САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

09 июл 2026, Панҷшанбе
6


Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сурма
7-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Нахуст, Корхонаи металлургии сурма дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» мавриди истифода қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти истеҳсолӣ, барои истифодаи самараноки захираҳои маъдании кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор шароит фароҳам меояд.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» бо мақсади азхудкунӣ ва коркарди кони тиллову сурмаи Канчоч таъсис ёфта, бо истифода аз технологияҳои муосир ва низомҳои рақамии идоракунии истеҳсолот фаъолият менамояд. Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздики 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад ва он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.
Дар натиҷаи тадриҷан афзоиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳаҷми истеҳсоли корхона мунтазам боло рафта, барои соли 2026 он ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ дар назар аст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа технологияҳои пешрафтаи истеҳсолӣ ҷорӣ гардида, дар фаъолияти корхона ба риояи талаботи экологӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини бехатарии истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор амалӣ мегардад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, иттилоъ доданд, ки баробари ба истифода додани корхона 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони корхона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи онҳоро ба масоили экологӣ махсус ҷалб намуда, таъкид карданд, ки ба табиати зебои муҳит муносибати эҳтиёткорона ва ғамхорона дошта бошанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона то моҳи августи соли 2027 ба кор дароварда мешавад. Сарвари давлат, ҳамчунин дастур доданд, ки масофаи 32 км аз шоҳроҳ то корхонаи сурмаи «Талко Голд» ва мавзеи сайёҳии Искандаркӯл то моҳи сентябри соли 2027 пурра мумфарш гардад.


