ХУМДОН. ДЕҲОТЕ, КИ НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАД

02 июл 2026, Панҷшанбе
5


Деҳаҳои доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашидаи тарафи ҷанубии маркази маъмурии ноҳияи Нуробод, ки дар шафати шоҳроҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ қарор доранд, дили ҳар раҳгузарро тасхир месозанд. Махсусан, бо табиати нотакрору биноҳои замонавии қоматафрохтаашон ҳар бинандаро шефтаи худ месозанд.
Дидани чунин манзара моро беихтиёр аз шоҳроҳ берун кашиду ба тамошои деҳоти атрофи Дарбанди куҳан бурд. Баъди дидан аз чандин мавзеъҳо, вориди бинои ҷамоати деҳот шудем. Дар назди даромадгоҳи бино бо Муҳаммад Шоҳиён, раиси Ҷамоати деҳоти Хумдон, вохӯрдем.
– Ҷамоати деҳоти мо соли 1932 таъсис ёфта, аз 20 деҳа иборат мебошад. Аҳолиаш ба ҳолати имрӯза 13 ҳазору 515 нафарро ташкил медиҳад. Харобаҳои то имрӯз боқимонда, ки таърихи беш аз 3 ҳазорсола доранд, бозгӯйи онанд, ки ин мавзеъ замоне шаҳри калони мирнишин будааст.
Имрӯз чунин ободкориҳое, ки мебинем, аз баракати соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст. Мо – бошандагони деҳот, бо сипосгузорӣ аз ин неъматҳои бебаҳо баҳри ободии диёри худ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат тамоми саъю талошамонро равона месозем. Дер нест, ки рӯзе шаҳраки навбунёди Дарбанди куҳан шуҳрати пештараашро ба даст орад, – гуфт раиси Ҷамоат.
Бино ба иттилои мавсуф, шуғли асосии сокинони деҳот боғдорию кишоварзӣ ва чорводорию занбӯриасалпарварӣ мебошад. Дар ҳудуди деҳот 4 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва 417 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Кишоварзон баҳри таъмини амнияти озуқавории мардум корҳои назаррас анҷом медиҳанд.
Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 63 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 60-тои он ба иҷро расидааст.
Бо сабаби кӯчондани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” ба деҳоти Хумдон шумораи аҳолӣ меафзояд. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва полизӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, соли гузашта дар деҳаҳои Сари Қош, Шаҳрисабз ва Холибег бо ҷалби соҳибкорон чоҳҳои амудӣ канда ба истифода дода шуданд. Имсол дар деҳаи Туғчӣ чунин иқдом амалӣ гардид, ки 137 хоҷагиро бо оби ошомиданӣ таъмин намуд.
Дар ҳудуди деҳот 10 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, волидон бо маъмурияти онҳо ҳамкории зич доранд. Натиҷаи ҳамин аст, ки сол ба сол шумораи дохилшавандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишвар меафзояд. Ҷавонони ватандӯсти деҳот низ ҳамасола ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардида, пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро мекунанд.
– Ҳамин тариқ, дастовардҳо дар деҳоти Хумдон хеле зиёданд. Мардум талош мекунанд, ки ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути меҳнати софдилонаю содиқона посухи сазовор гардонанд, – гуфт дар хотимаи суҳбат Муҳаммад Шоҳиён.


Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.07.2026 №: 127