“ҶУРА”. ТАКСИ ДАР НУФУЗИ РӮЗАФЗУНИ ПОЙТАХТ БОЯД САҲМГУЗОР БОШАД, НА БАРЪАКС!

Солҳои охир Душанбе ба яке аз шаҳрҳои босуръат рушдёбандаи минтақа табдил ёфтааст. Роҳҳои нав, биноҳои замонавӣ, боғҳои ободу зебо ва рушди инфрасохтор симои пойтахтро беш аз пеш ҷолибу замонавӣ гардондаанд. Имрӯз Душанбе, воқеан, ҳамчун шаҳри муосир, амн ва барои сайёҳон ҷолиб муаррифӣ мешавад. Аммо дар баробари ин пешрафтҳо, дар яке аз бахшҳои муҳими хизматрасонӣ – такси, ҳанӯз ҳам мушкилоте вуҷуд дорад, ки ҳалли таъҷиливу бетаъхир мехоҳад.
Ҳамчун нафаре, ки қариб ҳар рӯз аз хизматрасонии такси истифода мебарам, пеш аз нишастан ба мошин ҳамеша андеша мекунам: “Оё ин дафъа ронандаи хушмуомила насиб мегардад ё боз нафаре, ки бо рафтори дағалона ва муносибати беэҳтиромона табъамро хира месозад?”.
Мутаассифона, чунин эҳсос танҳо ба як нафар хос нест. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои рӯзмарра пайваста шикоятҳои шаҳрвандон, бахусус аз фаъолияти ронандагони ширкати мусофиркашонии «Ҷура», ба мушоҳида мерасанд. Аз муносибати дағалона то риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ ва саркашӣ аз иҷрои талаботи одии муштариён – ҳамаи ин ба мавзуи доимии баҳсу нигаронии ҷомеа табдил ёфтааст.
Таассуфовар он аст, ки имрӯзҳо, вақте мусофир бо ронандаи бофарҳанг ва хушмуомила дучор меояд, шод мешавад, гӯё бо воқеаи нодире рӯ ба рӯ гардида бошад. Ҳол он ки чунин муносибат бояд меъёр бошад, на бозёфт.
ЯК ВОҚЕАИ ОДӢ, КИ МУШКИЛРО ОШКОР МЕКУНАД
Рӯзе, ҳангоми нисфирӯзӣ, ба такси (рақами давлатиаш 8274ТТ09) нишастам. Ҳаво хеле гарм буд. Дар дохили мошин на танҳо кондитсионер фаъол набуд, балки ҳаво аз бӯи арақ ва нос вазнину тоқатфарсо менамуд. Бо эҳтиром аз ронанда хоҳиш кардам, ки кондитсионерро фаъол кунад. Ӯ ҷавоб дод: «Ман бо кондитсионер кор карда наметавонам, ба саломатиям зарар дорад».
Азбаски нишастан дар дохили мошин душвор буд, бори дигар хоҳиш кардам. Ин дафъа ронанда бо оҳанги эътирозомез гуфт: «Ту дар ресторан шиштаӣ, ки кондитсионер талаб мекунӣ?».
Дар ҷараёни ин гуфтугӯ ронанда дар даҳонаш нос, ҳангоми сухан гуфтан қатраҳои оби даҳонаш ба ҳаво пош мехӯрданд. Вақте хоҳиш кардам, ки аввал носро туф карда, баъд суҳбат кунад, ҷавобаш боз ҳам дағалтар шуд: «На кондитсионер мемонам, на носамро туф мекунам. Агар маъқул набошад, аз мошинам фаро».
Ман ҳамчун муштарӣ танҳо талаботи муқаррариро талаб кардам, на чизи зиёдатӣ ва на хизматрасонии дараҷаи олӣ. Аммо чунин муносибат нишон медиҳад, ки ронандагон ҳанӯз дарк накардаанд: онҳо ба муштарӣ хизмат мерасонанд, на баръакс.
Чаро мусофире, ки барои хизматрасонӣ маблағ пардохт мекунад, бояд чунин муносибатро таҳаммул намояд? Оё ронанда ҳақ дорад, ки муштариро худсарона таҳқир кунад?
Мутаассифона, масъала танҳо ба рафтори дур аз одоб ва этикаи хизматрасонӣ маҳдуд намешавад. Мушкил, ҳамчунин, дар набудани назорати муассир, омӯзиши касбӣ ва татбиқи стандартҳои ягонаи хизматрасонӣ мебошад.
