнависеро пайдо карданд, ки ба Волфганг Амадей Мотсарт тааллуқ дорад.
Ба иттилои Китобхонаи миллии Фаронса, устоди бузурги мусиқӣ ин асарро соли 1778, ҳангоми иқоматаш дар пойтахти Фаронса, навиштааст.
Ҳуҷҷат як дафтари 44- саҳифаӣ мебошад. Ҳафт пйесса аз ин дафтар бори аввал 22-юми июн ба муносибати Рӯзи мусиқӣ дар мавҷи радиои “France Musique” садо дод.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
РЕКОРДҲОИ НАВБАТИИ РОНАЛДО ДАР ҶОМИ ҶАҲОН
Кристиан Роналдо, футболбози машҳури ҷаҳон, 23-юми июн ҳангоми бозии тими миллии Португалия бо тими миллии Ӯзбекистон дар Ҷоми ҷаҳон ба дарвозаи ӯзбекҳо ду гол зада, нахустин футболбоз дар таърих гардид, ки дар шаш чемпионати ҷаҳон гол задааст. Ӯ, инчунин, шумораи голҳояшро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба 10 расонда, аз Эйсебиои ҳамватанаш, ки нуҳ гол зада буд, пеш гузашт ва беҳтарин нишонзани тими миллии Португалия дар таърихи ин мусобиқа шуд. Илова бар ин, Кристиан Роналдо куҳансолтарин футболбозе гардид, ки дар таърихи Ҷоми ҷаҳон дар як бозӣ ду гол задааст. Ҳамчунин, шумораи голҳои Роналдо дар бозиҳои расмӣ ба 975-то расид.
Таҳияи С. АШУРОВ
ЧАНД ПАНДЕ АЗ ИБНИ СИНО
Абуалӣ ибни Сино фармудааст: “Ҳар чизро камаш дору аст, миқдори миёнааш ғизо ва зиёдаш заҳр. Ҳеҷ вақт бо касе аз меъёр зиёд шӯхӣ накун, зеро ҳурматҳо шикаста мешаванд. Ҳаргиз ба касе бештар аз меъёр хубӣ накун, зеро ба вазифа табдил мешавад. Ҳеҷ вақт бо касе бештар аз меъёр ишқ наварз, зеро беарзиш мешавӣ”.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ИЛОН МАСК аввалин триллионер
Бино ба иттилои сомонаи bbc.com/russian/ дороии сарватмандтарин шахси олам – соҳибкори амрикоӣ, муассиси ширкати SpaceX Илон Маск, ба беш аз 1 триллион доллари ИМА расид, ки дар таърихи инсоният собиқа надорад.
Тавре гуфта мешавад, ин пас аз он ки саҳмияҳои ширкат дар бозори коғазҳои қиматнок ба фурӯш гузошта шуд, ба амал омад. Зикр мешавад, ки арзиши аввалияи саҳмия 134 долларро ташкил медод, аммо дар оғози фурӯш ба 150 доллар расида, пас аз лаҳзае ба 164 доллар баробар шуд.
Таҳияи Ш. ШОКИР
Алимент насупурдаӣ?
Футбол тамошо намекунӣ!
Ҳукумати Аргентина рӯйхати беш аз 13000 мардро, ки аз супурдани алимент саркашӣ кардаанд, ба мақомоти ИМА супурда, хоҳиш кардааст, ки онҳоро ба тамошои бозиҳои футбол роҳ надиҳанд.
“Онҳое, ки ба чунин масъулияти муҳим, ба мисли дастгирии молиявии фарзандон, беэътиноӣ мекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Падароне, ки маблағи алиментро напардохтаанд, ба варзишгоҳҳо роҳ дода намешаванд", - гуфтааст шаҳрдори Буэнос-Айрес.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ГИРОМИДОШТИ ПАДАР
Лоренсо Монфардини дар чорабинии идонаи хатм, ки дар факултети муҳандисии яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии Бразилия доир шуд, барои гирифтани диплом бо баллони газ дар китфаш омад.
Ин амалкарди худро шарҳ дода, баъдан мегӯяд, ки хониши муваффақонаи ӯ ба шарофати падараш даст додааст, ки бештар аз 50 сол газкашон будааст.
Ин иқдоми Лоренсо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфта, дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳамовозии гарм пайдо намуд.