Ифтитоҳи 10 иншооти таъиноти гуногун
7-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд сохта шудаанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои муассисаи таълимиро дар деҳаи Фатмеви деҳоти Рарз мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст шароити мусоиди таҳсил фароҳам омада, сатҳу сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар гардид. Бинои нави муассиса дорои синфхонаҳои таълимӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Иншооти дуюм, бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи томактабии рақами 12 дар деҳаи Такфони деҳоти Анзоб ба шумор меравад. Зимни муаррифии иншооти тозабунёд гуфта шуд, ки муассисаи мазкур 7 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва иншооти ёрирасон дорад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани кӯдакистон, 120 хурдсоли деҳаи Такфон ба таълиму тарбия ҷалб гардида, 8 мутахассис бо кори доимӣ таъмин мешавад.
Иншооти навбатӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии «Фурӯғи фардо» барои 120 кӯдак аст. Дар он 8 ҳуҷраи таълиму тарбия ҷойгиранд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи томактабӣ бо саҳми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар ба анҷом расиданд. Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулшан» барои 80 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Бинои Муассиса аз 7 ҳуҷраи асосӣ, ошхона, ҳуҷраи ҳамшираи тиббӣ, 2 ҳуҷраи санитарию беҳдоштӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат мебошанд. Муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Меҳрон Давронзода бунёд гашт.
Иншооти дигари ба таври фосилавӣ ифтитоҳшуда беморхонаи минтақавӣ мебошад, ки дорои 18 ҳуҷраи корию муолиҷавӣ ва 20 кати табобатӣ аст. Бо бунёди он оянда сокинони деҳаи Такфон ба дигар ҷо ба табобат намераванд. Дар иншооти нави тандурустӣ 20 мутахассиси соҳибмаълумот ва ҷавони ноҳия соҳиби ҷойи кор шуданд.
Дар ҳамин ҷо Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и ба номи Қаландар Солеҳови шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 2 синфхонаи фаннӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ, иборат мебошад.
Иншооти дигар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4-и шаҳраки Зарафшон аст. Бо бунёди бинои нави иловагӣ, дар маҷмуъ, 120 хурдсол дар 8 гурӯҳ барои таҳсил дар мактаб омода мешаванд. Бо мавриди истифода қарор додани кӯдакистон, 20 мураббия ва 5 корманди техникӣ бо кори доимӣ таъмин гашт. Дар рафти сохтмони иншооти мазкур 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин буд.
Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ба таври фосилавӣ дар шаҳраки Зарафшон толори варзиш, майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи шоҳ Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур бо мақсади таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баҳри истиқболи сазовор аз Ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид.
Дар баробари мавриди истифода қарор гирифтани 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 700 хонанда, насли наврас дар иншооти ба тозагӣ биноёфта дониши хешро сайқал медиҳанд. Дар муассисаҳои томактабии нави дар шаҳраки Зарафшон, деҳаҳои Такфон, Лоҳутӣ ва Урметан 700 хурдсол ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Муаррифии лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмӣ
7-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, хатти оби полизиро барои обёрии 20 гектар замини картошка ифтитоҳ карда, бо лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуданд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хатти оби полизӣ аз масофаи 500 метр бо лӯлаҳои полиэтиленӣ оварда шуда, дар ин қитъа зиёда аз 200 гектар замини картошка обёрӣ мешавад. Дар ин мавзеъ тухмии навъҳои аълосифати картошка, аз ҷумла «Сомон», «Азизӣ», «Шукрона», «Каримӣ», «Овчӣ» ва «Ғончӣ» кишт шудааст, ки ҳосилнокии онҳо аз ҳар гектар аз 500 то 700 сентнерро ташкил хоҳад дод.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ дастуру тавсияҳо доданд. Дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Шаҳристон 12 навъи картошка кишт шудааст, ки ҳоло ҳосилнокӣ ва нашъунамои онҳо хеле хуб аст.
Лоиҳаи азхудкунии заминҳои нав барои кишти картошка дар ҳудуди чор деҳа: Ваҳдат, Мавзеи Овчӣ, Себзор ва Ободии ду деҳот – Шаҳристон ва Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон сурат гирифта, заминҳои мазкур тавассути 25 чоҳи амудӣ обёрӣ мешавад.
Бино ба иттилои масъулон, кишоварзони ноҳия азм доранд, ҷамъоварии картошкаро ба 100 ҳазор тонна расонанд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд.
Лоиҳаи обёрии заминҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар се деҳа: Оббурдон, Ҳадишаҳр ва Падаск амалӣ гардид, ки тибқи дурнамо ҳоло 822 гектар майдони кишти картошка пурра обёрӣ мешавад. Асосан, обёрии ин заминҳо аз дарёи Зарафшон таъмин хоҳад шуд.
Дар ҳамин мавзеъ Роҳбари давлат, ҳамчунин, аз намоишгоҳи дастранҷи кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ беш аз 30 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, карам, помидору бодиринг, тарбуз ва харбуза, зардолу, шафтолу, ғалладонагиҳо, асал ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу дизайни зебо пешкаш гардид. Ҳамзамон, гиёҳҳои шифобахш, маҳсулоти ширӣ, анвои нонӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ пешниҳод шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз боздид аз намоишгоҳ, бо масъулон суҳбат ороста, онҳоро барои афзоиши истеҳсолот, содирот, зиёд кардани майдонҳои кишт аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тарзу тозаи ватанӣ ҳидоят карданд.


Кушодашавии 7 иншоот
7-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо тариқи фосилавӣ 7 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Оби Баҳор», воқеъ дар мавзеи Хуррамдара, расман оғоз бахшиданд. Тибқи иттилои масъулон, дар иншооти мазкур 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарварии ҶДММ «Технологияи сохтмон»-ро ифтитоҳ намуданд. Иттилоъ доданд, ки ин ҳавз дар деҳаи Чилҳуҷраи ноҳия ҷойгир буда, барои парвариши 5 ҳазор гулмоҳӣ пешбинӣ мешавад. Дар ин иншоот беш аз 10 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти парваришгоҳи дарахтони нодир дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон низ оғоз бахшиданд. Ин парваришгоҳ дар доираи татбиқи Барномаи миллии кишвари сабзи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027 ва Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 7500 дарахти нодиру ороишӣ ва сояафкан бо усулҳои муосир парвариш меёбад. Ҳамзамон, дар ин ҷо 2 иншооти соҳаи маориф: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 бо 240 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи Чилҳуҷра ва Муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаҳои Истиқлол» барои 240 кӯдак дар деҳаи Шаҳристон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ҳар ду иншооти тозабунёди соҳаи маориф беш аз 80 нафар, аз ҷумла омӯзгорону парасторон, ба фаъолият оғоз намуд.
2 иншооти дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд, марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Ваҳдат ва Саробӣ мебошанд. Дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ беш аз 20 корманди тиб ба мардум хизмат хоҳанд расонд.


