КИШОВАРЗӢ. ҲАР ЧИ КОШТӢ ҲАМОН МЕДАРАВӢ!
Соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори деҳот ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо сиёсати хирадмандона, дастуру супоришҳои пайгирона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ ба марҳалаи нави рушд ворид гардид. Дар ин давра муносибат ба замин, об, тухмӣ, навъ, маҳсулнокӣ ва маданияти истеҳсолӣ моҳияти нави стратегӣ касб кард.
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти истифодаи оқилонаи замин ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бевосита бо масъалаи интихоби дурусти навъ алоқаманданд, зеро замин танҳо дар ҳолате самаранок истифода мешавад, ки дар он навъҳои ба шароити маҳал мутобиқ, серҳосил, устувор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар кишт карда шаванд. Агар навъ ба иқлим, хок, режими обёрӣ ва шароити агротехникии минтақа мувофиқ набошад, ҳатто истифодаи нуриҳо, обёрӣ ва дигар тадбирҳои агротехникӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аз ин рӯ, навъсанҷӣ воситаи илмии муайян намудани мувофиқати навъ ба муҳити истеҳсолӣ мебошад.
Дар шароити тағйирёбии иқлим аҳамияти навъсанҷӣ боз ҳам меафзояд. Солҳои охир таъсири хушксолӣ, камобӣ, гармии баланд, тағйирёбии муҳлати боришот, афзоиши касалиҳо ва зараррасонҳо ба истеҳсолоти кишоварзӣ бештар эҳсос мегардад.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки дар чунин вазъ зарур аст, кишоварзӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонда шуда, навъҳои ба хушксолӣ, гармӣ, касалиҳо ва дигар омилҳои номусоиди табиӣ тобовар васеъ ҷорӣ карда шаванд. Ин масъала ба фаъолияти муассисаҳои навъсанҷӣ дахл дошта, масъулияти онҳоро дар назди давлат ва истеҳсолот баланд мегардонад.
Бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, фаъолияти навъсанҷии давлатӣ бояд ба талаботи муосир мутобиқ карда шавад. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки методикаи ягонаи илмии навъсанҷӣ дар ҳамаи стансияҳо ва қитъаҳои таҷрибавӣ пурра риоя гардад. Ин методика бояд интихоби дурусти қитъа, такрорнокии таҷриба, истифодаи навъи стандартӣ, баҳисобгирии дақиқи нишондиҳандаҳои биологӣ ва истеҳсолӣ, таҳлили оморӣ, арзёбии фитопатологӣ ва хулосаи иқтисодиро дар бар гирад.
Ҳамзамон, рақамикунонии маълумоти навъсанҷӣ, ташкили базаи ягонаи электронӣ, истифодаи харитаҳои агроиқлимӣ, технологияҳои GIS, аксбардории саҳроӣ ва мониторинги рақамии ҳолати кишт аз талаботи замони муосир мебошад. Бо истифодаи чунин воситаҳо натиҷаҳои навъсанҷӣ дақиқ, шаффоф, муқоисашаванда ва барои қабули қарорҳои идоракунӣ мувофиқ мегарданд.
Тавсияи дигари муҳим аз он иборат аст, ки робитаи илм, навъсанҷӣ, тухмипарварӣ ва истеҳсолот тақвият дода шавад.
Натиҷаҳои навъсанҷӣ набояд танҳо дар ҳисобот боқӣ монанд. Онҳо бояд ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиатсияҳои тухмипарварӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии кишоварзӣ ва муассисаҳои илмӣ дастрас гарданд.
Бо мақсади иҷрои самараноки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, зарур аст, ки базаи моддӣ-техникии стансияҳои давлатии навъсанҷӣ мустаҳкам карда шавад. Стансияҳо бояд бо техникаи саҳроӣ, таҷҳизоти лабораторӣ, воситаҳои ченкунии намӣ, ҳарорат, сифати тухмӣ, ташхиси касалиҳо ва таҷҳизоти рақамӣ таъмин гарданд. Ҳамчунин, омода намудани кадрҳои ҷавон, ҷалби мутахассисони соҳаи селексия, агрономия, фитопатология, омор ва технологияҳои рақамӣ яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.
Шамсиддин СОЛИЕВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ, сардори Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и
Вазорати кишоварзӣ
