АМОНУЛЛО САЛИМЗОДА: “ДАР КИШОВАРЗӢ ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШЕМ”

02 июл 2026, Панҷшанбе
6


Раванди афзоиши аҳолии ҷаҳон таъмини пурраи амнияти озуқавориро дар бисёр кишварҳо торафт душвортар мегардонад. Ин вазъият аз мо низ талаб мекунад, ки барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳар як ваҷаб замини корамро оқилона, самаранок ва эҳтиёткорона истифода барем. Дар ин маврид омилҳо ва роҳҳои оқилона ба кор бурдани заминҳои корамро донистан ба манфиати ҳар кишоварз аст. Шарҳи бештари мавзуъ аз суҳбати хабарнигори рӯзнома бо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода манзур мегардад:
– Мувофиқ ба таъиноти замин, ки он барои парвариши кадом намуди зироат мутобиқ аст, анҷом додани кишт, яке аз роҳҳои асосии кори босамари заминдорӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, ҳангоми кишт имкониятҳои иҷтимоию экологиро ба инобат бояд гирифт. Ин идоракунии оқилонаи замин аст. Яъне, ҳар замину ҳар иқлим зироати худро дорад. Дуюм, ба даст овардани фоидаи софи иқтисодӣ шарт аст. Сеюм, амнияти экологии замин ё вайрон накардани экосистемаи он ба ҳисоб меравад. Замин барои як сол нест. Аз ин рӯ, истифодаи безарари он шарти муҳим барои тамоми ҳаёт ба ҳисоб меравад.
Дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул ва барои амал ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардад, аз ҷониби олимону мутахассисон, коршиносони соҳаи кишоварзӣ ва масъулон таҳия мешавад. Ин дурнамо дар асоси сохтори майдонҳои мавҷудаи кишт, минтақаҳо, махсусияти парвариши зироатҳо, имкониятҳо, аз ҷумла мавҷуд будани оби полизӣ, муқаррар карда мешавад. Ба кишти зироатҳое, ки дар таъмини амнияти ғизоӣ нақши муҳим доранд, афзалият медиҳанд. Дар таҳияи дурнамои кишт нишондиҳандаҳои асосии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти ғизоӣ ба назар гирифта мешавад. Инро мо бояд ҳатман ба инобат гирем. Агар дар бозор камчинии ягон маҳсулот ба вуҷуд ояд, ин боиси нигаронии сокинон мегардад. Пас, шаҳрвандоне, ки дар ихтиёрашон замини кишт доранд, дар иҷрои дурнамои кишт бетафовут набояд бошанд.
24-уми апрели соли равон дар ноҳияи Данғара зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон истифодаи технологияи нави соҳаи кишоварзӣ ва тухмиҳои хушсифат барои аз миқдори ками замин ба даст овардани ҳосили баланд таъкид шуд, ки ин нукта барои ҳавасмандии деҳқонон ва иҷрои бехалали дурнамои кишт нақши бориз мебозад. Зеро дар ҳолати истифодаи технологияи нави парвариши зироатҳо хоҷагии деҳқонӣ нақшаи худро дар назди дурнамои сохтори кишт бе мушкилӣ иҷро мекунад ва фоидаи зиёд низ мебинад. Масалан, ҳангоми кишти пахта бо технологияи анъанавӣ дар як гектар тақрибан 80 000 -110 000 ниҳол шинонда мешавад ва маъмулан 25-30 сентнер ҳосил ба даст меояд. Ҳоло бо технологияи нав кишти зери плёнка ва бо обёрии қатрагӣ дар як ҷӯяк ду қатор ниҳол шинонда мешвад, ки дар маҷмуъ, дар як гектар 220-240 ҳазор ниҳолро ташкил медиҳад, ки ҳосил ҳам қариб як баробари дигар – то 60-70 сентнер аз як гектар меафзояд. Яъне, барои бо харҷи кам рӯёндани ҳосили баланд моро зарур аст, ки ҳамқадами замон бошему аз технологияи муосири парвариш истифода барем. Бинобар ин, бо ибтикори Ҳукумати мамлакат ҳамасола дар ҳама минтақаҳои кишвар аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа хонишҳои соҳавӣ гузаронда мешаванд, ки дар ин вохӯриҳо ба кор бурдани технологияи муосири соҳа аз мавзуъҳои асосӣ мебошад. Кишоварзон ҳадди ақал дар ин омӯзишҳо бояд иштироки фаъол дошта бошанд, то аз усулҳои нав самаранок истифода бурда тавонанд.