Муаррифии лоиҳаи бунёди комплекси сайёҳии
«Шаҳристон-эко резорт»
7-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон, ҳамчунин, бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии «Шаҳристон-эко резорт» шинос шуданд.
Сохтмони иншооти сайёҳӣ аз чор марҳала иборат буда, то Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон идома меёбад. Масоҳати комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад. Дар доираи лоиҳа, ояндаи наздик дар ин мавзеъ меҳмонхонаи зебо барои қабули 1000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ дар як вақт сохта шуда, 100 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти гуногунтаъинотро дар деҳаҳои ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои муҳим дар самти рушди деҳот арзёбӣ намуда, роҳбарият ва сокинони ноҳияро ба саҳмгузории бештар дар ободонии Ватан ҳидоят карданд. Ҳамчунин, ҷиҳати рушди устувори сайёҳӣ дар шароити кӯҳӣ, бунёди шакли нави осоишгоҳҳо барои сайёҳон ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба Тоҷикистон ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Ифтитоҳи бинои беморхонаи марказии №6
7-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои беморхона дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд ёфта, туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони ноҳияи Деваштич арзёбӣ гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои беморхонаи нав дорои 4 шуъба ва 40 кати хоб буда, дар ҳуҷраҳои корӣ ва табобатӣ шароити муосири корӣ барои табибону кормандони тиб ва табобату ташхис бо таъмини дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ фароҳам оварда шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ, 30 табиби соҳибтахассус бо ҷойи кор таъмин гашт.
Бунёди муассисаи нави соҳаи тандурустӣ бо назардошти афзоиши аҳолӣ имконият фароҳам меорад, ки дар он 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳраманд гарданд.
Муассисаи наву замонавӣ бо таҷҳизоти муосири соҳа, аз ҷумла дастгоҳҳои сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳҳои безараргардонӣ, ҳуҷраи хатна ва маҷмуи асбобҳои ҷарроҳӣ, таъмин буда, аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харид шудааст.
Тавре зикр гардид, бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани чунин муассисаҳои нави тиббӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбари давлат буда, ба хотири татбиқ намудани механизмҳои ташхису табобат ва солимгардонии аҳолӣ анҷом дода мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо иншооти нав, бо кормандони беморхона суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хизматрасонии хушсифат ба мардум ҳидоят намуданд.
Зимнан, таъкид гардид, ки ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, такмили сатҳи тахассуси кормандон, ҷорисозии усулҳои нави ташхису табобат бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва муоширати хубу эҳсоси масъулият дар фаъолияти корӣ бисёр муҳим мебошад.


