ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Агар миллат намебуд, маншаи давлат намегардид,
Агар ваҳдат намебуд, халқи мо миллат намегардид.
Ба фазли Пешво моро ато шуд ваҳдати миллӣ,
Агар Сарвар намебуд, ин Ватан ҷаннат намегардид.
Бишуд ваҳдат суъуде сарнавишти миллати моро,
Агар ҳиммат намебуд, умр пурҳикмат намегардид.
Барои сулҳи Меҳан Пешво ҷон дар хатар бигзошт,
Намешуд неъмати ваҳдат, чу боҷуръат намегардид.
Фузуда лутфу эҳсон байни мардум дар ҳама кишвар,
Намебуд шираханди тифл, дил роҳат намегардид.
Фузун шуд маърифат, илму ҳунарҳо нав ба нав эҳё,
Намебуд ганҷи фарҳанг армуғон санъат намегардид.
Намуна гашт созиш, ҳам ризоят Созмонро шуд,
Агар ибрат намебуд, ин амал мусбат намегардид.
Ниҳонӣ гашт шоҳид худ ба сулҳу ваҳдат аз оғоз,
Агар заҳмат намебуд, ин самар қисмат намегардид.
