35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. 35 ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ПУРИФТИХОРИ БУНЁДКОРӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ

09 июл 2026, Панҷшанбе
14


Чист Истиқлол? Иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан
Дар замири миллати озодагон,
Донаи меҳру садоқат коштан.


Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмати сиёсӣ ва таърихии миллати тоҷик аст. 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид гардид. Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурпечутоб, вале пуршарафи давлатсозӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардумро тай намуд. Имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва рӯ ба тараққӣ шинохта мешавад.


ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДӢ ВА РУШДИ ИНФРАСОХТОР
Имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Дар саросари мамлакат ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла, роҳҳои Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Турсунзода, Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма, Ваҳдат – Лахш, Душанбе – Бохтар, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Озодӣ» ва пулҳои замонавӣ сохта шуданд, ки минтақаҳои кишварро бо ҳам пайваст намуда, имкониятҳои нави иқтисодиро фароҳам оварданд.
Соҳаи энергетика, низ яке аз самтҳои калидии рушд гардид. Сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди зерсохторҳои энергетикӣ имконият дод, ки таъмини аҳолӣ бо неруи барқ тадриҷан беҳтар гардад. Ҳамзамон, рушди саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва масолеҳи сохтмонӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат намуд.


НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати хориҷии дарҳои кушодаро пеш гирифта, бо аксари давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Кишвар узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои глобалӣ, махсусан дар самти обу иқлим, ташаббусҳои муҳим пешниҳод карданд. Имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи захираҳои об, рушди устувор ва масъалаҳои иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мешаванд, ки ин аз болоравии нуфузи байналмилалии мамлакат шаҳодат медиҳад. Дар Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бошад, ташаббуси дигари Сарвари давлати мо – "Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036" аз ҷониби СММ эълон гардид, ки нуфузи давлати моро боз ҳам афзун хоҳад кард.


ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ВА ФАРДО
Таҷрибаи 35 соли истиқлол нишон медиҳад, ки бо вуҷуди мушкилоти ибтидоӣ Тоҷикистон тавонист пояҳои давлатдории худро мустаҳкам намояд, иқтисодиётро рушд диҳад ва сатҳи зиндагии мардумро тадриҷан беҳтар созад. Имрӯз кишвар ба сӯйи рушди саноат, рақамикунонӣ, "иқтисоди сабз", истифодаи технологияҳои нав ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.


Мавлон МИРЗОЕВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 09.07.2026 №: 132-133