Ифтитоҳи 12 иншоот
7-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъинотро, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтаанд, ифтитоҳ намуданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти нави технологӣ дар корхонаи «Ҳаҷмис», иқтидори солонаи он аз 5 миллион дона хишт ба 10 миллион дона расид. Аз ин ҳисоб, айни ҳол шумораи коргарон 90 касро ташкил медиҳад.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии деҳаи Далёни Болои деҳоти Далёни Боло, ки бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, ба таври фосилавӣ аз тарафи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дар он 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Дар коргоҳи истеҳсолӣ, асосан, дӯхтани либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида, дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона ва варзиширо низ омода месозанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ду иншооти соҳаи саноатро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ду муассисаи таҳсилоти томактабии хуштарҳу замонавиро дар деҳаи Далёни Боло бо фарогирии то 300 кӯдак ва 50 ҷойи кори нав, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 80 кӯдак бо 10 ҷойи кор дар деҳаи Чӯянчии деҳоти Ваҳдат ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 40 кӯдакро бо 8 ҷойи кор дар деҳаи Дархони деҳоти Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки кӯдаконро бо таълими босифат фаро гирифта, барои ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ва аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷо кардани эҳтирому садоқат ба Ватан тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 барои 640 хонанда дар як баст бо 60 ҷойи кор дар деҳаи Далёни Поён, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои 480 хонанда дар ду баст бо 40 ҷойи кор дар деҳаи Сурхоби деҳоти Исмоили Сомонӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 барои 350 нафар хонанда дар ду бастро бо 40 ҷойи кор дар деҳаи Панҷбоғ ифтитоҳ карданд.
Бунёди се муассисаи нави таълимӣ дар деҳот дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Марказии саломатии №7-и деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич, ки баъд аз тармим ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Роҳбари давлат дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот дарак медиҳад. Бинои замонавӣ бо шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат менамояд.
Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардидани бинои нави хонаи фарҳанг дар деҳаи Хӯҷаҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истеъдодҳои маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард. Иншооти фарҳангӣ бо мақсади рушди фаъолияти ҳунарӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон пешбинӣ гардида, дорои толори консертию маҷлисӣ, китобхонаи замонавӣ ва дигар бахшҳои зарурӣ мебошад. Ифтитоҳи як қатор ишооти соҳаҳои саноату маориф, тандурусӣ ва фарҳанг аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои кори нав, боз ҳам беҳтаршавии раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳот ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ нигаронда шудааст.


Ифтитоҳи хатти нави оби полизӣ
7-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар деҳаи Далёни Боло хатти нави оби полизиро, ки дарозии он 12 километрро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби полизӣ, майдони кишти картошка ба 800 гектар расида, барои беш аз 200 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда заминаи устувор фароҳам мегардад. Ин тадбири муҳим бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гашт.
Хатти оби полизӣ аз мавзеи Шаршара, ки он аз пиряхҳои кӯҳҳои сарбафалаккашида ва чашмаҳои мусаффои кӯҳистон сарчашма мегирад, тавассути лӯлаҳои қутрашон 400-миллиметра ба масофаи муқарраргардида интиқол ёфта, бо бунёди ҳавзи махсуси обнигоҳдорӣ низоми муосири захира, танзим ва таъмини мунтазами об ба роҳ монда шуд. Он ба фаъолияти устувору боэътимоди шабакаи обтаъминкунӣ ва обёрӣ мусоидат намуда, ҳамчун заминаи муҳим барои беҳтаршавии сатҳи хизматрасонӣ ва бароварда кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби босифат хизмат мекунад.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави оби полизӣ, беш аз 2000 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин хоҳад шуд. Ҳамзамон, истифодаи иқтидори заминҳои обёришаванда барои афзоиши истеҳсоли картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Пас аз ифтитоҳи хатти оби полизӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони васеи кишти картошка дидан намуданд.
Таъкид шуд, ки ноҳияи Деваштич яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ҳамасола дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти муҳими озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад. Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 9 ҳазору 200 гектар картошка кишт шуда, нақша беш аз 100 дарсад иҷро гардид. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори соҳа ва истифодаи самараноки иқтидори заминҳои кишоварзӣ дарак медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки майдони кишти картошка дар ноҳияи Деваштич ба 10 ҳазор гектар расонда шавад, то ки ҳазорҳо ҷойи нави кор муҳайё гардида, имкони содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар низ ҳосил шавад.
Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, техника ва мошинолоти соҳавӣ, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Деваштич боздид намуда, ба фаъолияти кишоварзон ва имкониятҳои мавҷудаи рушди соҳа баҳои баланд доданд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, маҳсули меҳнати худро пешниҳод намуданд.
Масъулон иттилоъ доданд, ки истеҳсоли ғалладонаҳо ба ҳолати 5-уми июли соли равон 15 ҳазору 540 тонна, картошка ба 9 ҳазору 197 тонна расида, истеҳсоли сабзавот, полизиҳо, мева, асал, гӯшту шир ва тухми паранда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида зиёд гардидааст.
Дар намоишгоҳ, ҳамзамон, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ бо завқу маҳорати хоса ороста шуда буд. Намунаҳои маҳсули дастони ҳунармандони соҳибистеъдод ва занону модарони ҳунарофари ноҳияи Деваштич, аз ҷумла таомҳои миллии хоси ноҳия, ин гӯшаро бо рангорангӣ, нафосат ва заҳмати дастони сеҳрофари худ ҷилои тоза бахшида, бозгӯ аз фарҳанги куҳанбунёд, ҳунари воло ва анъанаҳои неки меҳмоннавозии мардуми тоҷик буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо маҳсули заҳмати деҳқонони ризқофари ноҳия, ба масъулон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, тухмиҳои навъҳои серҳосил, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи масъулон ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани майдони кишти картошка ҷалб шуд.


