АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

02 июл 2026, Панҷшанбе
5


НОБИҒАИ ҶАҲОНӢ ВА РАМЗИ ИФТИХОРИ ТОҶИКОН
Ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 2026 дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб рӯйдоди муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва миллӣ ба шумор меравад. Ин иқдом на танҳо барои рушди илми тиб ва қадрдонии олимони барҷаста хизмат мекунад, балки пос доштани хотираи яке аз бузургтарин фарзандони миллат Шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро низ таъмин менамояд.
Таърих нишон медиҳад, ки бузургии миллатҳо на аз шумораи аҳолии онҳо, балки аз саҳми онҳо дар пешрафти тамаддуни башарӣ муайян мешавад. Миллати тоҷик тули ҳазорсолаҳо шахсиятҳоеро ба ҷаҳон тақдим намудааст, ки мероси онҳо марзҳои миллӣ ва замони худро пушти сар карда, ба дороии инсоният табдил ёфтаанд. Дар сафи аввалини чунин чеҳраҳои дурахшон номи Абуалӣ ибни Сино қарор дорад.


ИБНИ СИНО ВА РЕШАҲОИ ТОҶИКИИ Ӯ
Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи Бухоро ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ аз мардуми Балх буда, модараш Ситора аз аҳолии маҳаллии Афшана мебошад. Ҳардуи ин минтақаҳо аз марказҳои муҳими тамаддуни тоҷикон ва форсизабонон маҳсуб мешуданд.
Ибни Сино дар муҳити фарҳангӣ ва сиёсии давлати Сомониён ба воя расид. Давлате, ки аз ҷониби таърихшиносон ҳамчун яке аз давраҳои тиллоии эҳёи фарҳанги тоҷикон ва забони форсӣ эътироф шудааст. Маҳз сиёсати илмпарварона ва фарҳангдӯстонаи амирони Сомонӣ шароит фароҳам овард, ки дар он донишмандон озодона фаъолият намуда, илмҳои гуногун рушд намоянд.
Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки маҳз ҳамин муҳити озодандешӣ ва илмпарварӣ боис гардид, ки нобиғаҳое чун Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, ҳаким Фирдавсӣ ва Абубакри Розӣ ба камол расанд. Китобхонаҳои бузурги давраи Сомонӣ, мактабу мадрасаҳои пешрафта ва дастрасии озод ба дониш заминаи ташаккули ин бузургон гардиданд.


НОБИҒАЕ, КИ ҶАҲОНРО ТАҒЙИР ДОД
Ибни Сино тули умри кӯтоҳ, аммо пурбаракати худ беш аз 450 асар дар 29 соҳаи илм таълиф кардааст. Гарчанде имрӯз танҳо тақрибан 274 асари ӯ ба мо расидааст, ҳамин миқдор низ барои ҷойгоҳи ӯ дар таърихи илм кофист.
Ӯ файласуф, пизишк, риёзидон, мантиқшинос, мусиқидон, табиатшинос ва мутафаккири барҷаста буд. Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» то асри XVII дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби асосии тиб истифода мешуд. Аз ҳамин сабаб, Ибни Синоро яке аз асосгузорони тибби илмӣ медонанд.
Дар тарҷумаи ҳоли худ Ибни Сино менависад, ки дар синни ҳаждаҳсолагӣ қариб ҳамаи илмҳои замони худро аз бар карда буд. Ин иқтидори фавқулода ӯро ба яке аз камназиртарин донишмандони таърихи инсоният табдил дод.


ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА МЕРОСИ ТОҶИКИИ ИБНИ СИНО
Яке аз далелҳои муҳими мансубияти фарҳангии Ибни Сино осори форсӣ-тоҷикии ӯ мебошад. Гарчанде қисми зиёди асарҳояш ба забони арабӣ навишта шудаанд, ӯ ба забони модарии худ низ осори арзишманд офаридааст.
Аз ҷумла, «Донишнома» ва «Рисолаи рагшиносӣ» аз муҳимтарин асарҳои илмии ӯ ба забони тоҷикӣ ба шумор мераванд. Барои баёни мафҳумҳои илмӣ Ибни Сино садҳо истилоҳи нав сохтааст. Тибқи таҳқиқот, танҳо дар ҳамин ду асар зиёда аз ҳазор вожаи илмии нав аз ҷониби ӯ эҷод гардидааст, ки дар ғанӣ гардидани захираи луғавии забони тоҷикӣ нақши муҳим бозидаанд.
Ҳамчунин, ӯ яке аз нахустин рубоисароёни бузурги адабиёти форсӣ ба ҳисоб меравад. Рубоиёти ӯ саршор аз андешаҳои фалсафӣ ва инсонгароёна мебошанд:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Ва ё:
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард.
Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.
Ин ашъор нишон медиҳанд, ки ӯ на танҳо донишманд, балки адиби тавоно ва суханвари бузург низ буд.


ГУВОҲИИ ДОНИШМАНДОН
Устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1939 дар мақолаи машҳури худ «Шайхурраис Абуалӣ Сино» ба решаҳои тоҷикӣ ва нақши бузурги ин донишманд дар фарҳанги тоҷик ишора кардааст. Бисёр муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ низ таъкид менамоянд, ки Ибни Сино маҳсули муҳити фарҳангии Мовароуннаҳр ва Хуросони бузург буда, ба тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ тааллуқ дорад.
Нависанда ва муҳаққиқ Варқаи Зайниддин низ бар он назар аст, ки сиёсати илмпарваронаи Сомониён имкон дод, ки неруи зеҳнии минтақа ба дараҷаи бесобиқа рушд намояд ва чунин нобиғаҳо ба арсаи таърих ворид шаванд.


АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ ИБНИ СИНО ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол номи Ибни Сино ҷойгоҳи махсус дорад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи ӯро дорад. Дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи бошукӯҳи ӯ қомат афрохтааст. Як қатор кӯчаҳо, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба номи ӯ гузошта шудаанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 18-уми август – рӯзи таваллуди Ибни Сино, Рӯзи кормандони соҳаи тиб буда, ҳар сол пизишкони кишвар ин рӯзро ҳамчун иди касбии худ ҷашн мегиранд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб боз як қадами муҳим дар роҳи арҷгузорӣ ба ин чеҳраи ҷаҳонии илму маърифат мебошад. Ин Ҷоиза на танҳо хотираи олимро зинда нигоҳ медорад, балки ҷавононро ба омӯзиши илм, таҳқиқот ва навоварӣ ҳидоят менамояд.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.07.2026 №: 127