Имрӯз мушкил дар набудани имкониятҳои техникӣ ё нуриҳо набуда, дар як қолаби куҳна мондани кишоварзон аст. Барои ба таври васеъ ҷорӣ кардани усулҳои муосири кишту парвариши зироатҳо бо роҳи омӯзишу тарғиб ва ҳамкориҳои олимон бо хоҷагидорон қолабҳои пештараро шикастан лозим аст. Тарзи пештараи кишт ё нигоҳубини зироатҳо ба андозае, ки хароҷот сурат мегирад, барои ҳосили дилхоҳ гирифтан имкон намедиҳад. Хушбахтона, имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 100 ҳазор гетар кишти зери плёнка гузаронда шуд.
Дар кишвар наздик ба 199 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Яъне, замин ба истеҳсолкунандагон расидааст. Ин ҷо мушкил дар мутахассис набудани заминдор аст. Масалан, дар аҳди шуравӣ хоҷагиҳо мутахассисон оид ба ҳимояи рустаниҳо, техникаҳои кишоварзӣ, хокшинос, обёрӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра доштанд. Вале имрӯз хоҷагиҳои деҳқонӣ аз маслиҳатҳои чунин мутахассисон бархӯрдор нестанд. Чанде пеш бо сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун қарор доштем, ки он ҷо масъалаи пешгирии як касалиро дар бехпиёз месанҷидем. Зимни суҳбат бо хоҷагидорон мушоҳида намудем, ки аксари ҳамсуҳбатони мо одамони куҳансоланд. Дар гумон аст, ки ин куҳансолон донишу малакаҳои нави соҳаро ба осонӣ аз худ кардаву дар истеҳсолот онро ҷорӣ кунанд. Аз ин рӯ, яке аз кӯшишҳои мо низ ҷалби ҷавонон ба омӯзиши таҷрибаҳои нав дар истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.
Баъзан шикоят мешавад, ки дар бархе шаҳру ноҳияҳо майдонҳои кишт зиёд карда мешаванд, аммо масъалаи норасоии об ҳалношуда боқӣ мемонад. Дар ин ҳолат нашъунамои зироатҳо осеб дида, дараҷаи ҳосилнокӣ низ коҳиш меёбад. Моро зарур аст, ки аввал ҳаҷми обёрӣ ва баъд масоҳати заминҳои киштро бештар созем. Ба назари ман, сабаби асосии мушкилоти обрасонӣ на камии об, балки идораи нодурусти он мебошад.
Тоҷикистон дорои обҳои зиёди дарёву кулҳо, обҳои зеризаминӣ ва ғайра мебошад. Яъне, имконияти афзун гардондани ҳаҷми обёрӣ барои кишоварзӣ хеле зиёд аст. Ҳоло бо сабаби нобаробар ҷойгир шудани манбаъҳои обӣ ё ноҳамворӣ қисми ками захираҳои обӣ истифода мешавад. Мушкил дар идораи нодуруст ва обмонии бемеъёр аст. Дар кишвар хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд мебошад. Чанд хоҷагӣ мехоҳад якбора дар як вақт оби мавҷудаи шабакаи обёриро истифода барад, ки ин ҳолат сабаби сарборию норасоӣ мегардад. Айни ҳол бо амалӣ гардидани лоиҳаву барномаҳои обёрӣ дастрасӣ ба оби дарёву кулҳо беҳтар гардида истодааст. Умедворам, дар ояндаи наздик ба марҳалае мерасем, ки танқисӣ ба оби полизӣ то 90 дарсад аз байн меравад. Зеро ҳар хароҷоте, ки дар обёрӣ сурат мегирад, дар кӯтоҳмуддат пӯшонда мешавад.
Обёрии қатрагӣ яке аз василаҳои баромадан аз мушкилоти норасоии об маънидод мешвад.
Таҷрибаи обёрии қатрагӣ нишон дод, ки кишоварзон бо ин усул аз майдони ками замин ҳосили дучанд зиёд ба даст меоранд. Зеро бо ин роҳ обу нуриҳо сарфа шуда бо меъёри даркорӣ истифода мегарданд. Аллакай, хоҷагиҳо манфиятнокии обёрии қатрагиро мушоҳида намуда, дар парвариши пахтаю полизиҳо, картошкаю сабзавот ва боғот ба ин усул гузашта истодаанд. Фақат моро зарур аст, ки ба ин кор бештар мусоидат кунему монеаҳои мавҷударо аз байн барем.


Мусоҳиб Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, ”Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.07.2026 №: 128