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
26-уми июни соли 2004 дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Чин рӯйдоди муҳим ба вуқуъ пайваст.
Дар ин рӯз бори аввал байни шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин хатсайри байналмилалии автобус ифтитоҳ гардид. Аввалин автобус бо 40 мусофир аз Хоруғ ба самти Қошғар ҳаракат кард. Ба роҳ мондани ин хатсайр баъди ба истифода додани гузаргоҳи сарҳадии Қулма имконпазир шуд.
Имрӯз низ роҳи Хоруғ – Кулма – Қошғар яке аз муҳимтарин долонҳои нақлиётӣ барои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад ва дар рушди иқтисоди минтақа нақши назаррас дорад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
УҚЁНУСҲО ТИЛЛОИЯНД
Зимни тадқиқоти олимони амрикоӣ муайян гардид, ки дар оби уқёнусҳо тақрибан 20 миллион тонна тилло ҳал шудааст.
Онҳо бар онанд, ки агар ҳамаи ин тиллоро соф карда, байни тамоми мардуми сайёра тақсим кунем, ба ҳар нафар тақрибан 2,4-килоӣ мерасад. Вале, мутаассифона, то ҳол усули ҷудо кардани ин миқдор тилло аз об ихтироъ нагардидааст.
Таҳияи Ҷӯрабег НЕГМАТОВ
ИҚТИБОСҲОИ ҶОЛИБ
БАРОИ АНДЕША
Шумо наметавонед танҳо бо хондани он чизе, ки ба шумо маъқул аст, донишманд шавед.
(Ҷозеф Ҷуберт)
Чизе ҳамеша моро бозмедорад ва моро заифтар мекунад. Маълум шуд, ки ин худамон будаем.
(Роберт Фрост)
Агар шумо хоҳед, ки рӯзе кори бузурге кунед, дар хотир доред: он рӯз имрӯз аст.
(Ҷорҷ Лукас)
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ
НЕКӢ БИКУН…
Пирзане, ки 200 доллар гум мекунад, дар деворе чунин эълон менависад: «Ман 200 долларро гум кардаам. Нафаре, ки пайдо кунад, хоҳишмандам бо ин суроға … биёрад. Нафақаам хеле кам аст ва ба ин пул муҳтоҷам».
Чанде пас марде вонамуд месозад, ки гӯё ӯ ин пулро ёфтааст ва ба хонаи пирзан рафта, 200 долларро ба ӯ медиҳад.
Зани солхӯрда ашк рехта мегӯяд: “Писарам, ту, аллакай, дувоздаҳум нафаре ҳастӣ, ки наздам омада мегӯӣ, ки пули маро ёфтӣ”.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
МУНТАХАБИ КЮРАСАО БА “КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕСС” ВОРИД ШУД
Дастаи мунтахаби футболи Кюрасао дар таърихи футболи ҷаҳон дастоварди нодиреро ба қайд гирифта, расман ба “Китоби Рекордҳои Гиннесс” ворид шуд.
Ин кишвари ҷазиравӣ бо аҳолии 156 ҳазору 115 нафар ба хурдтарин мамлакате табдил ёфт, ки тавонист ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёбад.
Шаҳодатномаи расмии “Китоби Рекордҳои Гиннесс” ба президенти Федератсияи футболи Кюрасао Гилберт Мартина тақдим гардид.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
Ваҳдат аз ҳамдигарфаҳмӣ поянда аст
Дарёчае ду маҳалларо аз ҳам ҷудо менамуд. Баъзан мардуми ин ду маҳалла аз нофаҳмӣ бо ҳам баҳс мекарданд.
Як рӯз пирмарди доное пешниҳод кард, ки ҳама якҷоя пули нав созанд. Мардум аз ҳар ду тараф ҷамъ ва даст ба кор шуданд. Вақте пул сохта шуд, дарк карданд, ки ҳамкорӣ аз баҳсу ҷудоӣ беҳтар аст.
Пирмард гуфт: “Ваҳдату иттиҳод мисли ҳамин пул аст, дилҳоро ба ҳам мепайвандад”.
Панд: Сулҳ аз дили ором, ваҳдат аз ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиш аз бузургии инсон пояндаанд. Миллате, ки ин арзишҳоро ҳифз мекунад, ҳамеша ободу сарбаланд мемонад.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