Корхонаи истеҳсоли орд барои макарон
8-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.
Дар ин ҷо, нахуст, Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли орд барои макарон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» расман оғоз бахшиданд.
Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва бо истифода аз сармояи дохилӣ дар масоҳати 2500 метри мураббаъ сохта шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 200 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона бинои осиёб бо таҷҳизоти коркарди гандум, анбори ашёи хом бо ғунҷоиши 600 тонна ва анбори маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.
Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо, асосан, аз гандуми навъи «дурум» омода гардида, барои истеҳсоли макарон, хамираи питса, баъзе навъҳои нон, санбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 46 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуда, музди миёнаи меҳнати онҳо 3000 сомониро ташкил медиҳад. Ин иқдом, дар баробари рушди истеҳсолот, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор низ мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта, истифодаи таҷҳизоти муосир ва саҳми соҳибкорон дар рушди саноати мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, корхона дорои сехи нави механикӣ мебошад, ки барои эҳтиёҷоти худи корхона бунёд ёфтааст. Ин сех барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ мегардад. Дар ин ҷо корҳои таъмири таҷҳизот, омодасозии қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлкунӣ ва дигар корҳои механикӣ анҷом меёбанд.
Масъулон таъкид сохтанд, ки ба истифода додани сехи механикӣ сифати хизматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва афзудани самаранокии фаъолияти корхона мешавад. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд ва маҳсулоти ордӣ, макарон, равғани рустанӣ, маҳсулоти парандапарварӣ, тухми мурғ, хӯроки омехтаи чорво, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти истеҳсолӣ ба маъраз гузошта шуд.
Иттилоъ доданд, ки солҳои охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар, шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ афзуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ пайваста зиёд мегардад. Корхонаҳои ноҳия бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро ба роҳ монда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, барои содироти маҳсулот низ имкониятҳои мусоид фароҳам овардаанд.
Зимни боздид Сарвари давлат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави кор баҳои баланд доданд.
Бо тавсия ва маслиҳатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкор уҳдадорӣ гирифт, ки аз ҳисоби даромадҳои ширкат як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 2500 хонанда дар ду баст бунёд намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, васеъсозии ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дастуру тавсияҳои судманд доданд.


Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти таъиноти гуногун
8-уми июл зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода Инвест», иншооти таъиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ «Суғдроҳсоз» дар деҳоти Ғозиён оғоз бахшиданд. Корхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, ба истеҳсоли асфалт, бетон, регу шағал машғул аст. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 120 тонна асфалт, 120 метри мукааб бетон ва 80 тонна регу шағалро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 50 сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, маҳсулоти корхона барои бунёду таҷдиди роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд истифода хоҳад шуд.
Ҳамзамон, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи фосилавӣ корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ "Шарифов.Н."-ро дар деҳоти ба номи Додобой Холматов мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нави саноатӣ дар як моҳ то 700 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад. Дар марҳалаи аввал 30 нафар соҳиби кори доимӣ гашта, бо зиёд шудани истеҳсолот шумораи онҳо боз ҳам меафзояд. Ба истифода додани корхона имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба масолеҳи сохтмонӣ беҳтар таъмин шавад.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №11 дар деҳоти Унҷӣ иншооти дигарест, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои кӯдакистон барои фарогирии 300 кӯдак пешбинӣ гардида, бо шароити муосири таълиму тарбия, толори варзиш, ҳуҷраҳои омӯзишу истироҳат ва майдончаҳои бозӣ таъмин мебошад.
Зимни муаррифии иншооти мазкур дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати густариши корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.