Дар ин замина, саволҳои мантиқӣ ба миён меоянд: оё барои ронандагон қоидаҳои ҳатмии хизматрасонӣ вуҷуд доранд? Оё онҳо омӯзиши фарҳанги муошират мегузаранд? Оё шикоятҳои шаҳрвандон баррасӣ мешаванд? Ва оё барои муносибати дағалона ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Агар чунин механизмҳо самаранок фаъолият мекарданд, эҳтимол шумораи шикоятҳо ба ин дараҷа зиёд намешуд ва ширкати «Ҷура» низ метавонист дар байни аҳолӣ эътимоди бештар ба даст оварад.
ҲУҚУҚИ МУШТАРӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ХИЗМАТРАСОН
Дар иқтисоди бозорӣ муштарӣ арзиши асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар шаҳрванд, ки барои хизматрасонӣ маблағ пардохт мекунад, ҳақ дорад:
– хизматрасонии босифат гирад;
– дар муҳити тоза ва бехатар сафар намояд;
– нисбат ба ӯ муносибати эҳтиромона зоҳир гардад;
– дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳояш шикоят пешниҳод кунад ва шикояташ ҳатман баррасӣ шавад.
Аз ин рӯ, муносибати дағалона, истифодаи нос ҳангоми хизматрасонӣ, саркашӣ аз расондани мусофир ба нуқтаи таъинот ва дигар ҳолатҳои шабеҳ танҳо масъалаи ахлоқ нестанд. Онҳо масъалаи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва масъулияти хизматрасон мебошанд.
Дуруст ва амали хайр аст, ки ширкати «Ҷура» барои дастрас будани хизматрасонии такси ва беҳтар намудани вазъи нақлиёт талош мекунад. Аммо вақте сатҳи хизматрасонӣ дар аксар маврид аз ҷониби баъзе ронандагон паст буда, шикоятҳои муштариён нодида гирифта мешаванд, ин метавонад аз камбудиҳои идоракунӣ ва назорати дохилӣ шаҳодат диҳад, ки дар навбати худ ба нуфузи ширкат таъсири манфӣ мерасонад.
ПАС ЧӢ БОЯД КАРД?
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон фаъолияти ронандаи такси аз баҳогузории муштариён вобаста аст. Агар мусофирон пайваста аз кори ӯ норозӣ бошанд, ширкат ҳамкориро қатъ мекунад. Аз ҳамин сабаб, ронандагон манфиатдоранд, ки бо муштариён муносибати эҳтиромона дошта бошанд. Татбиқи чунин таҷриба дар кишвари мо низ метавонад натиҷаҳои мусбат диҳад.
Ҳамзамон, барои беҳтар намудани вазъ, андешидани тадбирҳои зерин зарур ба назар мерасад: якум, таҳияи Кодекси ягонаи хизматрасонӣ барои ҳамаи ронандагон; дуюм, манъи қатъии истифодаи нос, сигор ва дигар одатҳои зиддибеҳдоштӣ ҳангоми хизматрасонӣ; сеюм, ҷорӣ намудани низоми муассири қабул ва назорати шикоятҳои шаҳрвандон; чорум, омӯзиши ҳатмии одоби муошират ва хизматрасонӣ; панҷум, баҳогузории фаъолияти ронандагон аз ҷониби мусофирон; шашум, ҳавасмандгардонии ронандагони намунавӣ ва татбиқи чораҳои интизомӣ нисбат ба ронандагоне, ки талаботи хизматрасониро риоя намекунанд; ҳафтум, тақвияти назорати мақомоти дахлдор аз болои сифати хизматрасонии такси.
ФАРҲАНГИ ХИЗМАТРАСОНӢ – ОИНАИ ШАҲРИ МУОСИР
Имрӯзҳо масъалаи хизматрасонии такси дар Душанбе дигар танҳо мушкили мусофирон нест. Ин масъала ба фарҳанги ҷамъиятӣ, эҳтиром ба шаҳрвандон ва симои умумии пойтахт иртиботи мустақим дорад.
Ширкати «Ҷура» барои ҳифзи обрӯи худ ва саҳм гузоштан дар нигоҳдории симои зебову ободи Душанбе бояд, пеш аз ҳама, муҳити бароҳат, бехатар ва эҳтиромомезро барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт таъмин намояд.
То замоне ки мусофир ҳангоми нишастан ба такси бо нигаронӣ андеша кунад, ки «кош ронандаи хуб рост ояд», наметавон гуфт, ки низоми хизматрасонӣ ба талаботи шаҳри муосир ҷавобгӯ мебошад.
Муштарӣ набояд аз сафар ҳарос дошта бошад. Ӯ бояд эҳсос намояд, ки ҳуқуқ, шаъну шарафи ӯ арзиш доранд. Маҳз ҳамин меъёрҳо нишон медиҳанд, ки фарҳанги хизматрасонӣ то кадом андоза ба сатҳи пойтахти муосир мутобиқ аст.
Моҳира САНГМАҲМАДЗОДА,
“Ҷумҳурият”
