ВАТАНДОРӢ. САДОҚАТ МУҲИМТАРИН АРЗИШ АСТ

30 июн 2026, Сешанбе
1


Дар дилхоҳ давраҳои таърихӣ шахсиятҳои маъруфу муътабар ва сулҳофару ҷонфидое ҳастанд, ки бо корномаҳои мондагори худ сарнавишти халқу миллатҳоро рақам задаанд. Яке аз чунин абармардони таърихсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки саманди андешаҳои оқилона ва роҳнамоии хирадмандонаашон миллати дар оғози истиқлоли давлатӣ парокандаи моро ба ҳам овард.


Президенти маҳбуби мо, дар солҳои басо душвору даҳшатноки солҳои аввали истиқлол бори вазинини роҳбарӣ дар кишвари ҷангзадаро бар дӯши худ гирифта, ин миллати парокандаро зери як парчаму нишон сарҷамъ намуданд. Шояд барои нафароне, ки солҳои мудҳиш ва даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро надидаанд, ин суханҳо сода намоянд, аммо инҷониб мудҳиштарин давраҳои ҷанги таҳмилиро мушоҳида намуда, ба ҷасорати Пешвои миллат, ки барои сарҷамъии миллат ҷони худро гарав гузоштаву барои якпорчагии миллат аз садҳо хатар гузаштаанд, таҳсин мегӯям.
Роҳбари ҳар давлат барои миллаташ азизу бузург ва гиромист, аммо миллати тоҷик, махсусан насли наврас, бояд хуб дарк намоянд, ки дар миён Роҳбари давлати мо ҷойгоҳи болотар доранд. Далел ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулки вайрона, ки мардум дар он рӯзҳо барои пайдо кардани қути лоямути худ ба берун баромада наметавонистанд ва дар фикри фирор аз кишвар буданд, ба майдон омада, ба қимати ҷони худ миллатро сарҷамъу истиқлолу озодиро побарҷову устувор намуданд.
Ҳолати он рӯзҳои сангин ба ҳадде дар дили мардум тухми ноумедӣ кошта буд, ки умеди рӯзи ободро кас интизор надошт. Ашӯр Сафар бисёр воқеӣ он рӯзҳоро тасвир кардааст:
Як бори дигар ханда ба лаб
мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб
мешуда бошад.
Бар ҷойи ҳамин мамлакати
сулҳҷӯдоям,
Як мамлакати сулҳталаб
мешуда бошад...


Корномаҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва бунёди як давлати комилҳуқуқ китоби пурарзишеро мемонад, ки бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон онро варақ занад, пайрави содиқи мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад.
Ҳоло вақти он расидааст, ки мо насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ, ифтихор аз давлату миллат тарбия намуда, фарзандони содиқи ин Ватан буданро дар амал собит намоем.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳое таҳдид карда истодаанд, ки ҳар лаҳза метавонанд зарар ба истиқол ва ваҳдати миллӣ расонанд. Дар чунин вазъ, бояд мисли ангуштони як даст ва гулҳои як боғ, фарзандони як модар ба ҳам омада, доимо дар ҳифзу ҳимояи кишвари азизамон талош намоем ва дар татбиқи сиёсати созандаи Сарвари маҳбубамон беш аз ҳар вақти дигар фаъол бошем.


Маҳмадӣ АВАЗОВ,
корманди шуъбаи маорифи
ноҳияи Сангвор

Санаи нашр: 30.06.2026 №: 126