Ифтитоҳи маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ»
8-уми июл бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ» мавриди истифода қарор гирифт.
Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуллоев бунёд ёфта, барои қабули беморон бо 50 ҳуҷра, 100 ҷойи хоб ва 30 ҷойи кор пешбинӣ шудааст.
Ифтитоҳи иншооти мазкур боз як қадами муҳим дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат зимни боздид аз шароити фароҳамшуда ба сифати корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва имкониятҳои хизматрасонии марказ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат хонданд.
Марказ дорои шуъбаҳои қабул, ҳуҷраҳои хоб, бахши физиотерапия, ҳуҷраҳои асаб, бемориҳои занона, ҳамчунин, дилу рагҳои хунгард мебошад ва дар он мутахассисони касбиву дорои тахассуси баланд фаъолият намуда, хизматрасонӣ тибқи стандартҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Саҳни бинои маркази солимгардонӣ сабзкорӣ гашта, нишастгоҳҳои замонавӣ барои беморон имкони хуби истироҳату фароғатро ба миён овардаанд.
Зимни суҳбат бо масъулон Роҳбари давлат таъкид сохтанд, ки ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, чунин ташаббусҳо ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат мекунанд. Маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ» минбаъд ба сокинони ноҳия ва минтақаҳои атроф хизмат расонда, дар таҳкими тандурустии ҷомеа саҳми назаррас хоҳад гузошт.


Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ
ва дастовардҳои соҳаи аграрӣ
8-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Дар намоиш маҳсули дастранҷи деҳқонону заминдорони ноҳия, аз ҷумла ғалладонагӣ, сабзавоту полизӣ, меваҳои тару тоза, маҳсулоти боғдорӣ, ба маъраз гузошта шуд.
Зимни боздид ба сатҳу сифати маҳсулот, истифодаи самараноки замин, татбиқи технологияҳои муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат заҳмати деҳқононро шоиста хонда, барои боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар амнияти озуқавории кишвар ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.


Ба истифода додани бинои суди вилояти Суғд
8-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии суди вилояти Суғдро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои мақомоти судӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири соҳа сохта шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои маъмурии суди вилояти Суғд, ҳамчунин, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва суди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгиранд. Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои мурофиа ва дигар утоқҳои хизматӣ бо назардошти талаботи муосир ҷиҳозонда шуда, барои фаъолияти босамари судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва қабули шаҳрвандон дорои шароити зарурӣ мебошанд. Таҳхонаи бино дорои ҳуҷраҳои махсус буда, барои нигоҳдории муваққатии гумонбарони ҳолатҳои ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо имкониятҳои бино, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони соҳаро ба таъмини волояти қонун, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳидоят сохтанд.
Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти судӣ бояд бо масъулияти баланд, садоқат ба давлату миллат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолият намуда, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро дар ҷойи аввал гузоранд.


Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ
8-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи бинои маъмурии суди вилояти Суғд, ба таври фосилавӣ фаъолияти чор иншооти муҳими истеҳсоливу хизматрасониро оғоз бахшиданд.
Нахуст, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бо иқтидори нигоҳдории се ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуд. Иншоот барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол пешбинӣ шуда, дар он 25 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт.
Бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо мавриди истифода қарор гирифт. Корхона бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ивазкунандаи воридот равона мегардад.
Дар идома бинои нави шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин иншоот барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурии муосир фароҳам овардаанд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави прокуратураи ноҳия ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти дуошёна бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ёфта, ба боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сатҳи хизматрасонӣ нигаронда шудааст.
Дар натиҷаи мавриди истифода қарор гирифтани чор иншоот, дар маҷмуъ, 100 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди чунин иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ омили муҳими рушди саноат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум буда, дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳамияти махсус дорад.


