ЛОЛА ВА СИЁВУШ РАМЗИ МУҚАДДАСИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКӢ

06 июл 2026, Душанбе
3


Дар фарҳанг ва ҷаҳонбинии ориёиёни қадим табиат муқаддас буд ва дар баробари чаҳор унсур: оташ, об, замин, бод инсоният ба гиёҳу гулҳо низ ҳамчун неъматҳои Офаридгор эҳтиром мегузоштанд. Гулҳо чун рамзи покӣ, нуру рӯшноӣ, некиву зебоӣ дар чорабиниҳо ва ҷашнҳо, бавижа дар Ҷашни Наврӯз, мақоми хосса доштанд.


Ҳикмати фалсафии гул маънои зиёд дорад, аз ҷумла зебоӣ – арзишҳои асосии ҳастӣ, нопойдорӣ – чун умри гул зиндагӣ кӯтоҳ аст ва инсон бояд ба қадри зиндагии гузарон бирасад ва ҳар лаҳзаи онро бояд қадр кунад. Фалсафаи камоли гул, аз дона ё пиёзак то гули шукуфон расидан, рамзи такомули инсон асту дар маънии ирфонияш он рамзи ҷамоли Офаридгор, ишқи ҳақиқӣ ва таҷаллии зебогии Худованд дар рӯйи Замин аст.
Тоҷикон аз қадим гулдӯстдору зебоипарастанд ва дар бораи гулҳои лолаву бунафша, наргису сиёҳгӯш, садбаргу настаран, бойчечак, ёсуман, нилуфар ва даҳҳо намуди дигар суруд, афсона, қиссаву ривоятҳо доранду ба муносибаташон ҷашнҳо барпо мекарданд. Маросимҳои машҳури «Гулгардонӣ», «Сайри лола» дар Ҷашни Наврӯз аз он шаҳодат медиҳанд, ки гул барои рӯзгори тоҷикон ҳамчун рамзи баҳору умед, зебоӣ ва зиндагии нав пазируфта шудааст.
Яке аз навъҳои гул дар фарҳанги халқи тоҷик аз қадим маъмулу соҳибэҳтиром гули сиёвуш (дар баъзе минтақаҳо бо номи сиёҳгӯш ва бойчечак низ маълум аст) мебошад. Он дар фарҳанги тоҷикон рамзи зебоӣ, таровати баҳор ва эҳёи табиат ба шумор меравад. Гули сиёвуш дар фарҳанги мардумӣ ва боварҳои маҳаллӣ ҷойгоҳи хосса дорад ва онро аз аввалин паёмрасонҳои фасли баҳор, оғози киштукор ва зиндашавии табиат медонанд.
Дар баробари гули сиёвуш гузаштагонамон ба гули лола, ки яке аз рамзҳои қадимтарин ва машҳуртарини зебоию нафосат дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад, то ба ҳол эҳтиром доранд. Лола бо рангҳои сурх, зард, сафед, гулобӣ, бунафш ва рангоранг дар мавсими гулкунӣ (март – май) зинатбахши дашту даман мегардад. Паҳноии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарзамини тоҷикон, яке аз марказҳои асосии паҳншавии лола дар дунё ба ҳисоб меравад. Дар кӯҳҳо ва даштҳои Тоҷикистон даҳҳо намуди лола мерӯяд. Олимон бар он назаранд, ки баъзе аз навъҳои лола аз ҳамин минтақа ба дигар кишварҳо паҳн шудаанд. Ҳанӯз аз замони қадим шукуфтани лоларо дар фасли баҳор мардум нишонаи бедории табиат, оғози зиндагии нав, тараддуди деҳқони донапош ва фарорасии Ҷашни Наврӯз маънидод мекарданд. Дар он давра мардум барои тамошои лолазор ба сайругашт мебаромаданд ва ин анъана то кунун дар баъзе аз минтақаҳо нигоҳ дошта шудааст.
Аз қадим то ба ҳол лола дар зиндагӣ, адабиёт, санъат ва расму оинҳои тоҷикон ҷойгоҳи арзишманд дошта, яке аз нишонаҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Аҳли қалам, бахусус адибони тоҷик, дар осорашон лоларо ҳамчун рамзи зебоӣ, ҷавонӣ, муҳаббат, покӣ васф кардаанд. Сар аз хок баровардани лоларо рамзи эҳёи табиат, навшавӣ ва пирӯзии зиндагӣ бар марг меҳисобиданд.
Ҳунармандону наққошон нақши лоларо дар гулдӯзӣ, чакан, кандакорӣ, наққошӣ, заргарӣ ва ғайра фаровон истифода мебаранд. Дар намунаҳои бисёри чакани тоҷикӣ нақши лола яке аз унсурҳои асосии ороишӣ мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки дар замони истиқлол ҳамчун арҷгузорӣ ба анъана ва суннатҳои миллии аҷдодонамон ибтидо аз 13-уми декабри соли 2018 дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҷашни «Сайри гули лола» бо баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ ва ҷашни умумимиллӣ роҳандозӣ мегардад. Ҳадафҳои асосӣ аз ин ташаббус ободу зебо гардондани шаҳру деҳот, рушди фарҳанги гулпарварӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологӣ ва муҳимтар аз ҳама, эҳёи анъанаҳои қадимаи тоҷикон мебошад.
Мурод аз ин нигоштаҳо он аст, ки мо бояд устуворона ибтикороти хирадсолоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, онҳоро татбиқ намоем. Нагузорем, ки фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаҳо бунёдгузоштаи аҷдодонро бегонагон аз худ кунанд, зеро миллат бо гиромидошти таъриху фарҳангаш зиндаву побарҷо мемонад.
Ғазалшоҳ САФАРЗОДА,
номзади илмҳои таърих,
мушовири ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Санаи нашр: 06.07.2026 №: 130