АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. АЗ МЕРОСИ ҶОВИДОНАИ ТОҶИКОН ТО АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРИИ ИЛМ

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди муҳими илмӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти нобиғаи ҷаҳонӣ Абуалӣ ибни Сино аст, балки бозгӯйи сиёсати фарҳангии давлат дар самти эҳёи мероси илмии тоҷикон ва муаррифии саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ҷаҳони муосир, ки илм ва тандурустӣ ба омили муҳити рушди устувори инсоният табдил ёфтаанд, гиромидошти мероси яке аз бузургтарин табибони таърих аҳамияти хос касб мекунад. Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он шахсиятҳое мебошад, ки осори ӯ аз ҳудуди як минтақа фаротар рафта, ба сарвати маънавии тамоми инсоният мубаддал гардидааст. Бо вуҷуди ин, ҳар як шахсияти таърихӣ муҳити ташаккули худро дорад. Ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздики Бохоро, дар қаламрави давлати Сомониён ба дунё омадааст. Забони модарии ӯ тоҷикӣ буда, дар баробари он забони арабиро ҳамчун забони илм ба таври комил аз худ намудааст.
Дар китобҳои Ибни Сино оид ба ҳалли масъалаҳои гуногуни мантиқӣ мисолҳои монанд танҳо аз забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ оварда шудааст. Ӯ асарҳои худро дар соҳаҳои гуногуни илм маҳз бо ҳамин ду забон навиштааст. Аз ҷумла, ин забонҳо барои таълифи асарҳои ӯ истифода мешуданд, ки тавассути онҳо ӯ дар рушди фалсафа ва тиб саҳми бузург гузоштааст. Осори машҳури ӯ, аз ҷумла «Донишнома», ба забони тоҷикӣ таълиф гардида, «Ал-Қонун-фи-т-тиб» ва «Китоб-уш-шифо» бо забони арабӣ навиша шудаанд. Маҳз ҳамин ду забон воситаи интиқоли афкори илмии ӯ буданд. Ин воқеият нишон медиҳад, ки Абуалӣ ибни Сино дар муҳити фарҳангии тоҷикӣ ташаккул ёфта, баъдан бо истифода аз забони байналмилалии илми он давра – арабӣ дастовардҳои худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Дар солҳои охир баъзе гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки шахсияти Ибни Синоро ба манфиати идеологияҳои ин ё он кишвар тафсир намоянд. Аммо илм ба эҳсосот не, балки ба далелҳои таърихӣ такя мекунад. Сарчашмаҳои муътамади асримиёнагӣ, тарҷумаи ҳоли худи Ибни Сино, забони осори ӯ ва таҳқиқоти олимони байналмилалӣ баёнгари онанд, ки ӯ фарзанди муҳити фарҳангии форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Дар айни замон бояд таъкид кард, ки мероси Ибни Сино моликияти маънавии тамоми башарият аст. Ҳамон гуна, ки мероси Арасту, Галилей ё Нютон танҳо ба як миллат маҳдуд намешавад, осори Ибни Сино низ ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ хизмат кардааст. Аз ин рӯ, муаррифии ӯ бояд ба таҳкими ҳамкории илмӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мусоидат намояд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб маҳз чунин ҳадафро пайгирӣ мекунад. Ин Ҷоиза метавонад барои рушди таҳқиқоти тиббӣ, ҳавасманд намудани олимон, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва муаррифии саҳми тоҷикон дар таърихи илми ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун вориси тамаддуни Сомониён масъулияти бузургеро дар ҳифз ва муаррифии мероси Ибни Сино бар дӯш дорад. Арҷгузорӣ ба ин нобиға танҳо гиромидошти гузашта нест, балки сармоягузорӣ ба ояндаи илму маърифат мебошад. Аз ин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб метавонад ба яке аз муҳимтарин воситаҳои таҳкими нуфузи илмӣ ва фарҳангии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ табдил ёбад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