Ифтитоҳи ҶДММ «Сайри Суғд»
8-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» марҳалаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайри Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Самти фаъолияти Ҷамъият, асосан, ба истеҳсоли мошинҳои хурди барқии боркашонӣ, дучарха ва истеҳсоли 18 намуд бозичаи кӯдакона равона гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳадафи рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот аз ҷониби бародарон Умаровҳо сохта шуд.
Дар корхонаи тозабунёд дар як моҳ бо ҷалби зиёда аз 100 коргари маҳаллӣ 35 намуди маҳсулот, аз ҷумла 250 мошини хурди барқӣ, 15 ҳазор дучарха ва 30 ҳазор бозичаҳои гуногун истеҳсол мешавад, ки 70 фоизи маҳсулоти тайёри корхона ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Биноҳои асосӣ ва коргоҳҳои механикӣ, кафшергарӣ, банду баст ва рангубор, ки дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд ёфт, бо занҷираи ягонаи истеҳсолӣ ва дастгоҳу технологияи насли нав пайваст шуда, он то анҷоми корҳои истеҳсолӣ ба таври автоматӣ ба ҳаракат меояд. Ҷорӣ кардани усули нави техникӣ кори дастиро то 90 фоиз коҳиш дод.
Ёдовар мешавем, ки 19-уми ноябри соли 2024 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи марҳалаи аввали ҶДММ «Сайри Суғд» ба муассиси он тавсия дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ барои қонеъсозии талаботи мардум корхонаи истеҳсоли мошинҳои хурди барқиро бунёд намояд.
Ба ин хотир, соҳибкор Мирзо Умаров дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ технологияи муосирро аз хориҷи кишвар ворид карда, истеҳсоли мошинҳои хурди барқиро бо бренди «Сайр моторс» ба роҳ монд. Мошинҳои хурди барқии истеҳсоли Тоҷикистон метавонад бо як маротиба пур кардани барқ 100 километр масофа ҳаракат кунад. Ин мошинҳо бо борбардории бештар аз 1 тонна ва ду ҷойи нишаст мувофиқи дархости мардум бо сақфи кушода ва пӯшида истеҳсол мешаванд. Ҳоло истеҳсоли қариб тамоми қисмҳои дучарха дар дохили корхона ба роҳ монда шудааст ва танҳо 3 намуди лавозимот аз хориҷи кишвар воридот мегардад, ки ин аз дараҷаи баланди кордонии мутахассисони тоҷик ва истифодаи дурусти технологияи муосир шаҳодат медиҳад. Манфиати дигари истифодаи технологияи нав то 10 маротиба кам кардани кори дастӣ дар ҳамвазнсозии (балансировка) чархҳо мебошад.
Масъулони корхона оянда нақша доранд, ки дар доираи фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти корхонаро афзоянд ва дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, саҳми арзанда гузоранд.
Сарвари давлат иқдоми муассиси корхонаро дар бунёди чунин иншооти саноатӣ, таъмини сокинон бо кори доимӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсоли ватанӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки барои ҷалби сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва бунёди иншооти нав чораҳои иловагӣ андешанд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2008 бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, тули 18 соли фаъолият дар он бо ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ 27 иншооти саноативу хизматрасонӣ ба истифода дода шудааст ва ҳоло дар 25 субъекти дигар корҳои лоиҳакашӣ ва озмоишӣ идома доранд.
Соли 2026 дар Минтақа 5 субъекти нав бо таъсиси 300 ҷойи кори нав ба қайд гирифта шуд, ки самти фаъолияти онҳо, асосан, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ мебошад.

Санаи нашр: 09.07.2026 №: 132-133